XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Ҷомеа – Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз дар шаҳри Чэндуи Чин мусобиқаи Ҷоми Панда (Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu) оғоз мешавад, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар он ширкат мекунад. Имрӯз дар доираи ин мусобиқа ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Куриёи Ҷанубӣ рақобат мекунанд. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 2004 – Раванди супоридан ва қабули сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз сӯи сарҳадбонони Русия ба ихтиёри сарҳадбонони Тоҷикистон оғоз ёфт. Соли 2010 –…

Мавқеи олимпии ҷудокорони тоҷик дар роҳ ба Олимпиадаи Лос-Анҷелес-2028

То Бозиҳои олимпии соли 2028 камтар аз ду сол боқӣ мондааст, аммо мубориза барои ба даст овардани роҳхатҳо аллакай, оғоз ёфтааст. Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии махсуси олимпиро пеш мебарад, ки дар асоси он пас аз анҷоми давраи интихобӣ, роҳхатҳо тақсим карда мешаванд. То имрӯз Муҳиддин Асадуллоев, беҳтарин намояндаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ мебошад. Ӯ дар вазни 73 кг бо касби 410 имтиёз дар зинаи 17-ум қарор дорад. Дар миёни варзишгарони мо, пас аз ӯ Эмомалӣ Нуралӣ ҷой…

“Ман меравам, “Сармаддеҳ” мемонад”. Аз даргузашти Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” шаш сол гузашт

Аз даргузашти Баҳманёр Аминӣ, яке аз хушномтарин адибони муосири тоҷик ва ба ибораи дигар шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ” шаш сол гузашт. Ӯ субҳи 10-уми ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Насри муосири тоҷик нависандаеро бо ин бузургӣ ва шаҳомат кам дошт. Осори гаронбаҳои Баҳманёр – шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ” алоқамандони зиёде дар қаламрави забони форсӣ дошт ва яқин аст, ки хоҳад дошт. То ҳол шахсиятҳои зиёде аз марги ин нависандаи тавоно афсусу надомат мехӯранд ва марги ӯро талафоти…

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10-сомонӣ”. Мақомот беш аз 260 ронандаро ҷарима кардаанд

Пулиси Душанбе эълон кард, ки дар панҷ рӯз 264 ронандаро, ки зоҳиран қисми зиёди онҳо ба истилоҳ таксиҳои “10-сомонӣ” ҳастанд, барои кирокашии ғайриқонунӣ ҷарима кардааст. Дар байни онҳо ронандагони машруткаҳо ҳам дида мешаванд. Ин ниҳод рӯзҳои 6 ва 9-уми ноябр бо нашри ду хабари алоҳида гуфт, ки ин мавридҳои ғайриқонунӣ ба мусофирбарӣ машғул будани ронандаҳоро дар якҷоягӣ бо маркази “Шаҳри бехатар” ошкор кардааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ду рӯзи аввал 136 мавриди ба кирокашии ғайриқонунӣ…

170 хона. Дар Қирғизистон хонаҳои аз Тоҷикистон гирифтаро ба сокинон медиҳанд

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон барои тақсими 170 хонае, ки дар натиҷаи табодули қаламравҳо бо Тоҷикистон ба ин кишвар дода шуд, омодагӣ мебинанд. Дар ин бора хабаргузории “Фарғона” бо истинод ба расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳад. Дар маҷмӯъ, 213 хона ба ҷониби Қирғизистон гузашт, ки аз ин, 170 хона барои зиндагӣ мувофиқ дониста шудааст. Онҳо гурӯҳи кории вилоятӣ, таҳти роҳбарии Бактибек Токсонбоев, муовини аввали намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд тақсим…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 115

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду понздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 115 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИИ МУҲИМ – Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагон маҳфили омӯзишӣ баргузор мешавад. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи пулис (милитсия)-и тоҷик таҷлил мешавад. Сарчашмаи ин ид ба ҳокимияти шӯравӣ бармехӯрад. 10-уми ноябр соли 1917 (пас аз Инқилоби Октябр), пулис ҳамчун ниҳоди расмии ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ бо қарори Комиссариати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Он замон лозим буд, ки як сохтори ягона барои нигоҳ доштани қонун ва тартибот дар давраи…

“Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”

Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шаби 8 ба 9-уми ноябри соли 1977 дар як ҳодисаи мармуз дар Бағдод ҷон бохт. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе ба хок супорида шуд. Нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар санъати миллӣ басо арзишманд дониста мешавад ва намоишҳои офаридаи ӯ дар мисоли “Гуфтугӯ бо худ” ва “Алломаи Адҳам” шоҳкории санъати асил ҳисоб шуда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил гардидаанд. Ӯ 38 сол умр дид ва дар камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Бо гузашти қариб 50 сол…

Дар сегонаи беҳтаринҳо: мунтахаби кишвар дар қаҳрамонии ҷаҳонии кураш шаш медал гирифт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии 15-уми ҷаҳони куштии кураш дар Остона шаш медал — ду тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст овард. Дар рӯзи охирини мусобиқа, Ҳақназар Назаров, варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд ва Саидҷамол Алимардонов нишони биринҷӣ ба даст овард. Имсол пойтахти Қазоқистон бори аввал мизбони ин мусобиқот буд. Он дар Қасри ҳунарҳои размии Остона баргузор шуда, барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз натиҷаҳои назаррас буд. Пас аз ба даст овардани чор нишон дар рӯзи…

Амрико як зодаи дигари Тоҷикистонро таҳрим кардааст

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Алишер Домуллоҷонов (Хайруллоевич)-ро, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро доштааст, ба рӯйхати таҳримҳо ворид кардааст. Номи ӯ дар сомонаи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи Амркио (OFAC) дар доираи барномаи маҳдудиятҳои марбут ба силоҳҳои муқаррарии Эрон нашр шудааст. Тибқи маълумоти ин ниҳод, Домуллоҷонов 29 -уми ноябри соли 1989 дар Душанбе таваллуд шуда, дар сабти таҳримҳо суроғаи маҳалли зисти кунунии ӯ — деҳаи Хрипани ноҳияи Раменски вилояти…

Мавсими “шикори хлопушка” бо боздошти як ҷавон оғоз шуд. Барои воридоту истифодаи маводҳои оташзо чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Мавсими имсолаи мусодираи маводҳои оташзо ё ба истилоҳи маъмул, “шикори хлопушка”, бо боздошти як ҷавон ба иттиҳоми муомилоти маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ) шуруъ шуд. Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз, 9-уми ноябр, аз гумонбар Назир Эргашбоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном бурда, гуфт, ки ӯ рӯзи 29-уми октябр 986 қуттии калони маводи отшазои тамғаи “Trenia X”-ро ба арзиши 24 ҳазору 650 сомонӣ аз шаҳрвандони як кишвари ҳамсоя харидорӣ ва бо ҳадафи фурӯш ба таври пинҳонӣ вориди Тоҷикистон…

Ҳадди инҳисори ширкат дар бозор ба 40% расонида шуд. Қонуни нави рақобат ба нархи бозор чӣ таъсир мерасонад?

Қонуни нави ҳимояи рақобат, ки чанде пеш қабул шуд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваколатҳои бештар дод: ҳоло ин ниҳод метавонад ширкатҳоро бе огоҳӣ санҷад, муттаҳидшавии онҳоро баррасӣ ва кумаки давлатиро ба онҳо назорат кунад. Ҳамчунин, ҳадди инҳисори ширкат дар бозор аз 35 ба то 40% баланд шуд. Қонуни нав 28 модда дорад ва қонуни соли 2017-ро иваз мекунад. Маҷлиси намояндагон онро рӯзи 26-уми июн, Маҷлиси миллӣ рӯзи 17-уми октябр қабул карданд ва раисҷумҳур рӯзи 21-уми октябр имзо гузошт. Пас аз…

Наздики 7 ҳазор сомонӣ ҷарима. Барои додани корт ва ҳамёнҳои электронӣ ба дигарон ҷазо таъйин шуд

Барои додани кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба дигарон дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ таъйин шуд. Тибқи тағйирот, барои ғайриқонунӣ додан, фурӯхтан, харидан ё паҳн кардани кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти онҳо бо ҳадафи ғаразнок ҷарима ва мусодираи ашё пешбинӣ мешавад. Ин кор бар асоси иловаи 2-и моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – “Муомилоти ғайриқонунии воситаи электронии пардохтӣ”, ки рӯзи 21-уми октябр ба он ворид шуд, сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон,…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 114

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду чордаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 114 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Меҳмонхонаву қаҳвахона ва корхонаҳо. Ҷойҳои корӣ бештар дар куҷо таъсис дода мешаванд?

