XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Ҷомеа – Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Қабули Кодекси нави экологӣ дар Тоҷикистон: барои корхонаҳо ва шаҳрвандон чӣ тағйир меёбад?

Кодекси нави экологии Тоҷикистон, ки 21-уми октябри соли 2026 ба имзо расид, меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табииро дар як санад муттаҳид кардааст. Он усули “ифлоскунанда пардохт мекунад”-ро муқаррар карда, талаботи нав нисбат ба партовҳо, мониторинги рақамии экологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастрасии аҳолӣ ба иттилооти экологиро ҷорӣ мекунад. Кадом муқаррароти Кодекс махсусан муҳиманд ва онҳо дар амал чӣ маъно доранд? Ифлос кардӣ — пардохт кун Дар Кодекс усули…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шаби эҷодии коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Нозим Меликов баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба 35-солагии фаъолияти ҳунарии ӯ бахшида шуда, дӯстдорони театр, ҳамкорону ҳамкасбонашро гирди ҳам меорад. Дӯстдорони театр метавонанд дар ин шаб бо роҳи эҷодӣ ва дастовардҳои 35-солаи ҳунарманд ошно шаванд. – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми…

Тағйироти кадрӣ: аз барканории раиси “Тоҷик Эйр” то таъини раисони нав дар 11 шаҳру ноҳия

Имрӯз 4-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон раиси “Тоҷик Эйр”, роҳбари Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ, муовинони раиси ВМКБ, раисони Хоруғу Дарвоз ва нуҳ шаҳру навоҳии дигари вилояти Хатлонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои нав таъин кард. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, бо қарори ҳукумати кишвар Парвиз Шодмонзода, аз роҳбарии ширкати “Тоҷик Эйр” барканор шудааст. Дар қарори ҳукумат сабаби барканории ӯ шарҳ дода нашудааст. Шодмонзода аз охири моҳи сентябри соли…

Сел дар Тоҷикистон: кадом минтақаҳо бештар ба муҳофизат ниёз доранд?

Барои Тоҷикистон сел як падидаи мунтазами табиӣ ба ҳисоб мераванд, бахусус дар баҳору тирамоҳ. Ҳукумат барои мустаҳкамсозии соҳилҳо ва пешгирӣ аз сел садҳо миллион сомонӣ ҷудо мекунад, вале сел ҳамоно роҳу хона, наҳр (канал) ва заминҳои киштро хароб мекунанд. Имрӯз кишвар худро аз ин хатар чӣ гуна муҳофизат мекунад? Дар шаш моҳ (январ–июн)-и соли равон дар кишвар 741 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиӣ сабт шудааст. Аз ин, 123 сел, ки маҳз онҳо сабаби марги 7 кас шудаанд. Зарари иқтисодӣ аз…

Лаҳистон кафшергарону дӯзандаҳои тоҷикро ба кор даъват кардааст. Маош чанд ва талабот чист?

Хадамоти муҳоҷирати Вазорату кору муҳоҷирати Тоҷикистон кафшергарону дӯзандаҳои тоҷикро ба кор дар Лаҳистон (Полша) даъват кардааст. Ба қавли мақомот, маоши кормандон аз 9 доллар дар як соат оғоз мешавад. Ин ниҳод рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки ба корфармоён кафшергарони дорои тахассуси “MIG”, “MAG” ва “TIG” ҷалб мешаванд ва талаботи қабули онҳо чунин аст: аз 23 то 45-сола; доштани диплом, гувоҳнома ё ҳуҷҷати дигари кафшергарӣ; донистани забони русӣ ё англисӣ; доштани малакаҳои касбӣ ва таҷрибаи…

Кореяи Ҷанубӣ барои рушди нақлиёти ҳушманд ба Душанбе $1,9 млн медиҳад

Кореяи Ҷанубӣ барои рушди низоми ҳушманди нақлиёт ба шаҳри Душанбе то 1,9 млн доллар кумаки бебозгашт ё грант медиҳад. Санади дахлдорро намояндагони шаҳрдории Душанбе ва Вазорати замин, зерсохтор ва нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расонидаанд. Ин санад барои ҷалби маблағгузорӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми идоракунии ҳушманди нақлиёти шаҳрӣ шароит фароҳам меорад. Тавре шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ин тавофуқ дар ҷараёни сафари кории ҳайати Душанбе ба Кореяи Ҷанубӣ, ки аз 2 то 6 -уми ноябр идома…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 112

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду дувоздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 112 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Тоҷикистонро аз хавфи вобастагӣ ба муҳоҷирати корӣ огоҳ карданд

