XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Ҳаводис – Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

“Дар рӯзи зодрӯзаш бедарак шуд”. Тафсилоти марги сарбозе, ки ҷасадашро аз наҳр пайдо карданд

Ҷасади Сангалӣ Раҳимов (Раҳмонзода), сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбониро, ки рӯзи 5-уми ноябр – рӯзи зодрӯзаш бедарак шуда буд, шоми 20-уми ноябр аз наҳр (канал)-и Деҳқонободи ноҳияи Ҳамадонӣ пайдо карда, ба хонаводааш супоридаанд. Як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти давлатӣ ба шарти зикр нашудани номаш тафсилоти ин ҳодисаро гуфт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) онро тасдиқ кард. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Сангалӣ Раҳимов беш аз як сол дар қисми низомии 0307-и Нерӯҳои марзбонии Кумидати давлатии…

Баъди нашри маводи “Азия-Плюс”, раиси ноҳияи Деваштич ба хонаи модари кӯдаки гумшуда рафт

Баъди нашри маводи “Азия-плюс” дар бораи бедаракшавии Алираҳмат Мирзозодаи 5-сола, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, рӯзи 21-уми ноябр ба аёдати модари ин кӯдак рафтааст. Алираҳмати хурдсол, ки сокини ҳамин ноҳия аст, субҳи 22-юми майи имсол аз манзили зисташон ғайб зада буд ва бо гузашти 6 моҳ то ҳол пайдо нашудааст. Модараш, ки ҳангоми дар беморхона буданаш аз гум шудани писараш огоҳ шудааст, ҳамоно мунтазири бозгашти ӯст. ‹ › Акс аз ҳукумати Деваштич пешниҳод шудааст. Акс аз ҳукумати…

Боз як ҷавони 30-сола аз Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст

Ҷасади Шоҳрӯз Қурбонови 30-сола, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичро, ки дар ҷанги Русия бо Украина кушта шудааст, рӯзи 20-уми ноябр ба зодгоҳаш оварда ба хок супориданд. Дар ин бора Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, Қурбонов чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекард. Аммо мегӯяд, маълум нест, ки ҷавон кай ва чӣ гуна ба ҷанг ҷалб шудааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ шаҳрвандии Русияро ҳам дошт ё не. “ “Шоҳрӯз фарзанди ягонаи оила буд. Падару модараш…

Як сарбози Нерӯҳои марзбониро бо гузашти 4 моҳ то ҳол пайдо накардаанд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо гузашти 4 моҳ Мирзобобур Мирраимов, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро пайдо накардаанд. Ин ниҳод дирӯз, 19-уми ноябр дар як вокуниш ба хабари расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ дар бораи бедерак шудани ин сарбоз навиштааст, ки Мирраимов рӯзи 24-уми июн ҳангоми дастшӯйӣ дар рӯди Омӯ дар ноҳияи Қубодиёни ғарқ шудаааст. КҲФ гуфтааст, ки аз рӯзи ба рӯд афтодани сарбоз то кунун гурӯҳи наҷотбахш 10 бор ба ҷойи ҳодиса…

Ҷузъиёти сӯхтор дар биное, ки хонаи Меҳринигори Рустам ҳам он ҷо буд

Хадамоти оташнишонии кишвар гуфт, ки сабаби сӯхтор дар бинои 16-ошёна дар шаҳри Душанбе, ки манзили Меҳринигори Рустам, сарояндаи шинохтаи тоҷик ҳам дар он ҷо буд, расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ бинобар сарбории зиёди барқ аст. Навори ин воқеа дирӯз, 16-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн шуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шуда буд. Аз ҷумла, Меҳринигори Рустам дар саҳифаи инстаграми худ аз мақомот хост, ки сабаби сар задани сӯхторро маълум кунанд. Як манбаъ аз Сарраёсати Хадамоти давлатии…

“Сел ба ҳавлии сокинон даромадааст”. КҲФ хисороти боришоти ду рӯзи охирро гуфт

Дар пайи боришоти шадиди рӯзи гузашта, дар шаҳри Кӯлоб сел омада, дар натиҷа роҳҳои мошингард, қубурҳои обраву партовпарто зарар дида, ба 25-30 замини наздиҳавлигии сокинон обу лойқа ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, боришот ду рӯзи дигар идома мекунад. Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) имрӯз, 11-уми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сел дар шаҳри Кӯлоб соати 21:40 –и шаби 10-уми ноябр бар асари баланд шудани сатҳи об дар қубурҳои обрави маҳаллаҳои…

Алираҳмати 5-соларо бо гузашти шаш моҳ то ҳол наёфтаанд. Волидайнаш чӣ ҳол доранд?