Тақрибан 60%-и ҷойҳои кории амалкунанда бар ширкатҳои навтаъсис рост меояд. Чунин ҳисоб дар гузориши Бунёди авруосиёии суботу рушд (БАСР) таҳти унвони “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва мушкилот” зикр мешавад. Муаллифон аз маълумоти пурсишҳои корхонаҳои Бонки ҷаҳонӣ истифода кардаанд. Таҳқиқот Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро фаро мегирад. Тибқи натиҷаҳои пурсиш, саҳми корхонаҳои нав дар нишондиҳандаи таъсиси ҷойҳои корӣ дар Қазоқистон 44% ва дар…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони ифтитоҳи Консулгарии кулли Тоҷикистондаро шаҳри Екатеринбурги Русия имзо кард. Соли 2018 – Дар ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” муаррифӣ шуд. Соли 2018 – Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ба…

Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва як аз бонувони саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, 89-сола шуд. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатӣ (миллӣ)-и Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат, ӯро ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Номбурда солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст. Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик, сангин ва пурпечутоб буд, аммо ӯ бо масъулиятшиносӣ ва кордонӣ ин пайроҳаро тай карда, тавре худаш…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 ноябри соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 2006 – Бонки нав бо номи “Бонки рушди Тоҷикистон” ифтитоҳ ёфт. Соли 2016 – Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад. Ба шахси айбдоршаванда мутобиқи моддаи 137, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Дар ин модда ҳамчунин, барои анҷоми чунин амал бо истифода аз матбуот, дигар васоити ахбори умум ё шабакаи…

“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба муносибати зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов

Ин мусоҳибаи ҳашт соли пеш аст (24-уми декабри соли 2018), ки ба муносибати нақши ҳамеша барҷою мондагори Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди пуровозаи театру синамои тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Имрӯз, ба ифтихори солрӯзи ин ҳунарманди асил, ки соли 2021 моро тарк гуфт, бори дигар бознашр мешавад. Ҳунарманди машҳури тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқовро дар хонааш, ҳамроҳ бо ҳамсараш Шарофат Рашидова, ки низ ҳунарпеша аст, дарёфтем. Ҳарчанд хабар доштем, ки чанде пештар…

Аз ҳуши маснӯӣ то воридоти маҳсулоти нафтӣ. Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ин ҳуҷҷатҳо имрӯз, 7-уми ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳурони ду давлат дар Остона имзо шудааст. Истиқболи расмӣ аз Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 7-уми ноябр Қосимҷомарт Тоқаев дар Қасри Сафед (Ақорда), аз Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафта буд, расман истиқбол кард. Ба…

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз имкони истифодаи ҳуши маснӯӣ аз сӯйи гурӯҳҳои даҳшатафкан

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти “Раванди Ақаба” дар бораи таъмини амният дар соҳаи ҳуши маснуӣ аз он ки гурӯҳу созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро ва тундгаро метавонанд аз фанновариҳои рақамӣ истифода баранд, изҳори нигаронӣ кардааст. Ин нишаст рӯзи 6-уми ноябр, бо ширкати раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Подшоҳи Урдуну вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар шаҳри Остона баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳуши маснуӣ гуфтааст, ки дар айни…

Аз соли оянда муҳоҷирон дар Русия барои фарзандон ва дигар аъзои оилаашон андози зиёдтар пардохт мекунанд

