Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бистуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 120 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…
Ҷ
Дар нуҳ моҳи аввали соли 2026, қариб 500 корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (ШТБ) беш аз 168,8 млн квт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд, ки зарари воридшуда қариб 51,3 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар пайи ин 400 корманди ШТБ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум 259 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамзамон, нисбати 89 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ дар асоси пешниҳоди ин ниҳод парвандаи ҷиноятӣ…
Ҷ
Барои як шаҳрванди Тоҷикистон, ки қасд дорад ба Маскав барои зиндагӣ ва кор равад, тахминан беш аз 80 ҳазор рубл лозим аст. Намояндагии Вазорати кор (меҳнат), муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ҳазинаи муҳоҷиронро дар сафар, иҷораи манзил ва хӯрока, ҳамчунин таҳияи ҳуҷҷат аз ҷумла, гирифтани иҷозатномаи кор (патент) барои соли 2026 таҳлил кардааст. Мақомот гуфтаанд, ки фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо маҷмӯи уҳдадориҳои молӣ ва расмиёти маъмурию ҳуқуқӣ…
Ҷ
Тоҷикистон ба радабандии ҷаҳонии рушди сайёҳӣ – “Travel & Tourism Development Index – 2026″, ки аз ҷониби Ҳамоиши (Форум)-и ҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо “Zurich Insurance Group” таҳия шудааст, шомил нашуд. Муаллифони таҳқиқот, сабаби хориҷ шудани кишвари моро аз ин феҳрист шарҳ надодаанд. Ба радабандӣ 110 давлат шомил шудаанд. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон мақоми 56-ум (4,09 хол), Ӯзбекистон мақоми 76-ум (3,69 хол) ва Қирғизистон мақоми 93-юмро (3,44 хол) касб кардаанд.…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду нуздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 119 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
Вазорати мудофиа эълон кард, ки рӯзи 15-уми ноябр, нақшаи ҷалби ҷавонон ба Артиши Тоҷикистон пеш аз муҳлат, 100% иҷро шудааст Маъракаи тирамоҳии даъват ба сарбозӣ ҳар сол аз 1-уми октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сол (солҳои таваллуди 1999-2008) ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб шуданд. Ба иттилои Вазорати дифоъ, нахустин шуда имсол шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро кардаанд. Пас аз он, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон,…
Ҷ
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 17:00 дар толори синамои “Ватан” нахустнамоиши омавии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Вуруд озод аст. – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5…
Ҷ
Вақте лашкари хунхори Чингиз ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум овард, ҳатто Муҳаммад Хоразмшоҳ, султони он замон давлаташро партофта, фирор кард. Аммо дар шаҳри Хуҷанд марди шуҷоъ ба муқовимат бархост ва ҳимояи ватанро ба зимма гирифт. Ӯ дар ҷазирае дар рӯди Сир қалъае сохт, киштиҳои зиреҳпӯш таҳия кард ва бо ҳазорҳо сарбози муғул муқовимат кард. Ин тоҷик кӣ буд ва чӣ тавр тавонист бар сари бузургтарин ва хунхортарин лашкари замонаш мушти обдор занад? Дар нашри навбатии лоиҳаи “Тоҷикон” бубинед. Тамошои…
Ҷ
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1932 – Комбинати абрешимбофии Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба кор оғоз кард. Соли 1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода…
Ҷ
Бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад, дар ҳар ду соҳили дарёи Вахш чӣ мегузарад ва мардум дар наздикии сохтмон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Рӯзи 29 октябр рӯзноманигорони «Азия-Плюс» ҳамроҳ бо гурӯҳи рӯзноманигорон аз сохтмони НБО «Роғун» боздид карданд. «Дар як сафар — 60 метри мукааб» Дар сохтмони НБО «Роғун» ҳаракат ҳатто як дақиқа қатъ намешавад. Дар роҳҳои васеи хокӣ пайи ҳам мошинҳои хидматӣ, боркашҳо ва худпартоҳои азими конӣ ҳаракат мекунанд. Дар қитъаҳои…
Ҷ
Тӯй аз беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар шахс аст. Аз ин лиҳоз, арӯсу домод кӯшиш мекунанд ин рӯз барояшон мондагор бошад. Барои хотирмон гузаштани лаҳзаҳои хонадоршавӣ аксбардориву сабти навор беҳтарин васила аст. Бароятон номгӯйи чанд макони зебо ва таърихиро дар шаҳри Душанбе ва атрофи он гирд овардем. Парлумони Тоҷикистон Парлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор дорад. Мавзеи назди бинои нави хуштарҳу зебо ба макони дӯстдоштаи сокинони пойтахт, бахусус, ҷавонон…
Ҷ