Алираҳмат Мирзозодаи 5-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ки субҳи 22-юми майи имсол аз манзили зисташон ғайб зада буд, бо гузашти шаш моҳ то ҳол пайдо нашудааст. Модараш, ки ҳангоми дар беморхона буданаш аз гум шудани писараш огоҳ шудааст, ҳамоно мунтазири бозгашти ӯст. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо модару бибии кӯдак суҳбат кард ва муфассал дар бораи қазия пурсид. Фаридаи Ортиқ, модари Алираҳмат нақл кард, ки рӯзи 21-уми майл сахт бемор шуда, ба беморхона рафт. Табибон ӯро бо ташхиси илтиҳоби кӯррӯда…

Сел дар Тоҷикистон: кадом минтақаҳо бештар ба муҳофизат ниёз доранд?

Барои Тоҷикистон сел як падидаи мунтазами табиӣ ба ҳисоб мераванд, бахусус дар баҳору тирамоҳ. Ҳукумат барои мустаҳкамсозии соҳилҳо ва пешгирӣ аз сел садҳо миллион сомонӣ ҷудо мекунад, вале сел ҳамоно роҳу хона, наҳр (канал) ва заминҳои киштро хароб мекунанд. Имрӯз кишвар худро аз ин хатар чӣ гуна муҳофизат мекунад? Дар шаш моҳ (январ–июн)-и соли равон дар кишвар 741 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиӣ сабт шудааст. Аз ин, 123 сел, ки маҳз онҳо сабаби марги 7 кас шудаанд. Зарари иқтисодӣ аз…

Аз дуздии навзод то қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд?

Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва чанд қазияи пурсарусадо сипарӣ шуд. Аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш ва дуздии навзод аз таваллудхонаи Душанбе то Синамоиҷашнвораи “Тоҷи сомон”-у ҷашнвораи театрҳои лӯхтак ва қаҳрамонии муҳоҷирон дар Русия аз рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки давоми моҳ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор доштанд. “Азия-Плюс” муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи октябрро гирд овард. Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш 1-уми октябр мавсими…

“Касе осеб надидааст…” Мақомот тасодуф дар НБО “Роғун”-ро шарҳ доданд

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон сабаби тасодуф дар яке аз нақбҳои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) “Роғун”-ро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, сабаби ҳодиса, канда шудани яке аз ҳавзҳо ҷамъоварии “оби техникӣ” буда, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Ин ниҳод имрӯз, 28-уми октбяр дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 21-уми октябр, тахминан соати 16:15 дар нақби сохтмонии қабати чорум, шохаи “Б”-и нерӯгоҳ, ҳангоми корҳои…

“Вазифаи инсониро иҷро кардем”. Ду ҷавони тоҷик, ки дар Русия одамонро аз оташ наҷот доданд, кистанд?

Ҳафтаи гузашта корномаи Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов, ду муҳоҷири тоҷик, ки ду занро дар давлати Бошқирдистони Русия аз коми оташ наҷот доданд, дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Русия қарор гирифт. Ин ду ҷавони тоҷик сарфи назар аз баланд будани алангаи оташ ва имкони таркиши лӯлаи газ, нардбонро болои мошин қарор дода, ба ошёнаи сеюми бино баромада, ду сокини маҳаллиро наҷот доданд. Қаҳрамонии онҳо боиси таҳсини корбарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, вале…

Ноҳияи Айнӣ ва як қисми Душанбе минтақаҳои аз ярч осебпазир дониста шуданд

Ин маълумот дар гузориши “Хатарҳои ярчфароӣ дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ”, ки 14 -уми октябри соли равон нашр шудааст, зикр мешавад. Он бар асоси арзёбии минтақавии хавфҳои ярчфароӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон аз “Francesco Caleca”, “Chiara Scaini”, “William Frodella” ва “Veronica Tofani” таҳия гардидааст. Таҳқиқот ҳудуди Осиёи Марказиро бо масоҳати тақрибан 4 млн километри мураббаъ фаро мегирад. Бино ба арзёбии муаллифони матлаб, минтақаҳои осебпазир аз ярч (фурӯравии теппа ё…

