XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Ҷомеа – Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи “Чодари хаёл” идома дорад ва то 26 октябр давом мекунад. Имрӯз соати 10:00 ва 14:00 намоиши “Тойча”, муаллиф ва коргардон С. Седухин аз ҷониби Театри вилоятии лӯхтаки Фарғона (Ӯзбекистон) ба саҳна гузошта мешавад. Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва дигар давлатҳо бо намоишҳои беҳтарин иштирок доранд. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1933 – Дар шаҳри Душанбе…

Аз таҷрибаомӯз то нахустин дорандаи мақоми FICA дар Тоҷикистон. Қиссаи муваффақияти Фирдавс Ҳусайнов

Фирдавс Ҳусайнов замоне ба фаъолияти бонкӣ оғоз кард, ки ҳанӯз маълумоти олӣ надошт ва танҳо як таҷрибаомӯз буд. Имрӯз ӯ роҳбарии хадамоти назорати риояи талабот (комплаенс)-и “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро ба уҳда дорад ва нахустин нафар дар кишвар аст, ки соҳиби мақоми байналмилалии FICA шудааст. Ӯ ин роҳро чӣ гуна тай кард, барои расидан ба чунин мақом бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва чаро дар низоми бонкӣ мутахассисоне, ки фаъолияти онҳо барои муштариён чандон намоён нест, нақши муҳим доранд?…

Қаҳрамонии Устод Айнӣ. Далеле, ки душманони тоҷикро хомӯш кард

Қаҳрамоне, ки сарзамини тоҷикон будани Осиёи Марказиро исбот кард! Ҳафт моҳи заҳмат, бехобӣ ва муборизаи беамон бо қалам барои ҳифзи миллат. Бубинед, ки чӣ гуна ин шахс сарнавишти моро тағйир дод ва ба таъсиси Тоҷикистон сабаб шуд. Тамошои навор: Далеле, ки душманони тоҷикро хомӯш кард Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро дар доираи лоиҳаи “Тоҷикон”-и “Азия-Плюс” ҳамроҳ бо ширкати ватании сармоягузориву идоракунии “FIFTYFIVE GROUP” пешниҳод мекунад.

Тоҷикистон аз чӣ нафас мекашад ва чиро талаф медиҳад: рақамҳои асосӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист

Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ҳамоно яке аз масъалаҳоест, ки мушкилоти он ҳамзамон, дар чанд самт — аз вазъи пиряхҳо ва сифати об то партовҳо, таназзули чарогоҳҳо ва ифлосшавии ҳаво ба назар мерасанд. Тайи даҳсолаҳои охир, масоҳати пиряхҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, дастрасӣ ба таъминоти мутамаркази об барои қисми зиёди аҳолӣ то ҳол маҳдуд боқӣ мемонад. Муносибат бо партовҳо низ яке аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад: аксари партовгоҳҳо ба таври зарурӣ муҷаҳҳаз нашудаанд.…

Аз як ангушт задан то мизоҷи воқеӣ. Асрори тиҷорат дар “IMPACT Forum 2026”

Мо одат кардаем, ки муваффақиятро танҳо бо рақамҳои оддӣ, шумораи писандидаҳову боздидҳо ва ҳисобот чен кунем. Вале оё ҳазорҳо ангeшт задан (клик) ҳамеша ба муштарии воқеӣ табдил меёбад? Пас аз анҷоми маъракаҳои таблиғотӣ, дар асл чӣ боқӣ мемонад? Ин ва дигар саволҳо бо ширкати соҳибкорон ва коршиносоназ Осиёи Марказӣ дар “IMPACT Forum 2026” дар Душанбе баррасӣ шуд. Ин майдони беназир, бинишварон, соҳибкорон, намояндагони расонаҳо ва мутахассисони фанновариҳои иттилоотӣ (IT)-ро аз кишварҳои…

Наққошиҳои девории қадимӣ, тангаҳои тиллоӣ ва сӯзаниҳо. Муаррифии мероси Тоҷикистон дар Рум