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш сатҳи бекорӣ ва дастгирии даромади аҳолӣ мусоидат мекунад, вале дар дарозмуддат нигоҳ доштани ҳаҷми кунунии муҳоҷират мушкилтар хоҳад шуд. Ин нукта дар гузориши нави Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР) бо номи “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва мушкилот” зикр мешавад. Ин пажӯҳиш 29-уми октябр дар шаҳри Остона дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони “Дар роҳи рушди мутавозини иқтисодӣ” муаррифӣ шуд. Бино ба арзёбии…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми эронӣ Ҷавод Ҳасанзод Муқаддам (Ҷовид) таҳти унвони “Бозгашт” идома дорад. Ин намоиш имкони муносибест барои шиносоӣ бо ҷаҳони эҷодӣ, андешаҳои ҳунарӣ ва нигоҳи хоси рассом ба зебоӣ ва воқеияти зиндагӣ. Намоиш то 10 ноябри соли 2026 идома мекунад ва вуруд озод аст. – Дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии сирки амрикоии “Экстрим” баргузор мешавад. Дар барнома чунин…

“Қадршиносӣ аз хидмати чандсола”. Эҳсоси ду ҳунарманди тоҷик, ки бо нишони “Дӯстӣ”-и Қазоқистон сарфароз шуданд

Нуралӣ Шерматзода, мутриб ва узви ансамбли “Дарё” ва Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар бо нишони “Дӯстӣ” дараҷаи 2-и Қазоқистон қардонӣ шуданд. Дар аввалин суҳбат онҳо эҳсоси худро барои хонандагони “Азия-Плюс” иброз доштанд. Нишонҳоро ба санъаткорони тоҷик рӯзи 30-юми октябр Эрлан Карин, ноиби раисҷумҳури Қазоқистон дар маросими қадрдонии ходимони фарҳанг ва санъати Осиёи Марказӣ дар…

Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд. Ифтитоҳи корхонаву меҳмонхона ва шиносоӣ бо тарҳи сохтмони роҳ ва пулҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи сеюми сафари кории худ ба Суғд дар Хуҷанд корхонаи нӯшобаҳои ширкати “Райан” ва меҳмонхонаи “Форел Платинум” ифтитоҳ карда, тариқи фосилавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳашт иншооти гуногунро ба истифода дода, бо тарҳи сохтмони роҳҳои мошингузар ва пулҳо шинос шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, корхонаи нӯшобаҳои ширкати “Райан” дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд аз ҷониби соҳибкорон Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо…

Пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи сулҳ ба номи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳизби коммунист

Зарагул Мирасанова рӯзи 31-уми октябр дар маҷлиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) иҷрокунандаи вазифаи раис интихоб шудааст. Ӯ аз соли 2021 муовини аввали раиси ҲКТ буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳизб мехоҳад ҷавононро ба сафи худ ҷалб кунад, ба муҳоҷирон ёрӣ расонад ва анҷуманро соли 2027 баргузор намояд. “ “Ин масъулияти вазнин аст. Ҷавобаш дар назди коммунистҳо ва дар назди ҷомеа сангин аст. Мо дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон фаъолият хоҳем кард”, – гуфт Мирасанова.…

Одил Дониш, абераи Аҳмади Дониш дар Душанбе. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва чӣ гуфт?

Одил Дониш, соҳибкор ва абераи Аҳмади Дониш, мутафаккири бузурги тоҷик, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ба Тоҷикистон омад, баъди ширкат дар як ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ, бо чанд вазир, доираҳои илмиву адабӣ ва дипломатҳои кишвар дидору гуфтугӯ кардааст. Ба иттилои Вазорати саноат ва фанновариҳои нав, Одил Дониш бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омада, дар ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ – “AICONF-2026”, ки рӯзҳои 30 ва 31-уми октябр дар пойтахт баргузор шуд, ширкат…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 111

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду ёздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 111 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…

Нақшаи даъват ба артиш дар як моҳ беш аз 97% иҷро шудааст

Вазорати дифои кишвар эълон кард, ки дар як моҳ нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ беш аз 97% иҷро шудааст. Мавсимии тирамоҳии даъват ба аскарӣ рӯзи 1-уми октябр оғоз шуд ва то охири моҳи ноябр давом меёбад. Ба гуфтаи манбаъ, то кунун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро пеш аз муҳлат ба охир расондаанд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақшаро 99,6% пур кардааст. “ “Вилояти Суғд дар як моҳ нақшаи…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 17:00 дар толори синамои “Ватан” дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ барои Черчилл” баргузор мешавад. Даромад озод аст. Ин филм дар асоси ҳикояи ҳамноми нависандаи тоҷик Холмурод Шарифов ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳия шудааст. Нигина Раҷабова ва Орзумурод Шарифов, коргардонии филми “Моҳӣ барои Черчилл”-ро ба уҳда дошта, нақшофарони он дар сеюмин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” се ҷоиза, аз ҷумла “Беҳтарин наворбардор”…