Боздошти ду мард бо гумони оташ задани хонаи як зан дар Хуҷанд

Пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду ҷавон хабар дод, ки ба қасдан оташ задани хонаи Наргиза Азиматова, сокини шаҳри Хуҷанд гумонбар мешаванд. Ин ниҳод дар гузорише аз гумонбарон Хуршед Камолҷонови 24-сола, сокини ноҳияи Ашт ва Отабек Сатторови 33-сола, сокини шаҳри Бохтар ном бурд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо бо Азиматова шиносоӣ дошта, Сатторов ҳамзисти ӯ ва Камолҷонов хеши ин зан будааст. Қаблан аз Раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар Суғд ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки ин сӯхтор шаби 16 ба 17-уми…

Аз таваллудхонаи №1-и Душанбе як навзод гум шудааст

Шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соати як дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, ки бо номи таваллудхонаи №1 маъруф аст, як кӯдаки навзод бедарак шудааст. Дар ин бора бибии кӯдак ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи наздикони тифл, Мавзуна Акрамоваи 19-сола, сокини ноҳияи Нуробод, рӯзи 11-уми октябр тақрибан соати 10:00 фарзанди нахустини худро солим ба дунё овард, вале тақрибан соати 1-и шаб кӯдак бедарак шудааст. “ “Рӯзи таваллуд, хешовандон тақрибан то соати 16:00…

Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Чӣ гуна онҳо дар Бошқирдистон одамонро аз коми оташ наҷот доданд?

Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Стерлитамаки Бошқирдистони Русия ду сокини маҳаллиро аз коми оташ наҷот додаанд. Дар ин бора Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12-уми октябр хабар дода, навишт, ки ин ҳодиса моҳи сентябр дар як фурӯшгоҳи Стерлитамак рух додааст. Ба қавли манбаъ, Хисравшоҳ ва Зоҳиршоҳ, ки баъди кор барои харид ба фурӯшгоҳ рафта буданд, садои фиғон ва имдодталабии сокинонро шунида, ба кумак шитофтаанд. Намояндагӣ…

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ду рӯз номи як ронандаи тоҷик, ки дар шаҳри Владивостоки Русия аз сар задани садамаи пурқурбонӣ пешгирӣ кард, дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Русия қарор гирифт. Ӯ мошини худро пеши роҳи боркаше қарор дод, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор мондаву бо суръат ба самти маҳалли аҳолинишин ҳаракат мекард. Ин қаҳрамонии ҷавони тоҷик аз марги эҳтимолии сокинони зиёд пешгирӣ кард. Амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ситоиши густурда қарор гирифт ва ӯро “қаҳрамони рӯз” хонданд.…

Аз тантанаҳои ҷашни истиқлол ва роҳандозии бахши форсии “Азия-Плюс” то қазияи танбеҳ гирифтани омӯзгор

Моҳи сентябр дар Тоҷикистон бо таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз шуда, бо сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Куриёи Ҷанубӣ, рӯйдодҳои фарҳангиву адабӣ, хабарҳои нави синамо, тағйирот дар соҳаи муҳоҷират ва чанд парвандаи пурсарусадои ҷиноӣ идома ёфт. Дар ин моҳ ҳамчунин бахши форсии “Азия-Плюс” фаъол шуд, дар арсаи байналмилалӣ бошад ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ аз муҳимтарин рӯйдодҳо буд. “Азия-Плюс” муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи сентябрро гирд овард. 35-солагии Истиқлолият чӣ гуна таҷлил…

Як зани 30 – сола, ки ба куштори бародараш гумонбар мешуд, ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи вилояти Суғд Мунира Андаеваи 30-сола, як сокини ноҳияи Мастчоҳро барои куштори бародараш ба 21 соли зиндон маҳкум карда, дар айни ҳол, бо татбиқи қонуни афв аз муҳлати ҷазои ӯ 3 сол кам кардааст. Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гузориш дода шуд. Ба иттилои барнома, Мунира Андаева рӯзи 12-уми июн тақрибан соати 16:00 бо хоҳар, бародар ва модараш якҷо нӯшокии спиртӣ нӯшида, дар ин миён, байни Мунира ва бародараш Равшан Андаеви 35-сола…