Чанд рӯз пеш, дар пойтахти Италия, дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим (Museo delle Civiltà), маросими ифтитоҳи нахустин намоишгоҳи бузурги байнулмилалии “Тоҷикистон — кишвари мероси нодир”, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, баргузор гардид. “Азия-Плюс” дар рӯзи ифтитоҳ аз намоишгоҳ боздид кард. Акс аз Темур Идрисов, asia+ Ин лоиҳа аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони итолиёвӣ ташкил гардида, қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва…

Дар нуҳ моҳ сӯхти дизелӣ ва сабзӣ беш аз 50%, бензин 38% қимат шудааст

Аз ҳама бештар маводи сӯхт ва баъзе маҳсулоти хӯрока гарон шудааст. Дар ҳамин ҳол, сатҳи умумии таваррум аз оғози сол ҳамагӣ 2,8%-ро ташкил додааст. Чаро нишондиҳандаҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд? Тибқи иттилои Оҷонсии омор, дар нуҳ моҳ (январ-сентябр)-и соли 2026 нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 2,8% гарон шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳи сентябр мизони таваррум ҳамагӣ 0,1%-ро ташкил додааст. Аммо дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта молу хидматрасониҳо, дар маҷмӯъ 4,1% қимат…

Созиш ё додгоҳ: муассиртарин роҳи дарёфти иттилоъ кадом аст?

Дар нашри навбатии барномаи мубоҳисавӣ (подкаст) масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ, аз ҷумла, заминаи ҳуқуқии он, монеаҳои мавҷуд ва роҳҳои бартараф кардани он, ҳамчунин, нишастҳои матбуотӣ ва шеваи баргузории он мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз сухангӯи ниҳоди давлатӣ пурсидем, ки пешниҳоди саривақти иттилоъ барои ӯ имконияти муаррифии кори мақомоти давлатӣ аст, зарурат барои риояи қонун ё худ маҷбурия барои фирор аз муҷозоту интиқод аст. Ҳамчунин, маълум кардем, ки барои онҳо кадом роҳи ҳамкорӣ…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” имрӯз анҷом меёбад. Дар он ноширони дохиливу хориҷӣ китобҳои тозанашри худро пешниҳоди дӯстдорони мутолиа кардаанд. Вуруд озод аст. Акс аз asia+ – Дар “Экспомарказ”-и Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии TajBuild 2026 ҷараён дорад. Дар он ширкатҳои пешсафи соҳаи сохтмон, меъморон, тарроҳон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи соҳибкорӣ ҷамъ омадаанд. – Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи…

Дар Қирғизистон масҷидҳоро ба тавозуни муфтиёт мегузаронанд. Дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст?

Дар Қирғизистон 4 ҳазору 470 масҷид бояд то моҳи феврали соли 2027 ба тавозуни Идораи мусулмонони Қирғизистон (муфтиёт) гузарад. “Азия-Плюс” аз Кумитаи дини Тоҷикистон пурсид, ки масоҷиди кишвар чӣ гуна фаъолият доранд, дар тавозуни кадом ниҳод аст, имомхатибон чӣ гуна интихоб ё аз кор озод мешаванд? Чаро масҷидҳоро ба тавозуни муфтиёт мегузаронанд? Хабаргузории қирғизии “24.kg” бо такя ба муфтиёти Қирғизистон менависад, ки ҳоло 4 ҳазору 470 масҷид ҳуҷҷатҳои лозимаро надоранд. Акнун, тибқи…

Истеҳсоли матоъ қариб ду баробар коҳиш ёфта, воридоти он 38% афзудааст

Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 7,3 млн метри мураббаъ матоъ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8% камтар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон. Ҳамчунин, воридоти матоъ афзуда, содироти он коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли калобаи пахтагин 19,9% афзуда, ба 14,4 ҳазор тонна расидааст. Истеҳсоли нахи пахта бошад, баръакс 17,4% коҳиш ёфта, 34,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, воридоти матоъ 38,2% афзоиш ёфта, аз 14,5…

Ҳуши маснӯӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон: “zypl.ai” пойгоҳи ройгони омӯзишии “AI Nation”-ро роҳандозӣ мекунад