Ифтитоҳи чанд мактабу кӯдакистон, корхонаҳои нав ва ширкат дар Иди картошка. Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ ба вилояти Суғд дар Шаҳристон, Истаравшан ва Деваштич иншооти гуногун, аз ҷумла чанд мактабу кӯдакистон, майдони Парчами давлатӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавотро ифтитоҳ ва дар Иди картошка ширкат кардааст. Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки нахуст бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон кӯдакистони хусусии “Ғунчаи Баҳор” кушода шудааст. Ин бино аз сӯйи соҳибкор Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак…

“Эҳёгари тамаддуни ориёӣ дар адабиёт”. Дар Душанбе аз Салимшо Ҳалимшо ёд карданд

Рӯзи 30-юми октябр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода дар Душанбе ба муносибати 90-солагии шоир ва рӯзноманигор Салимшо Ҳалимшо маҳфили “Салимшо Ҳалимшо – эҳёгари тамаддуни ориёӣ дар адабиёт” баргузор шуд ва муҳаққиқону адибон дар бораи қасидаҳои шоир ва мавзӯи офариниш дар ашъори ӯ маърӯза карданд. Маҳфил бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир шуд. Дар он намояндагони аҳли илму адаб, ҳамқаламони шоир ва сарояндагон Ширинмоҳ Ниҳолова ва Шуҳрат Сайнаков иштирок карданд.…

Додгоҳе дар ИМА оғози қуръакашии “Green Card – 2027”-ро дубора боздошт

Рӯзи 29-уми октябри соли равон Додгоҳи федералии таҷдиди назари ҳавзаи нуҳуми ИМА, иҷрои қарори додгоҳи зинаи поёниро, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро вазифадор мекард, сабтином барои иштирок дар қуръакашӣ (лотерея)-и “Корти сабз” ё Green Card (Diversity Visa) барои соли 2027-ро аз сар гирад, муваққатан боздошт. Дар ин бора “Bloomberg Law” хабар медиҳад. Чаро додгоҳ қарори худро тағйир дод? Қаблан, рӯзи 14-уми октябр Ҷинсук Охта, додраси Додгоҳи ҳавзавии ҳавзаи ҷанубии Калифорния, Вазорати…

Дар Суғд чанд корхонаи нав, мактабу кӯдакистон ва марказҳои хидматрасонӣ ба истифода дода шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 1-уми ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Конибодом 18 иншоот ба истифода дод, ки аз ин, 7 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон 2 мактаб, 1 коллеҷи тиббӣ ва 5 маркази хидматрасонӣ мебошад. Тавре хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон “бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон” ба вилояти Суғд…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 110

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду даҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 110 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…

Борониву пуршамол: ҳавои моҳи ноябр дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар тамоми кишвар аз 30 дараҷа поин рафта, боришот аз меъёр зиёд мешавад. Шиддати шамол пурзӯр мегардад ва гарду ғубор пешгӯӣ намешавад. Дар ин бора Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво баъзан 1-2 дараҷа аз меъёр баланд шуда, дар водиҳо 9+13 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 7+9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ, ҳаво дар водиҳо асосан шабона 11+16 ва рӯзона 21+26 дараҷа…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми эронӣ Ҷавод Ҳасанзод Муқаддам (Ҷовид) таҳти унвони “Бозгашт” идома дорад. Ин намоиш имкони муносибест барои шиносоӣ бо ҷаҳони эҷодӣ, андешаҳои ҳунарӣ ва нигоҳи хоси рассом ба зебоӣ ва воқеияти зиндагӣ. Намоиш то 10 ноябри соли 2026 идома мекунад ва вуруд озод аст. – Дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии сирки амрикоии “Экстрим” баргузор мешавад. Дар барнома…

Нигин Аҳмаднажод – эроние, ки “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон шуд, кист ва чӣ корнома дорад?

Нигин Алӣ Аҳмаднажод, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, дар озмуни “Донишҷӯи сол” дар Душанбе миёни хориҷиён ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ӯ зодаи шаҳри Теҳрони Эрон аст ва дар риштаи забоншиносӣ, бахши забони олмонӣ таҳсил мекунад. “Азия-Плюс” бо ӯ атрофи таҳсил дар Тоҷикистон, озмун, забону фарҳангу таърихи яки тоҷикистониёну эрониён ва аҳдофаш гуфтугӯ кард. Нигин мегӯяд, ба Тоҷикистон аслан бо нияти таҳсил наомада буд, мехост аз ин ҷо ба кишвари дигар сафар кунад. “Дар…

Аз дуздии навзод то қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд?

Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва чанд қазияи пурсарусадо сипарӣ шуд. Аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш ва дуздии навзод аз таваллудхонаи Душанбе то Синамоиҷашнвораи “Тоҷи сомон”-у ҷашнвораи театрҳои лӯхтак ва қаҳрамонии муҳоҷирон дар Русия аз рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки давоми моҳ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор доштанд. “Азия-Плюс” муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи октябрро гирд овард. Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш 1-уми октябр мавсими…

Ғанисозӣ бо моддаҳои кимиёӣ нархи ордро гарон мекунад?

Аз 1 сентябр орди навъҳои олӣ ва якум дар бозори дохилӣ бояд бо оҳан, руҳ ва витаминҳои B9 ва B12 ғансозӣ ва намаки ошӣ йоднок карда шавад. Маҳз кадом моддаҳоро ба маҳсулот илова мекунанд, ин барои чӣ зарур аст, оё чунин орд метавонад хатарнок бошад ва оё воқеан талаботи нав боиси болоравии нархҳо мешавад? Чаро орд ғанӣ гардонида шудаву намакро йоднок мекунанд? Дар Вазорати тандурустӣ шарҳ доданд, ки талаботи нав ба паҳншавии то ҳол зиёди норасоии микроэлементҳо, пеш аз ҳама оҳан ва йод,…

Ҳосили зардолу 36% кам шуд. Тағйирёбии иқлим ба кишоварзони тоҷик чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳосили зардолу дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон (январ–сентябр) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,8% коҳиш ёфтааст. Сардиҳои баҳор, гармии шадид дар тобистон ва норасоии намӣ, хавфҳоро барои кишоварзон бештар мекунанд, дар ҳоле ки мутобиқшавӣ ба шароити нав маблағ талаб мекунад, ки бисёре аз хоҷагиҳо онро надоранд. Дар зери дарахти себ, дар сояи камшумори шоху баргҳои он, деҳқоне нишаста, ба боғи худ менигарад. Дар атроф, заминҳои аз офтоб сӯхта, адирҳои хушк ва теппаҳои пургарду…

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Асилзодае, ки Шӯравӣ падарашро кушт, аммо натавонист иродаашро бишканад

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ – ҳарҷанд ӯ мақоми расмии Қаҳрамони Тоҷикистон надорад, вале бисёре аз аҳли илму адаб бар онанд, ки Шакурӣ дар як сатҳ бо қаҳрамонҳо қарор дорад. Барои кадом хидматаш ӯ ин мартабаи волоро соҳиб шуд ва чаро дар як радиф бо қаҳрамонҳо аст? Дар нашри нави лоиҳаи “Тоҷикон” бубинед. Тамошои навор: Шӯравӣ падарашро кушт, вале ҳувияту иродаашро – на! Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро дар доираи лоиҳа “Азия-Плюс” ҳамроҳ бо ширкати ватании сармоягузориву…

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират мегӯяд, беш аз 3,7 млн сомонӣ қарзи муҳоҷиронро аз корфармоён рӯёнидааст

Дар 10 моҳи аввали имсол 32 миллиону 523 ҳазору 239 рубл (қариб 3 млн 721 ҳазор сомонӣ) музди кори пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба онҳо бозгардонида шудааст. Дар ин бора имрӯз, 30-юми октябр Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, гуфт, ки ин миқдори пулро дар пайи муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон аз корфармоён дар Русия рӯёнда, ба онҳо баргардонидааст. Маълум нест, ки далели сари вақт пардохт нашудани маоши муҳоҷирон чӣ будааст. Шикоят аз надодани…

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Маркази аутизм, чанд корхонаи истеҳсолӣ ва меҳмонхонаи “Radisson”-ро ба истифода дод

Имрӯз, 30-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бинои нави Маркази аутизм ё дархудмондагӣ, чанд корхонаи истеҳсоли дору, дару тиреза ва шиша, меҳмонхонаи “Radisson collection Dushanbe”-ро ба истифода дода, ба сохтмони Маркази пайванди узвҳо ва бофтаҳои бадан ва чанд иншооти дигар санги асос гузошт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур,Маркази дархудмондагӣ, барои ташхису табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои аутизм, синдром “Дауна”, фалаҷи кӯдаконаи майнаи…