Ҳ
Дар пайи сӯхтори мошинҳо дар дидбонгоҳи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода, ки дар марзи Тоҷикисту Ӯзбекистон қарор дорад, 4 мошини як соҳибкори тоҷик зарар дидааст. Ду худрав пурра ба коми оташ рафта, ба дутои дигараш қисман осеб ворид шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Турсунзода ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин оташсӯзӣ ҳудуди соати 7-и субҳи имрӯз, 28-уми июл, сар зада, оташнишонҳо дар ним соат онро хомӯш кардаанд. “ “Бар асоси санҷишҳои пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои дохили…
Ҳ
Ҷасади афсару сарбози тоҷик, ки 4 рӯз пеш дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд, дар наздикии Дидбонгоҳи марзии рақами 5 дар ҳудуди ҷамоати Хутани ноҳияи Фархор пайдо шудааст. Дар ин бора Ҳотамшо Латифзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ёраҳмад Қурбоналиев ва Билол Каримов рӯзи 24-уми июл дар минтақаи Кокули Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2 дар ноҳияи Фархор ва наздик ба марзи Афғонистон дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд. Латифзода гуфт, ки наҷотдиҳандагон пайкари…
Ҳ
Ҷустуҷӯи Ёраҳмад Қурбоналиев ва Билол Каримов, афсару сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки се рӯз пеш дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд, идома дорад. Ин ҳодиса рӯзи 24-уми июл дар минтақаи Кокули Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2 дар ноҳияи Фархор ва наздик ба марзи Афғонистон рух дода буд.Маъруф Девонаев, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар ноҳияи Фархор дар шарҳи ин ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло наҷотдиҳандагони ин ниҳод ғарқшудаҳоро ҷустуҷӯ доранд.Ба гуфтаи манбаъ, афсар…
Ҳ
Ҳукумати Тоҷикистон андозаҳои нави ҷуброни хароҷотро ба сафарҳои хидматӣ барои кормандони ташкилоту идораҳои буҷетӣ тасдиқ кард. Дар санад меъёрҳои пардохти зист, хароҷоти шабонарӯзӣ ва дигар хароҷот дар дохил ва хориҷи кишвар муқаррар шудааст. Тавре ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, қарори ҳукумат №496 “Дар бораи тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хидматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд” 18-уми июли соли 2026 қабул…
Ҳ
Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон дар пайи тафтиши молиявӣ дар ҳукумати Кӯлоб алайҳи 39 кас бо иттиҳоми азхудкунии пули буҷет ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бора Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонсии зиддифасод дирӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод ва гуфт, дар доираи ин парвандаҳо, аз ҷумла Бахтиёр Назарзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб низ бозпурсӣ шудааст. “ “Дар робита ба камбудиҳои ошкоршуда ва роҳ додан ба азхудкунӣ ё тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар 11…
Ҳ
Рӯзи 21-уми июл дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромада, ба 40 хона зарар расонидааст. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Ҳукумати ВМКБ сабаби омадани ин селро якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряххо гуфтааст. Манбаъ мегӯяд, “сокинони осебида ба маконҳои амну бехатар кӯчонида шуда, бо маводи ғизоӣ ва ашёву лавозимоти зарурати аввалияи рӯзгор таъмин карда шудаанд”. Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ “ “Дар…
Ҳ
Дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола, Фирӯз Саидзода, собиқ муфаттиши калони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт ва алайҳаш бо гумони ба худкушонӣ расонидани ин духтар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул имрӯз, 22-юми июл, дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Меҳрона Ноибова 4-уми апрели соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ҷон бохт. Гуфта мешуд, ки бо ӯ ду корманди Додситонии кул – Фирӯз Саидзода ва Давлат…
Ҳ
Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон таркиши балони газ дар як бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод. Ҳодиса шоми рӯзи 19 июл дар хонаи як сокини 61-солаи ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ошёнаи панҷум рух додааст. Манбаъ сабаби таркиши зарфи гази моеъро “нодуруст истифода бурдани зарфи гази моеъ ва беназорат мондани он аз сӯи соҳибхона” арзёбӣ кардааст. Ин ниҳод афзудааст, ки дар пайи таркиш дар масоҳати 25 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, он дар 30 дақиқа…
Ҳ
Дар пайи ба наҳр (канал)-и Ҳисор сарозер шудани як мошин, ду кормандони бонки “Арванд” ба ҳалокат расидаанд. Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, сокинон талош доранд, мусофирони мошинро наҷот диҳанд. Ин тасодуф нисфирӯзии 19-уми июл дар кӯчаи С. Раҷабови шаҳри Ҳисор рух дода, ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Дилноза Бойматова, сокини 32-солаи шаҳри Турсунзода бо мошини тамғаи “BMW” ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба Ҳисор ба дохили канал сарозер…
Ҳ
Дар пайи селҳои харобиовар, ки 11 ва 12-уми июл дар деҳаҳои Дарғу Каздони ноҳияи Айнӣ фаромада буданд, 65 хона зери обу лой монда, 14 сар чорво талаф ёфта ва 11 мошину даҳҳо гектар замини кишоварӣ, зарар дидаанд. Тибқи иттилои пешакӣ, ҳаҷми хисорот 7 млн сомониро ташкил додааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) имрӯз, 16-уми июл ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, аз 65 хонае, ки дар ин офати табиӣ осеб дидаанд, 46-то дар деҳаи Дарғ ва 19-тои дигар дар деҳаи Каздон…
Ҳ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоикистон (КҲФ) мегӯяд, бо гузашти як моҳ наҷотдиҳандагон то кунун ҷасади Орифа Мирзонаботзода, духтари 2-солаи Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ-ро дар дарёи Панҷ наёфтаанд ва ҷустуҷуӯӣ ӯ идома дорад. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумита, дар шарҳи ҳодисаи садамаи мошини Алишер Мирзонабот изҳор дошт, ки ин сонеҳа “бо сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда рух додааст”. Қаблан, ВКД ҳам сабаби ҳодисаро “суръати баланди ҳаракат” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт…
Ҳ
Дар ним сол дар пайи офатҳои табииву ҳодисаҳои изтирорӣ дар Тоҷикистон, 12 кас ҷон бохта, ба иқтисодиёти кишвар 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Ҳамчунин, дар ин давра 83 кас аз ҷумла, 33 кӯдаку наврас дар кӯлу дарёҳои кишвар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) имрӯз, 16-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 741 ҳодисаи табиӣ рух дод, ки нисбат ба ҳамин…