Ширкати “zypl.ai”, ки узви консорсиуми “Area AI” мебошад, дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳуши маснӯии Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон пойгоҳи онлайнии омӯзишии “AI Nation”-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ мекунад. Моҳи апрели соли 2025, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи “IT-парк” дар Душанбе, зарурати фароҳам овардани имкониятҳои бештари омӯзиш дар соҳаи ҳуши маснӯиро ба миён гузошта буд. Роҳандозии “AI Nation” дар…

“Хусусияти тавсиявӣ дорад”. Вокуниши Оҷонсии нафақа ба пешниҳоди боло бурдани синни бознишастагӣ

Дар пайи пешниҳоди Бонки осиёии рушд (БОР) барои боло бурдани синни нафақа дар Тоҷикистон, Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар гуфт, ки ин пешниҳод хусусияти тавсиявӣ дошта, худ аз худ меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистонро тағйир намедиҳад. Ин ниҳод рӯзи 22-юми октябр дар вокуниш ба паҳни ин хабар гуфт, масъалаи таъини нафақа ва шартҳои гирифтани он бо қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон танзим карда мешавад. “ “Ҳама гуна тағйирот ба синни нафақа, собиқаи суғуртавӣ ва дигар…

Роҳ надодани беш аз 260 ҳазор хориҷӣ ба Русия ва ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз сахттар шудани қоидаҳои ихроҷ дар ин кишвар

Дар ҳашт моҳ (январ-август)-и соли равон Русия беш аз 260 ҳазор шаҳрванди хориҷиро, ки дар байнашон муҳоҷирони кории тоҷик низ ҳастанд, ба қаламраваш роҳ надодааст, ки ин нисбат ба ҳашт моҳи соли пеш 75,8% зиёд мебошад. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 22-юми октябр дар саҳифаи “Телеграм”-и худ навишт. Ба гуфтаи ӯ, аксари хориҷиёне, ки иҷозаи вуруд ба Русияро дарёфт накардаанд, онҳое ҳастанд, ки аз ин кишвар ихроҷ шудаанд ва ҳаққи вуруд ба онро надоштанд. “…

Дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

То 17-уми октябри соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 52%-и нишондиҳандаи пешбинишуда (нақша 394,7 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон. Ба иттилои ин ниҳод, имсол дар майдони 164,8 ҳазор ҳектар пахта кишт шудааст. Барои ҷамъоварии ҳосил ҳудуди 106 ҳазор кас ҷалб шуда, ҳамчунин, 54 мошини пахтачинӣ омода аст. Аммо суръати ҷамъоварии пахта аз нишондиҳандаҳои соли гузашта ақиб мемонад. Шоҳрух Ҷумъазода, муовини…

“Китоби Душанбе”: ноширони 7 кишвар чӣ китобҳо оварданд?

Рӯзи 22-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз шуд. Ба намоишгоҳ аз 7 кишвар китоб овардаанд ва беш аз 30 нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш ва фурӯши китобҳо машғуланд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар намоишгоҳ ноширони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Туркия ва Чин ширкат доранд. Барои ҳар як нашриёт ғурфаи ҷудогона муҳайё шудааст. Масъулини вазорат ҳадафи намоишгоҳро дар рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 18:00 дар Театри нави миллии Тоҷикистон, ки чанде пеш ифтитоҳ шуд, консерти бошукуҳи идона бо номи “Марвориднаво” баргузор мешавад. Консерт ба 35-солагии Истиқолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст ва ситораҳои маъруфи санъати тоҷику берун аз кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд. – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” идома дорад. Дар он ноширони дохиливу хориҷӣ китобҳои тозанашри худро пешниҳоди дӯстдорони мутолиа…

“Вазифаи инсониро иҷро кардем”. Ду ҷавони тоҷик, ки дар Русия одамонро аз оташ наҷот доданд, кистанд?