Дар гузориши нави Бонки осиёии рушд пешниҳод шудааст, ки тағйир додани синни нафақа дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти васеътар баррасӣ карда шавад. Маҳз чӣ пешниҳод шудааст, мақомот чӣ мегӯянд ва чунин тағйирот то чӣ андоза заруранд? Дар гузориши ташхисии кишварии Бонки осиёии рушд таҳти унвони “Тағйироти иқтисодӣ барои рушди устувор ва фарогир дар Тоҷикистон” пешниҳод шудааст, ки дар дурнамои дарозмуддат имкони тағйир додани синни нафақа баррасӣ карда шавад. Муаллифони гузориш навсозии низоми…
Ҷ
Саршумори бузҳои морхӯр ё худ пармашох дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузашт. Ҳанӯз дар аввали солҳои 1990-ум аз ин бузҳои нодири кӯҳӣ ҳамагӣ чандсад сар боқӣ монда буд. Чаро онҳо дар остонаи нестшавӣ қарор гирифтанд ва чӣ гуна муяссар шуд, ки саршуморашон барқарор карда шавад? Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, саршумори морхӯр ё бузи пармашох дар се даҳсолаи охир аз камтар аз 500 сар ба беш аз 7 ҳазор сар расидааст. Аммо чанд даҳсола пеш ин ҳайвонот дар остонаи нестшавӣ…
Ҷ
Душанбе мизбони Ҳамоиши байналмилалии зидди фасод шуд. Роҳҳои нави мубориза бо фасодкорӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва муаррифии “Портали шаффоф” дар меҳвари ҳамоиш қарор дошт. Ин дуввумин форуми байналмилалии зидди фасод дар Тоҷикистон аст ва дар он роҳбарони мақомоти зидди фасоди кишварҳои Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Белорус, Эрон ва намояндагони дигар сохторҳои соҳавӣ ширкат карданд. Онҳо дар робита ба таҳкими муносибатҳои байниидоравӣ дар самти муқовимат ба фасод андешаронӣ карданд.…
Ҷ
Рӯзи 12-уми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ба муносибати 70-солагии Марямбонуи Фарғонӣ, нависанда, шоир ва рӯзноманигори шинохта, маҳфили адабӣ баргузор шуд. Ҳамқаламон, ҳамкорон ва пайвандони нахустинбонуе, ки унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифт, аз роҳи эҷодӣ, ҷасорат ва тоҷикона гуфтану тоҷикнома навиштани Фарғонӣ ёд карданд. Маҳфилро Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, муовини раиси ИНТ гардонандагӣ карда, гуфт, ки тақдир ва эҷодиёти Марямбонуи Фарғонӣ бо тақдиру ормонҳои миллат…
Ҷ
Пас аз панҷ сол, билохира филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” – филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ду шоири шинохтаи асри 15 қисса мекунад, ба пардаи синамо мебарояд. 16-уми ноябр – нахустнамоиш Дирӯз, 12-уми ноябр дар “Тоҷикфилм” бо ширкати созандагону ҳунарпешаҳои филм нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар бораи харҷи филм аз ду тараф, теъдоди ҳунарпешаҳои нақшофар, мавзеъҳои наворбардорӣ, тӯл кашидани раванди тадвину рангпардозӣ, сабабҳои…
Ҷ
Имрӯз, 13-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пойтахти кишвар Беморхонаи байналмилалии Душанбе, бинои нави Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ва як корхонаи заргариро ба истифода додааст. Шуъбаи нави БДА-и Душанбе ва Маркази назорати чароғакҳои роҳнамо Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки бинои нави Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар Душанбе дорои 39 ҳуҷраи кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, ошхона, хобгоҳ ва китобхона буда, бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои пойтахт ҳам дар он…
Ҷ
Дар Тоҷикистон беш аз 716 ҳазор кӯдаки то 5-сола бар зидди бемориҳои сурхакон (сурхча) ва гулафшон моякӯбӣ (эм) шудаанд. Ин 97%-и нақшаи пешбинишуда аст, ки тибқи он, 735 ҳазору 400 кӯдак бояд моякӯбӣ мешуданд. Ба хотири фарогирии пурраи кӯдакон, муҳлати моякӯбӣ то 16-уми ноябр тамдид шудааст. Дар ин бора Турашоҳ Саймуддинов, муовини роҳбари Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика имрӯз, 13-уми ноябр ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Тибқи иттилои манбаъ, то рӯзи 12-уми ноябр 716, ҳазору 595 кӯдак бар…
Ҷ
Зиёда аз сеяки кормандони кирояи Тоҷикистон дар бахши буҷет кор мекунанд. Аммо маоши онҳо нисбат ба музди меҳнат дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноат, хеле кам аст. Ин ҳолат, аз ҷумла ба интихоби касбҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ аз сӯи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Чунин хулосаҳо дар таҳқиқоти нави Сундуқ (Фонд)-и авруосиёии субот ва рушд (САСР) таҳти унвони “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва чолишҳо” зикр шудааст. Таҳқиқот ба вазъи бозори меҳнати чаҳор кишвар — Тоҷикистон,…
Ҷ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 12-уми ноябр дар дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ кардааст. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки дар ин мулоқот “ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд”. Аммо ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накард. Ҳамчунин, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки дар шаҳри Маскав сурат гирифт, масъалаҳои таъмини амният ва субот дар…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду ҳаждадаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 118 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
