XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Ҷомеа – Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

“Орзу дорам, духтарони афғонистонӣ ба озодӣ расанд”. Афғонистоние, ки “Донишҷӯи соли Тоҷикистон” шуд, кист?

Ҳилай Муҳаммадӣ, донишҷӯи Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, дар озмуни “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон миёни хориҷиён мақоми сеюмро соҳиб шуд. Ӯ аз Афғонистон аст ва дар кӯдакӣ бо хонаводааш ба Тоҷикистон омада, дар Душанбе мустақар шудаанд. “Азия-Плюс” бо ӯ атрофи озмуни “Донишҷӯи сол”, зиндагӣ дар Тоҷикистон, вазъи Афғонистон ва нақшаҳои ояндааш гуфтугӯ кард. Ҳилай мактаби “Сомониён”-ро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ин мактабест, ки дар он фарзандони афғонистониҳои муқими Тоҷикистон…

Ҷоиза ба 15 суруди беҳтарини 30 соли охир: Махсусиятҳои “Tarona Music Award-2026”

Имсол “Tarona Music Award” аз доираи як ҷоизаи маъмулии мусиқӣ берун хоҳад рафт. Ба муносибати 30-солагии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, маросими ҷоизасупорӣ ба таронаҳое бахшида мешавад, ки ба як ҷузъи таърихи мусиқии кишвар табдил ёфтаанд. Мо ҳамроҳ бо шунавандагон ва хонандагони “Азия-Плюс” 15 таронаи машҳуртарин ва хотирмонтарини се даҳсолаи охирро интихоб мекунем. 15 тарона. 15 ҷоиза. 30 соли таърихи мусиқӣ Соли 2026 “Tarona Music Award” дар шакли…

Боз як ҷавони 30-сола аз Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст

Ҷасади Шоҳрӯз Қурбонови 30-сола, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичро, ки дар ҷанги Русия бо Украина кушта шудааст, рӯзи 20-уми ноябр ба зодгоҳаш оварда ба хок супориданд. Дар ин бора Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, Қурбонов чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекард. Аммо мегӯяд, маълум нест, ки ҷавон кай ва чӣ гуна ба ҷанг ҷалб шудааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ шаҳрвандии Русияро ҳам дошт ё не. “ “Шоҳрӯз фарзанди ягонаи оила буд. Падару модараш…

Дар нуҳ моҳ ба Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сайёҳ омадааст. Онҳо бештар аз куҷо меоянд?

Дар нуҳ моҳ (январ-сентябр)-и соли 2026 ба Тоҷикистон 1 миллиону 726 ҳазору 257 шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки 1 миллиону 551 ҳазору 200 каси онҳо сайёҳон (мувофиқи арзёбии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) мебошанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 13,6% ва 23% зиёдтар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омор Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ, шумораи сайёҳон нисбат ба шаҳрвандони хориҷии воридшуда, тезтар афзоиш ёфтааст. Ҷараёни асосӣ – аз кишварҳои ИДМ Аз теъдоди умумии ин…

“Ман 15 сол интизор будам”. Қиссаи Шоҳрух Назаров — аз нишони аввал то орзуи қаҳрамони ҷаҳон шудан

Шоҳрух Назаров, ҷудокори ҷавони тоҷик дар як моҳи охир дар мусобиқаҳои калони байналмилалӣ ду нишон ба давт овард, ки яке аз онҳо нахустин дар Тоикистон аст. Ӯ дар Бозиҳои параосиёӣ дар Ҷопон нишони нуқраи таърихӣ гирифта, сипас дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳонӣ дар Тошканд низ медали нуқра гирифт. Пушти ин дастовардҳо, 15 соли машқу тамрин, дастгирии волидайн, ёрии муррабиву дӯстон ва аз ҳама муҳим, хислати инсоне ниҳон аст, ки ба паси сар кардани душвориҳо одат кардааст. То наздикӣ,…

Таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва камераҳои “NERU” дар минтақаҳо низ ба кор оғоз мекунанд