Боздошти се кас бо гумони оташ задани бозори Ҳисор дар соли 2023

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти се мард хабар дод, ки ба қасдан оташ задани Бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор дар соли 2023 гумонбар мешаванд. Ин ниҳод рӯзи 22-юми август аз гумонбарон Далер Солизода ва Алишер Ортиқов (Артиков)-и 35-сола, ҳамчунин, Муҳиддин Муҳаммадов (Мухаммедов)-и 34-сола ном бурда, гуфт, ки ҳарсе сокинони шаҳри Ҳисор мебошанд. “ Ба гуфтаи манбаъ, Далер Солизода ба далели хусумати шахсӣ бо як соҳибкори бозори мазкур, бо ҳамсинфаш Алишер Ортиқов…

Гармои ғайримуқаррарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ таъсир расонд?

Нимаи моҳи июл ҳарорат дар водиҳои Тоҷикистон 42-47 дараҷа гарм шуд. Ин сарбориро ба шабакаҳои барқ зиёд карда, ҳамлу нақлро мушкил ва хавфи омадани селро зиёд кард. Дар бораи хисороти иқтисодӣ аз гармӣ ҳанӯз маълумоти дақиқ нест, аммо паёмадҳои он дар бахшҳои энерҷӣ, нақлиёт ва хоҷагии об ба назар мерасад. Гармӣ ва қатъшавии нерӯи барқ Дар давраи гармои шадид дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон интиқоли барқ маҳдуд ё қатъ шуд. Аз ҷумла, сокинони чанд деҳае дар шаҳри Турсунзода аз қатъи интиқоли…

Ба як оилаи аз сел зарардидаи Кӯлоб хонаи нав доданд

Ба як хонавода дар Кӯлоб, ки дар пайи омадани сел дар моҳи майи соли равон манзили зисташон пурра зарар дида буд, хонаи нав тақдим шуда, ба 5 хонаводаи дигар, ки хонаҳояшон қисман зарар дида буд, барои таъмир кӯмак расонида шудааст. Дар ин бора Ҳотамшо Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Хатлон, дирӯз, 17-уми август Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон калиди хонаи навро…

Шикоятҳо аз қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон. Вазорати энергетика шарҳ дод

Имрӯз, 14-уми август, тақрибан соати 15:15-и сокинони аксари минтақаҳои кишвар аз қатъи сартосарии барқ шикоят карданд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, сабаби қатъи барқро гурӯҳи корӣ маълум мекунад ва кӯшиш доранд, ки ҳарчӣ зудар барқ барқарор шавад. Корбарони “Азия-Плюс” аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Ваҳдат, Норак, Ҳисор, Шаҳринав, Б. Ғафуров ва чанди дигар гуфтанд, ки барқи онҳо тақрибан соати 15:00 хомӯш шуд. Як пурсиши “Азия-Плюс” ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ…

Тоҷикистон пас аз нақзи ҳарими ҳавоӣ ва кушта шудани як шаҳрвандаш ба Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод

Тоҷикистон дар пайи нақзи ҳарими ҳавоӣ, осеб дидани манзилҳои сокинон ва кушта шудани як шаҳрвандаш дар ноҳияи Дарвоз, ба ҷониби Афғонистон ёддошт ё нотаи эътирозӣ фиристодааст. Дар ин бора Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аз ин ниҳод гуфтанд муноқишаҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои охир дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, бахусус дар вулусволиҳои ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон таҳдид ба амнияти минтақаҳои наздисарҳадии…

Модари Искандар Шафеиён бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудааст

Парвандаи пурсурусадои Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Шафеиён (Маликӣ), собиқ корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳамроҳи зану фарзанди хурдсолаш ба таври мармуз ҷон бохта буданд, бар асоси қонуни афв қатъ карда шуда, худи зан аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Дар ин бора Муаттара Абдуллозода, иҷрокунандаи раиси Додгоҳи шаҳри Исфара рӯзи 11-уми август дар нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки парвандаи аз сӯйи ин додгоҳ рӯзи 16-уми июл қатъ шуд. “ “Маҳкумшуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст.…