Маркази исломии пажуҳиши роҳбурдии Уммон феҳристи “500 мусулмони бонуфуз”-и ҷаҳон барои соли 2027-ро нашр кард, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо номи Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё муфтии кишвар ҳаст. Ӯ ба бахши “Мудирияти умури динӣ”-и ин рӯйхат ворид шудааст. Муфтии Тоҷикистон дар феҳрасти нави 500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон дар зинаи 171-ум қарор гирифтаст. Ӯ соли гузашта дар зинаи 164-ум буд. Ин феҳрист дирӯз, 12-уми ноябр нашр шуд. Саидмукаррам Абдуқодирзода аз соли 2010…
Ҷ
Дар ин нашри барномаи мубоҳисавӣ (подкаст) мавзуи истифодаи ҳуши маснуӣ дар рӯзноманигории тоҷик ва паёмадҳои он баррасӣ шуд. Ҳуши маснуӣ то куҷо ба кори рӯзноманигорӣ кумак мекунад ва чӣ хатар дорад? Аз он чӣ гуна бояд истифода ва ҳамзамон худро ҳифз кард? Паёмадҳои истифодаи ҳуши маснуӣ дар рӯзноманигорӣ чӣ хоҳад буд? Талош барои дарёфти посух ба ин ва дигар саволҳо дар гуфтугӯ бо Рустам Гулов, мутахасиси фанновариҳои иттилоотӣ (IT) ва Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигору таҳқиқотгари тоҷик. Муфассал,…
Ҷ
Имсол дар Душанбе 39 бино ва иншооти нав бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Аз ҷумла, 27 бинои истиқоматӣ ва 12 мактабу боғча ва идораҳои давлатӣ бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар баробари ин, дар пойтахт биноҳое ҳастанд, ки то кунун ба низоми гармидиҳӣ пайваст нашудаанд. Тартиби пайваст шудани бино ва иншооти нав ба гармӣ чӣ гуна аст, барои ин кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст ва ба куҷо бояд муроҷиат кард? Ба ин ва дигар суолҳо масъулини Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе посух дорданд. –…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксадуҳабдадаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 117 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
Дар як моҳи охир, нархи миёнаи пиёз дар Тоҷикистон 60% — аз 2,5 то 4 сомонӣ гарон шуд. Дар баъзе нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе 1 килои онро 5–6 сомонӣ мефурӯшанд. Нархи карам, қаламфури булғорӣ ва картошка низ боло рафт, дар ҳоле ки помидор ва бодиринг арзон шудаанд. “Азия-Плюс” нархи даҳ сабзавотро дар як моҳ ва як сол муқоиса кард. Кадом сабзавот қимат ва кадоме арзон шуд? Дар як моҳ, аз 10 навъи сабзавот, 6-тояш боло рафт. Аз ҳама бештар нархи пиёз боло рафт. Пас аз он карам ва қаламфури…
Ҷ
Марямбонуи Фарғонӣ (Марям Эшонҷонова), нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик имрӯз, 11-уми ноябр 70-сола шуд. Моҳи август ӯ аввалин зане гардид, ки дар миёни 27 мард, унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифт. Марямбону солҳо дар мактаби зодгоҳаш ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон забон ва адабиёти тоҷикӣ дарс дод, баъд ба Душанбе кӯчид ва дар расонаҳо кор кард. Ӯ соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Борис Пастернак ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ аст. Ба муносибати зодрӯзаш, “Азия-Плюс” бо Марямбонуи…
Ҷ
Дар нуҳ моҳи соли равон шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия тақрибан 20 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 40% камтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар ин давра ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ду баробар афзудааст. Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 10-уми ноябр иттилоъ додааст. “ Тибқи гуфтаи вазир дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба Русия тақрибан 7 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли пеш 10% кам аст. Ба ҳолати 1-уми октябр, дар Русия 6…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду шонздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 116 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
Дар пойтахти кишвар баландтарин бурҷ дар Осиёи Марказӣ – “Бурҷи Душанбе” бо 77 ошёна ва 340 метр баландӣ сохта мешавад. Ин маҷмааи бисёрсоҳавии меъморӣ ва хидматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бунёд шуда, аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланди аз 30 то 45 ошёна иборат хоҳад буд. Вале ба ҳайати маҷмаа, як қатор иншооти дигар низ дохил мешаванд. Маҷмааи бисёрсоҳавии меъморӣ, манзилҳои истиқоматӣ, иншооти тиҷоратӣ, зерсохтори корӣ ва ҷамъиятиро муттаҳид мекунад. Ҳудуди умумии маҷмаа 29…