Лоиҳаи “NERU” дар минтақаҳои Тоҷикистон густариш меёбад. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва камераҳои сабти худкори қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба кор андохта мешаванд. Ин низом аллакай, дар куҷо фаъол аст, нархи таваққуфгоҳ чанд аст, ҷаримаҳоро чӣ гуна тафтиш кардан имкон дорад ва барои пайдо кардани посух ба саволҳо ба куҷо бояд муроҷиат кард? Дар матлаби зерин посух ба ин суолҳо аст. Ҳоло “NERU” дар куҷо фаъол аст? Лоиҳаи “NERU” соли 2024 дар Душанбе ба фаъолият оғоз…

“Starlink” пайвасти кардани муштариёни нав аз Тоҷикистонро аз сар гирифтааст

Ширкати “Starlink” фурӯш ва фаъолсозии дастгоҳҳои нав барои муштариён аз Тоҷикистонро аз сар гирифтааст. Дар ин бора ширкат ба муштариёни худ бо ирсоли нома хабар додааст. “ “Фаъолсозӣ дар Тоҷикистон дубора дастрас аст”, — гуфта мешавад дар нома. Тақрибан як моҳ пеш, ширкат бидуни огоҳӣ фурӯшро қатъ ва пули фармоишҳоро ба муштариён аз Тоҷикистонро баргардонда буд. Акнун ба онҳое, ки ширкат фармоишашонро бекор карда буд, пешниҳод кардааст, ки онро аз нав расмӣ кунанд. Онҳое, ки маҷмӯи…

Ҳар чаҳорумин сокини Тоҷикистон аз ҳуши маснӯӣ истифода мебарад

Дар Тоҷикистон 26% сокинони аз 18-сола боло аз ҳушвора (ҳуши маснӯӣ) истифода мебаранд ва 12% ҳар рӯз ба он муроҷиат мекунанд. Ин натиҷаи таҳқиқоти “Zerkalo Analytics Group” аст, ки аз 1 то 27-уми октябри соли 2026 дар байни беш аз 1200 нафари аз 18-сола боло, тариқи телефон гузаронида шуд ва рӯзи 20-уми ноябр нашр гардид. Ба иттилои муаллифони таҳқиқот, “ChatGPT” машҳуртарин номи марбут ба ҳушвора дар Тоҷикистон аст: 51%-и пурсидашудагон онро мешиносанд, дар ҳоле ки истилоҳи “ҳуши маснӯӣ”…

“Ҳақиқатро мегуфт, агарчи талх буд”. Ёде аз Бозор Собир, шоири саркаши тоҷик

Имрӯз, 20-уми ноябр зодрӯзи Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз адибони саркаши тоҷик аст. Ӯ яке аз фарҳангиёни номвар буд, ки рӯзгори пурбаҳс ва зиддунақизро аз сар гузаронид. Бозор Собир ҳамеша берун аз “қолаб” буд ва инсоне дониста мешуд, ки ҷасорати гуфтани ҳақиқатро дошт, ҳатто агар талху кушанда бошад. Солҳои 60-уми асри гузашта гурӯҳе зиёиёни боҷасорат, худогоҳ ва ҳувиятофар ба майдон омаданд ва ҳарфу ашъоре гуфтанд, ки заминаи бедории миллӣ дар даҳсолаҳои баъдӣ шуд. Бозор…

Кристофер Ландау: “Барои Амрикову Тоҷикистон имконоти зиёд ва ҷолиби ҳамкорӣ ҳаст”

Муовини котиби давлатии Амрико Кристофер Ландау мегӯяд, ки кишвараш ва Тоҷикистон метавонанд дар самтҳои гуногуни барои ҳарду кишвар ҷолиб ва манфиатовар ҳамкорӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин, ба осорхонаи Тоҷикистон рафта, аз таъриху тамаддуни тоҷикон боздид кардааст. Кристофер Ландау 18-уми ноябр ба Тоҷикистон омад ва бо раисҷумҳур ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард. Барои “Азия-Плюс” ҳам имкон фароҳам омад, то барои чанд дақиқа бо ӯ сӯҳбат кунад ва ба чанд суол посух пурсад.…

Абдухолиқ Набавӣ: “Ба насли навофар на ҷоиза доданд, на ангеза!”