Аз 1-уми январи соли 2027 дар Русия қоидаҳои пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои хориҷиҳои коргар тағйир меёбанд. Муҳоҷироне, ки фарзанд ё дигар аъзои оилаашон дар Русия зиндагӣ мекунанд ва таҳти саробонии онҳо қарор доранд, маҷбур мешаванд, ки андози бештар пардохт кунанд. Тавре Майя Шевтсова, вакили дифоъ, мушовири Палатаи федералии вакилони дифои Русия ба хабаргузории ТАСС шарҳ додааст, ки сухан дар бораи зиёд кардани пардохти андози мавҷуда (сухан дар бораи маблағи патент…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Маҳз 7-уми ноябри соли 1929 дар пойтахти Тоҷикистон аввалин театри касбии тоҷик, ки имрӯз Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ном дорад, таъсис ёфт. Бинои ин театр дар “Хонаи деҳқонон” (бинои театри русии ба номи В. Маяковский, ки ду сол пеш чаппа карда шуд) воқеъ буд ва аввалин намоишномаи фарогири он “Ду коммунист” ном дошт. Баъдтар, маҳз дар ин рӯз, 7-уми ноябри соли 1937 Театри давлатии драмаи русии ба номи…

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!

Имсол аз қабули Конститутсия ё худ қонуни асосии Тоҷикистон 32-сол пур мешавад. Он се сол пас аз эълони истиқлоли давлатӣ, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ, 6-уми ноябри соли 1994 бо райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Дар ин муддат, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистонро…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми эронӣ Ҷавод Ҳасанзод Муқаддам (Ҷовид) таҳти унвони “Бозгашт” идома дорад. Ин намоиш имкони муносибест барои шиносоӣ бо ҷаҳони эҷодӣ, андешаҳои ҳунарӣ ва нигоҳи хоси рассом ба зебоӣ ва воқеияти зиндагӣ. Намоиш то 10 ноябри соли 2026 идома мекунад ва вуруд озод аст. – Дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии сирки амрикоии “Экстрим” баргузор мешавад. Он 31-уми октябр оғоз…

Муъҷиза аст, на афсона! Тоҷикон баландтарин сарбанди ҷаҳонро чӣ гуна месозанд?

Бёнёди НБО “Роғун” бо баландтарин сарбанд дар ҷаҳон дар баробари ифтихору нишона аз матонати халқи тоҷик, ҳамчунин эҳсоси масъулияту дақиқкорӣ низ ҳаст. Ҳар як хишти гузошта дар он зери заррабини натанҳо сокинони Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон низ қарор дорад. Зеро он бо баландтарин сарбанди худ иншооти камназир ва бо иқтидори тавлиди қариб 17 млрд кВт/соат барқ нерӯгоҳи муҳим барои Тоҷикистон ва минтақа хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки ҳар як хабари марбут ба сохтмони ин нерӯгоҳ мушикофона…

Дар Душанбе маҷмааи муосири дорусозӣ ба фаъолият оғоз кард

Дар шаҳри Душанбе маҷмааи истеҳсоли дорувории “Разес Фарма” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Ин маҷмаа яке аз корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ дар кишвар ба шумор рафта, ба таҳкими амнияти доруворӣ, рушди истеҳсоли ватанӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридоти дору равона шудааст. Ба иттилои ширкати “Разес Фарма”, маҷмаа ҳамчун корхонаи насли нав бунёд шуда, фанновариҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, зерсохтори…

Беш аз 100 роҳсози тоҷику чинӣ роҳи “Балҷувон – Сари Хосор”-ро месозанд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт аз маҳалли марҳалаи аввали бозсозии роҳи “Балҷувон – Сари Хосор” боздид ва бо роҳсозону муҳандисон мушкилиҳоро баррасӣ кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар марҳилаи аввали сохтмон, дар 15 нуқта 115 коргар, аз ҷумла 75 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Чин кор мекунанд. Вазорати нақлиёт хабар дод, ки вазир рӯзи 3-юми ноябр бо роҳсозон мулоқот карда, дар ҷараёни суҳбат хусусиятҳои татбиқи лоиҳа дар шароити кӯҳсор мавзуи калидӣ будааст. “ “Мутахассисон муайян карданд, ки бо…

Рустами Эмомалӣ дар Ӯзбекистон. Мулоқот бо Шавкат Мирзиёев ва тақдими нишон барои “Хидмати фидокорона”

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Тошканд бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон мулоқот кард. Пас аз вохӯрӣ, ба шаҳрдори Душанбе барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон нишон тақдим гардид. Рустами Эмомалиро дирӯз, 4-уми ноябр дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд-Ҳумо” муовини якуми раиси Маҷлиси олии Ӯзбекистон, ҳокими Тошканд ва дигар…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 113

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду сенздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 113 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…