Ҳафтаи гузашта корномаи Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов, ду муҳоҷири тоҷик, ки ду занро дар давлати Бошқирдистони Русия аз коми оташ наҷот доданд, дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Русия қарор гирифт. Ин ду ҷавони тоҷик сарфи назар аз баланд будани алангаи оташ ва имкони таркиши лӯлаи газ, нардбонро болои мошин қарор дода, ба ошёнаи сеюми бино баромада, ду сокини маҳаллиро наҷот доданд. Қаҳрамонии онҳо боиси таҳсини корбарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, вале…

“Хатлон инвест-2026”. Давлаталӣ Саид аз соҳибкорон хост, ба коркарди нахи пахта сармоягузорӣ кунанд

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон имрӯз, 22-юми октябр, дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Хатлон инвест-2026”, ки дар шаҳри Бохтар ҷараён дорад, аз соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даъват кард, ки ба коркарди нахи пахта дар ин минтақа сармоягузорӣ кунанд. Ӯ нигаронӣ кард, ки қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшуда дар Хатлон ба хориҷ ҳамчун ашёи хом содирот мешавад, дар ҳоле ки коркарди он дар дохили кишвар метавонад даромади иловагӣ ва имкониятҳои нави иқтисодӣ…

БОР пешниҳод кард, ки синни нафақа дар Тоҷикистон боло бардошта шавад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ду гузинаи баланд бардоштани синни нафақаро баррасӣ кунад: тадриҷан баланд бардоштани синни нафақаи занон аз 58 ба 63 сол; баланд бардоштани синни нафақа занон ва мардон то 65 сол. Чунин тавсия дар гузориши БОР бо номи “Тағйироти иқтисодӣ барои рушди устувор ва фарогир дар Тоҷикистон”, ки моҳи октябри соли 2026 нашр шудааст, зикр гардидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон, занон дар 58-солагӣ ва мардон дар 63-солагӣ ба нафақа мебароянд. Тағйироти…

Кӯдакони то 5-соларо бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон эм мекунанд

Аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2026 дар Тоҷикистон маъракаи эмкунӣ (иммунизатсия)-и иловагӣ зидди беморҳои сурхакон (сурхча) ва гулафшон миёни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола гузаронида мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, имсол беш аз 700 кӯдак ба бемории сурхакон мубтало шудаанд. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки эмкунӣ ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара,Панҷакент, Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ,…

Дар Душанбе бо ширкати беш аз 30 нашриёти ватаниву хориҷӣ намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад

Аз 22 –юм то 24-ум октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Ба иттилои расмӣ, дар намоишгоҳ, беш аз 30 нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд. Вазорати фарҳанг мегӯяд, ҳадафи намоишгоҳ, “рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва…

“Боздиди зиёд ҳанӯз комёбӣ нест”. Дар “IMPACT Forum 2026” арзёбии натиҷаи воқеии тиҷорат баррасӣ шуд

“IMPACT Forum 2026” таҳти шиори “Аз ҳамкорӣ то натиҷа” баргузор шуд. Иштирокдорон атрофи масоили тафовути самаранокии воқеӣ аз муваффақияти зоҳирӣ, аҳамияти шинохти инсон паси нишондиҳандаҳои соҳибкорӣ ва дигар масоили марбут ба тиҷорат табодули назар карданд. Аз шиносоӣ – то масъулият барои натиҷа Як сол пеш “IMPACT” ҳамчун майдони вохӯриҳо ва табодули афкор миёни намояндагони соҳаҳои гуногун оғоз ёфта буд. Сипас “Creative Nights” баргузор шуд, ки барои эҷодкорӣ, мухотабёбӣ ва тақвияти ҳамкорӣ…

Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил шуд, ки ӯзбекистониҳо бештар ба он сафар мекунанд

Дар нуҳ моҳ (январ–сентябр)-и соли равон 983,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра 2,2 млн шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон сафар кардаанд: фарқият 2,3 баробар. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистонхабар додааст. Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар ба он сафар мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ӯзбекистониҳо бештар ба Қирғизистон — 2,72 млн, Қазоқистон — 1,07 млн ва…