Абдухолиқ Набавӣ, адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик, имрӯз, 20-уми ноябр ба синни 80 қадам гузошт. Ӯ аз нахустин пажӯҳишгарони рӯзномаи “Бухорои шариф” аст, солҳо дар бойгониҳо пайи осори нашрнашудаи устод Садриддин Айнӣ гаштааст ва дар баҳсҳои адабии чанд даҳсолаи охир – аз ҳангомаи романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одина то гуфтугӯҳои имрӯза дар бораи устод Айнӣ ҳамеша мавқеи худро ошкор гуфтааст. Дар арафаи ҷашни милодаш “Азия-Плюс” бо мавсуф перомуни нақди адабӣ, ҳангомаҳои атрофи номи…

Дар Хуҷанд намоишгоҳи дастнависҳои нодир аз Китобхонаи Бритониё кушода шуд

Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба татбиқи барномаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ва 25-солагии Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе оғоз кард. Барномаи ҷашнӣ, дар шаҳри Хуҷанд бо ду чорабинӣ оғоз гардид, ки шарикии бисёрсолаи байни Британияи Кабир ва Тоҷикистон, ҳамчунин робитаҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни мардумони ду кишварро инъикос карданд. ‹ › Акс аз Британияи Кабар дар Тоҷикистон пешниҳод шуд. Акс аз Британияи Кабар дар…

Тоҷикистон аз Сандуқи ҷаҳонии муҳитзистӣ $6,3 млн мегирад. Ин маблағ ба куҷо равона мешавад?

Сандуқ (Фонд)-и ҷаҳонии муҳитзистӣ (экологӣ) дар давраи нуҳум (GEF-9)-и маблағгузории худ ба Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 6,3 млн доллар ҷудо кардааст. Дар ин бора ин сандуқ хабар медиҳад Қисми зиёди маблағ – 4,4 млн доллар барои ҳифзи гуногунии биологӣ, 1,6 млн доллар барои мубориза бо таназзули заминҳо ва 283 ҳазор доллар барои чораҳои муқовимат ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст. Дар муқоиса бо давраи қаблӣ -ҳаштум, ки барои Тоҷикистон аз лиҳози маблағгузорӣ рекордӣ буд, ҳаҷми умумии…

Тоҷикистон хостори таъсиси бозори муштарак дар сарҳад бо Афғонистон шудааст

Тоҷикистон хостори таъсиси бозори муштарак дар сарҳад бо Афғонистон шудааст. Он ба осон шудани тиҷорат ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни сокинону соҳибкорони ҳар ду кишвар мусоидат мекунад. Ин нуктаро Саъди Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 18-уми ноябр дар дидор бо Саид Карим Ҳошимӣ, мудири кулли Утоқи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон, ки дар шаҳри Кобул сурат гирифт, зикр кардааст. Утоқи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати “Толибон” аз қавли Шарифӣ…

“Поёни инзиво ва садои кишвар”. Чаро омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон муҳим аст?

Азиз Бориз, роҳбари маркази мутолиоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, ки қароргоҳаш дар Бритониё аст, аз чанд фоидаи омӯзиши хатти форсӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон ва форсизабонони ҷаҳон ном бурд ва бозгашт ба хатти форсӣ дар Тоҷикистонро поёни инзивои фарҳангӣ хонд. Ин коршиноси масоили сиёсӣ ва умури байналмилалӣ, ки чанде пеш бо як сафар ба Тоҷикистон омада буд, меҳмони “Азия-Плюс” шуд ва дар як суҳбати вижа андешаи худро дар бораи манфиатҳои омӯзиши хатти форсӣ барои Тоҷикистони…

Нигоҳе ба паси саҳна. “Нурафкан” дар баргузории чорабиниҳои бошукӯҳ чӣ нақш дорад?