ВКХ маълумоти нав дод: дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон ду тоҷикистонӣ низ захмӣ шудаанд

Дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористони Русия тибқи иттилои тасдиқшуда, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам захмӣ шуда, ҳарду бо ҷароҳати вазнин ва сабук дар беморхонаи ин шаҳр бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон хабар доданд ва гуфтанд, ки шумораи захмиён бо дастрас шудани маълумоти нав метавонанд тағйир ёбанд. Қаблан, ин ниҳод бо такя ба иттилои аввалия гуфта буд, ки дар ин ҳодиса як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, касе захмӣ нашудааст. Аз вазорат…

ВКХ: Миёни захмиёни ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон ҳоло тоҷикистониҳо нестанд, вале санҷиши маълумот идома дорад

Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон гуфт, тибқи иттилоияи пешакӣ миёни захмиёни ҳамлаи паҳподӣ ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷасади шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки дар ин ҳамла ҷон бохт, барои интиқол ба Ватан омода мешавад. Аз ин ниҳод рӯзи 11-уми август ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо сохторҳои марбути Тоҷикистону Русия дар тамоси доимӣ қарор дорад ва санҷиши маълумотро идома…

Марги беш аз 20 кас дар пайи ғарқшавӣ дар Суғд дар шаш моҳ

Дар шаш моҳи соли равон 21 сокини вилояти Суғд дар пайи ғарқшавӣ дар кулу дарёҳои вилоят ҷони худро аз даст додаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳолат бештар аст. Дар ин бора Фурқат Шарифзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд рӯзи 5-уми август зимни нишасти матбутӣ иттилоъ дод. Номбурда гуфт, ки ҳамчунин, дар ин давра дар пайи 6 ҳодисаи табиӣ, 1 ноболиғи 14-сола, сокини шаҳри Панҷакент ҷон дода, зарари расида аз офатҳои табиӣ 6…

Сӯхтор дар таҳхонаи як китобхона дар Суғд. Садҳо китоб ба коми оташ рафт

Субҳи имрӯз, 4-уми августи соли равон дар таҳхонаи Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор рух дод.Хабарнигори “Азия-Плюс” аз ҷои ҳодиса гуфт, ки дар ин оташсӯзӣ чанд нуқтаи фурӯши ашёи хониш, ки дар таҳхонаи китобхона қарор доштанд, ба коми оташ рафтанд. Мушоҳидаи хабарнигори мо нишон додааст, ки садҳо китобу дафтар, ҷузвдонҳо ва дигар ашёи хониш дар ин макон сӯхта нобуд шуданд. Қисми дигар аз ашёҳо аз сӯхтор эмин монда, дар натиҷаи хомӯш кардани алангаи оташ тар…

Ҷасади як марзбони ғарқшударо беш аз як моҳ боз намеёбанд

Пайкари Мирзобобур Мирраимов, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми июн ҳангоми дастшӯйӣ дар рӯди Амударё дар ноҳияи Қубодиёни ғарқ шуда буд, то ҳол пайдо нашудааст. Дар ин бора рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотии Раёсти Кумита ҳолатҳои фавқулода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, гуфтанд, ки ин марзбон сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аст. “ Ӯ дар Дидбонгоҳи рақами 8-и яке аз қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонӣ хидмат мекард ва “ҳангоми муҷаҳҳазгардонии марз (бо…

Аз озодии зиндониёни афвшуда то нуктаҳои муҳими нишастҳои матбуотӣ. Моҳи июл бо чӣ хотирмон буд?

Моҳи июл дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои пуршумори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба поён расид. Даргузашти чеҳраҳои маъруф, идомаи парвандаҳои пурсарусадо, садамаҳои маргбор, озодии зиндониёни афвшуда, нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва таҳаввулоти минтақа аз муҳимтарин мавзӯъҳое буданд, ки моҳи гузашта дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифтанд. Марги Бахтиёр Раҳимову баҳси беунвонии ӯ Моҳи июл бо марги яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик, Бахтиёр Раҳимов оғоз шуд. Ӯ шаби 30-юми июл дар…