Боздошти ду мард бо гумони истеҳсолу фурӯши доруҳои қалбакӣ дар Душанбе

Мақомот дар Душанбе як корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруҳои қалбакиро ошкор ва ду касро бо гумони истеҳсолу муомилоти доруҳои қалбакӣ боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар гузориши мақомот, ки телевизиони “Тоҷикистон” нашр кардааст, аз гумонбарон Олимхон Абдурашидзода ва Абдураҳим Ҷабборов, сокинони шаҳри Душанбе ном бурда мешавад. Ба қавли манбаъ, боздоштшудаҳо давоми ду соли охир ба истеҳсолу муолимоти доруҳои қалбакӣ даст зада, ин маҳсулотро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе…

Дастури Рустами Эмомалӣ барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқ ва гармӣ дар фасли зимистон

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулон супориш додааст, ки барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқу гармӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал дар бозорҳо дар фасли зимистон “корҳоро тақвият бахшанд”. Ҳамчунин, шаҳрдор ба зерсохтҳои соҳавӣ дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати “Руфтоб” масъалаи насби панелҳои офтобиро дар ҳама корхонаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият корбарӣ кунанд. Хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки ин нуктаҳо дар Иҷлосияи ҳафтуми…

Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон кам шудааст. Кӣ бештар ёрӣ мекунад?

Дар нуҳ моҳ ( январ–сентябр)-и соли равон Тоҷикистони 25,3 млн доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 млн доллар ё худ 46,3% камтар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар. Ба иттилои манбаъ, вазни умумии ёриҳои воридшуда, 8901,4 тоннаро ташкил додааст. Дар ҳоле ки дар нуҳ моҳи соли 2025 ин нишондиҳанда ба 18 606,9 тонна баробар буд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми воқеии кумакҳо 52,2% коҳиш ёфтааст. Шумораи кишварҳои кумакрасон низ кам шудааст. Дар нуҳ…

Боздошти як зан бо гумони рабудани навзод аз таваллудхонаи №1-и Душанбе

Пулиси шаҳри Душанбе расман қазияи дуздии кӯдаки навзод аз зоишгоҳи №1-и пойтахтро шарҳ дод. Ин ниҳод дар гузорише, ки рӯзи 21-уми октябр нашр шуд, гуфт, бо гумони рабудани ин тифл Зарина Саймуддиноваи 26-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт шудааст. Саймуддинова дар гузориши мақомот мегӯяд, 6 сол боз оиладор аст, вале соҳиби фарзанд нашудааст. Ба гуфтаи худи ӯ, аз ин сабаб дар хаёли аз ҷое пайдо кардани тифле буд. “ Боздоштшуда дар идома мегӯяд, ӯ бо пӯшидани либоси пизишкии…

“Тоҷи Сомон”: Беҳтаринҳо чӣ гуна интихоб шуданд?

Дирӯз, 19-уми октябр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ҷамъбаст ва ғолибон эълон шуданд. Ин ҷашнвора 15-ум октябр оғоз шуд ва 5 рӯз идома кард. Давоми ин рӯзҳо беш аз 30 филме, ки пештар доварон аз миёни 100 филми ватании барои озмун пешниҳодшуда интихоб карда буданд, манзури тамошобинон шуд. Дар умум, ҳудуди 40 филм ба рӯйхати филмҳое ворид шуданд, ки барои ғолибият дар номинаҳои гуногун рақобат карданд. Муфассал дар гузориши мо тамошо…

Мирзиёев хост, низоми сафар бо шиносномаҳои дохилӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон тезтар ҷорӣ шавад

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостори тезтар иҷро шудани низоми сафар бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо миёни ду кишвар шудааст. Дар ин бора хабаргузории узбекистонии “UzDaily.uz” гузориш дода, навиштааст, ки ин масъала рӯзи 19-уми октябр дар дидори ҷонибҳо дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шудааст. “ “Ҳамчунин ба мо зарур аст, ки ҷорӣ кардани низоми убури марз тавассути ID-кортҳоро суръат бахшем. Зеро ҳаҷми ҳамлу нақли…