Насби экранҳои бузург, таҷҳизоти тақвияти садо ва чароғҳои равшанидиҳанда, пайваст кардани онҳо ба шабакаи барқ ва танзими низоми фаннии онҳо ҳанӯз чанд рӯз пеш аз оғози чорабиниҳои бузург дар варзишгоҳҳо оғоз мешаванд. Ин марҳилаи омодагӣ одатан аз назари тамошобинон дур мемонад, ҳарчанд маҳз сифати иҷрои он ба ҷараёни чорабинӣ таъсир мерасонад. Яке аз ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон чунин хидматрасониҳоро пешниҳод мекунад, ширкати “Нурафкан” аст. Он дар баргузории чорабиниҳои бузург, аз ҷумла…

Озмуни “Китоби сол–2026”. Кай баргузор мешавад, киҳо ширкат карда метавонанд ва ғолибон чанд пул мегиранд?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2026”-ро эълон кард. Шоирону нависандагоне, ки китобашон соли 2026 дар нашриёти кишвар чоп шудааст, метавонанд асари худро то 10-уми декабр ба озмун пешниҳод кунанд. Ин эълон дар саҳифаи расмии Вазорати фарҳанг дар “Фейсбук” нашр шудааст. Ба иттилои вазорат, ҳадаф аз озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст. Асарҳо бояд ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд. Мавзӯи онҳо бояд Тоҷикистон, ваҳдати…

Таваррум дар Тоҷикистон. Дар 10 моҳ маводи сӯхт қариб 50% қимат шудааст

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ (январ-октябр)-и соли равон 0,5 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ба 3,1% расидааст. Аз ҷумла, имсол нархи маҳсулоти хӯрока 2,7%, молҳои ғайриозуқа 3,1% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 4,3% боло рафтааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон 2,6% боло рафта буд. Гароншавии босуръати маводи сӯхт Миёни молҳои ғайриозуқа болоравии аз ҳама зиёди нарх, дар маводи сӯхт ва…

Дар се дармонгоҳи дигари Душанбе барномаи “eTib” роҳандозӣ шудааст

Дар се дармонгоҳи дигари шаҳри Душанбе ба таври санҷишӣ барномаи “eTib” роҳандозӣ шудааст. Он барои сабтиному баҳисобгирии рақамии беморон ва дигар хидматрасониҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, дар умум, дар 6 дармонгоҳи пойтахт ҷорӣ хоҳад шуд. Тибқи иттилои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ин барнома дирӯз, 18-уми ноябр дар марказҳои саломатии №6, №9 ва №13-и пойтахт ба кор оғоз кардааст. Ба қавли масъулин, ҳадаф аз роҳандозии барномаи “eTib”дар дармонгоҳҳои пойтахт беҳтар кардани дастрасии…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 122

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту дуюми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 122 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Аз соли 2027 муҳоҷирон дар Русия барои фарзандонашон маблағи иловагӣ пардохт мекунанд

Аз 1-уми январи соли 2027 маблағи пардохти ҳармоҳаи андоз барои муҳоҷирони дорои патент, ки фарзандони ноболиғашон дар Русия ҳамроҳашон аст, зиёд мешавад. Барои ҳар як фарзанд ба маблағи пардохти маъмулӣ 50% зам мешавад. Барои бархе муҳоҷирон, ки бе патент кор мекунанд, пардохти иловагӣ барои дигар аъзои оила низ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора дар Қонуни федералии № 242 гуфта шудааст. Мушаххас чӣ тағйир меёбад? Маблағи пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ), андозе, ки муҳоҷирон…

Аз гирифтани маълумотнома то сабти соҳибкорӣ: имкониятҳои замимаи “Андози ман”

Мехоҳед фаъолияти соҳибкорӣ оғоз кунед, барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо маълумотнома лозим шудааст ё танҳо донистан мехоҳед, ки қарзи андоз доред ё не. Акнун барои ин вақт ҷудо кардану ба нозироти андоз рафтан лозим нест. Кифоя аст, замимаи мобилии “Андози ман”-ро боргирӣ кунед. Чӣ гуна метавон дар замима сабтином шуд? Дар маводи мо хонед. Ин замима, ба қавле, ҳуҷраи шахсии андозсупоранда аст, ки дар он тамоми маълумоти шахсӣ, аз ҷумла феҳристи амволи ғайриманқул, нусхаи рақамии ҳуҷҷатҳо, тақвими…

Дар Суғд ошпази беҳтарин ва ҳунарманди солро маълум карданд

Дирӯз, 17-уми ноябр дар Қалъаи Хуҷанд даври вилоятии ҷашнвораи “Оши палов” ва озмуни “Ҳунарманди сол” дар вилояти Суғд ҷамъбаст ва ғолибон дар бахшҳои алоҳида маълум шуданд. Дар ҳамоиш, аз 18 шаҳру навоҳии Суғд ошпазҳо ва ҳунармандон иштирок карда, аз руйи бахшҳои гуногуни ошпазӣ ва ҳунари дастӣ байни ҳам сабқат карданд. Дар ҷашнвораи оши палов, аз руйи “Беҳтарин оши палов” ҷойи аввалро ошпазони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст оварда, бо диплом ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот қадрдонӣ шуданд. Дар ин…

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боз зиёд мешавад. Ҷаримаву пардохтҳои дигар ҳам меафзояд

Аз 1-уми январи соли 2027 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи ҷаримаҳо, боҷу андоз, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба он вобаста аст, интизор меравад 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 78 сомонии ҳозира ба 81 сомонӣ расад. Дар ин бора як манбаъ дар Маҷлиси намояндагон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” пешбинӣ шуда, аллакай дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардидааст. “ “Ҳафтаи оянда,…

“Вазири кордон ва инсони ғамхор”. Чӣ тавр бо талоши Ҳомиддин Шарифов беморхонаи ВКД сохта шуд?

Ҳомиддин Шарифов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон аз зумраи давлатмардоне дониста мешавад, ки дар душвортарин лаҳзаҳо барои кишвар натанҳо масъулияти роҳбарии Вазорати корҳои дохилиро ба зимма гирифт ва барои таъмини субот талош кард, ҳамчунин барои тақвияти кори ин ниҳод ва такмили сохторҳои он муваффақ шуд. Давоми солҳои 1996 – 2006, ки ӯ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд, нақши милитсияи тоҷик барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба гурӯҳҳои муассалаҳ чашмрас ва дар…

Истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин се рӯз дар Душанбе манъ шуд. Дар кишвар кадом қоидаҳои истифодаи “дрон”-ҳо амал мекунанд?

Мақомот эълон карданд, ки истифодаи тамоми намуди дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) аз 18 то 20-уми ноябр дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ аст. Дар робита ба ин, пулиси пойтахт аз шаҳрвандон хост, ки талаботи мазкурро қатъиян риоя карда, дар ин се рӯз аз истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин дар Душанбе худдорӣ кунанд. “ “Соҳибмулкони чунин дастгоҳҳо бо мақсади гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути паёмрасонҳои “WhatsApp” ва “Telegram” бо рақами (+992) 018-02-02-02 дар тамос шаванд”, – афзуд…

Боз як талаботи дигар барои бекор кардани патенти муҳоҷирон дар Русия

Аз 1-уми январи соли 2027 дар Русия қоидаҳои нави назорати даромади муҳоҷирони корӣ мавриди амал қарор мегиранд. Агар мақомоти Русия дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ, ки як қисмашон муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам ҳастанд, маълумоти зарурӣ надошта бошанд, метавонанд аз додани иҷозаи кор ё патент ба онҳо худдорӣ кунанд. Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)- Русия хабар медиҳад, дар чунин ҳолат патенти қаблан додашуда низ бекор карда мешаванд. Тағйирот аз ҷумла ба…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 121

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту якуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 121 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1994 – Дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии “Дайҷест-пресс” таъсис дода шуд. Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон бинои нави осоишгоҳи “Баҳористон”-ро дар соҳили…

“Дурахши ахтарон” роҳи филмҳои таърихиро боз кард? Филм дар бораи Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе намоиш дода шуд

Филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯзи 16-уми ноябр бори аввал дар кинотеатри “Ватан”-и Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Таҳиягарон онро оғози равияи нав дар синамои тоҷик медонанд. Филмро ду коргардон – Файзулло Файз аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон ба навор гирифтаанд. Ба гуфтаи Файзулло Файз, ҳар саҳна бо мувофиқаи ҷонибҳо пеш мерафт: филмномаро чор муаллиф навиштааст ва саҳнаҳоро чор рассоми саҳна оро додаанд. Дар Тоҷикистон филм бо забони…