Ҷ
Тартиби нави кор барои кирокашҳои Душанбе, ки чанде пеш зимни як ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди раисҷумҳури Тоҷикистон баррасӣ ва дар саҳифаи расмии шаҳрдории пойтахт дар ин бора эълон гардид, муфассал муаррифӣ шуд. Дар ҷаласае, ки дирӯз, 25-уми ноябр баргузор шуд, масъулини шаҳрдории пойтахт, корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва ширкати “Jura Taxi” дар бораи навгониҳо иттилоъ доданд. Муҳимтарин нуктае, ки зикр шуд, бекор шудани пардохти ҳатмии 100 сомонӣ барои…
Ҷ
Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми ноябр 80-сола шуд. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии Маскав (ДДСТМ ё ГИТИС) ва яке аз поягузорони Театри ҷавонон дар Душанбе аст. Дар ин театр беш аз 55 сол кор кардааст. Солҳои зиёд декани факултаи театрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буд ва ҳоло ҳам он ҷо дарс медиҳад. Дар арафаи зодрӯз “Азия-Плюс” Тағоймурод Розиқовро тоза аз Маскав баргашта пайдо кард ва бо ӯ мусоҳиба орост. Робиаи Балхиро ба Маскав…
Ҷ
Шумо кирокаш киро кардед, то оромона ба хона расед, аммо дар роҳ маълум шуд, ки роҳкиро каме дигар аст, ронанда мехоҳад як шиносашро савор кунад ва барои ҷомадони шумо, пул талаб мекунад. Ҳуқуқу уҳдадориҳо дар хадамоти кирокашии Тоҷикистон чӣ гуна танзим мешаванд ва поёни “якчи медиҳед” чист? Аввал — дар бораи ронандагон. Онҳо дар назди мусофирон чӣ уҳдадориҳо доранд? Ронанда аз пули ҳисобшуда бештар талаб мекунад. Оё ин мумкин аст? Тибқи барномаи “Jura”, масири дақиқ ва роҳкиро тавассути…
Ҷ
Аз 1-уми январи соли 2027 дар як қатор минтақаҳои Русия иҷозатномаи кор (патент) барои муҳоҷирон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, қимат мешавад. Мақомоти чанд минтақаи ин кишвар гуфтанд, ки бо баланд шудани нархи муҷаввизи кор, ба буҷаи маҳаллӣ даромади бештар ворид хоҳад шуд. Аз ҷумла, Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, ба Думаи шаҳр лоиҳаи қонуне пешниҳод кардааст, ки тибқи он, иҷозатномаи кор барои онҳое, ки дар ширкатҳо ва назди шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд, дар як моҳ аз…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту шашуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 126 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки аз 27 то 29-уми ноябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе олуда шудани ҳаво пешбинӣ мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин вазъият дар пайи хокборише, ки интизор меравад аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид шавад, дар назар аст. Мақомот ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашти зиёдатии рӯзона дар хиёбону кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сермошин худдорӣ кунанд.…
Ҷ
Ҳамасола бо оғози фасли сармо дар Тоҷикистон талабот ба ангишту ҳезум ё таппак (саргини хушконидашудаи чорво) бештар мешавад. Аҳолӣ дар ноҳияҳо, махсусан деҳоти кишвар хонаҳояшонро бо ин навъи сӯзишворӣ гарм мекунанд. Имсол дар конҳои Тоҷикистон беш аз 2,3 млн тонна ангишт истихроҷ шудааст ва ба қавли мақомот, нисбати соли пеш 117,1% зиёд будааст. Вале сокинон мегӯянд, бо ин вуҷуд нархи ангишт дар минтақаҳо бетағйир ва гарон аст. Хабаргузории “Азия-Плюс” аз нархи ангишт, ҳезум ва саргини чорво…
Ҷ
Дар дидори ду мақомдори тоҷик бо раиси вилояти Язди Эрон таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби мутахассисони эронӣ барои бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.Ба иттилои Сафорати Эрон дар Душанбе, Муҳаммадризо Бобоӣ, раиси вилоят ё устондори Язд барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии маъдан ва филизгарӣ (металлургия) ба Тоҷикистон омадааст. “ Ӯ имрӯз, 25-уми ноябр бо Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, мулоқот кардааст. Дар ин дидор…
Ҷ
Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии дониши забони англисӣ (EF-2026) 405 хол ба даст оварда, дар миёни 117 кишвар дар ҷойи 110-ум қарор гирифтааст. Ин пасттарин натиҷа, миёни 5 кишвари Осиёи Марказӣ аст. Нисбат ба соли гузашта Тоҷикистон чор хол камтар ба даст овардааст. Мавқеи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чунин аст: Туркманистон – ҷойи 71-ум, 476 хол; Қирғизистон – ҷойи 90-ум, 445 хол; Қазоқистон – ҷойи 99-ум, 424 хол; Ӯзбекистон – ҷойи 101-ум, 421 хол. Дар ҷаҳон, Суэд (Шветсия) бо дарёфти 615 хол…
Ҷ
Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026–2030”-ро тасдиқ кард. Тибқи он, ба либоси кормандони милитсия (пулис) дурбинҳои назоратӣ насб мешаванд, ҳамаи маълумот дар як махзан ҷамъ меояд, шинохти чеҳра ва ҳушвора роҳандозӣ мегардад, ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд телефонӣ шикоят ва рафти баррасии онро пайгирӣ кунанд. Барнома, рӯзи 30-юми октябр бо қарори ҳукумат тасдиқ шуда, марҳилаи сеюми ислоҳоти милитсия мебошад. Матни қарор ва барнома дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту панҷуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 125 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Дар Душанбе Ҷашнвораи чаҳоруми филмҳои фаронсавӣ давом дорад. Имрӯз филми тасвирии “Ҳуҷуми машҳури хирсҳо ба Ситсилия” (La Fameuse Invasion des ours en Sicile)-и…
Ҷ
Таърихи парчами тоҷикон аз Коваи оҳангар оғоз ёфтааст. Асрҳо гузаштанд — парчами тоҷикон дар давраи Ҳахоманишиён, Сомониён, Аморати Бухоро ва Тоҷикистони Шӯравӣ шакл дигар кард, аммо рӯҳи озодихоҳӣ дар онҳо зинда монд. Имрӯз ин мероси панҷҳазорсола дар тоҷи заррин, ҳафт ситора ва се ранги парчами Тоҷикистони мустақил ҷилвагар аст. Тамошои навор: Оё медонистед, ки парчами тоҷикон 5000 сол таърих дорад? Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро “Азия-Плюс” дар доираи лоиҳаи…
Ҷ
Ҳаҷми қарз аз музди меҳнат ё маош дар Тоҷикистон то моҳи октябри соли 2026 ҳудуди 13,4 млн сомонӣ (қариб 1,5 млн доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон. Қисми асосии қарз, беш аз 7,8 млн сомонӣ ба бахши воқеии иқтисод рост омада, асосан дар соҳаҳои нақлиёт, саноати коркард ва кишоварзӣ ҷамъ шудааст. Дар моҳи сентябр, ин нишондиҳанда 190,9 ҳазор сомонӣ ё 2,4% коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ қариб 523 ҳазор…
Ҷ
Танҳо дар шаш соли охир, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафарҳои худ ба шаҳру навоҳии кишвар беш аз 20 пояи парчам ифтитоҳ кард. Сохтмони баландтарин пояи парчам дар Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 2010 оғоз шуд. Як сол пеш аз ин, 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон шуд ва он ҳамасола таҷлил мешавад. Баъдан, Тоҷикистон бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва рекорди Озарбойҷонро – баландии сутуни парчами онҳо 162…
Ҷ
Дар як ҳафтаи охир нархи миёнаи як литр сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе тақрибан 2 сомонӣ арзон шуда, аз 16,60 то 14,67 сомонӣ расид. Ҳамчунин, сӯзишворӣ (бензин)-и навъи “АИ-95” як сомонӣ арзон шуда, нархи як литри он ба 16 сомонӣ расид. Нархи як литр гази моеъ низ аз 7,10 то 7,03 сомонӣ коҳиш ёфт. Сӯзишвории “АИ-92”, ки миёни ронандагон бештар талабгор дорад, тақрибан ду ҳафта боз дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вуҷуд надорад. Дар нуқтаҳое, ки ин навъи…
Ҷ
Ҷасади Сангалӣ Раҳимов (Раҳмонзода), сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбониро, ки рӯзи 5-уми ноябр – рӯзи зодрӯзаш бедарак шуда буд, шоми 20-уми ноябр аз наҳр (канал)-и Деҳқонободи ноҳияи Ҳамадонӣ пайдо карда, ба хонаводааш супоридаанд. Як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти давлатӣ ба шарти зикр нашудани номаш тафсилоти ин ҳодисаро гуфт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) онро тасдиқ кард. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Сангалӣ Раҳимов беш аз як сол дар қисми низомии 0307-и Нерӯҳои марзбонии Кумидати давлатии…
Ҷ
Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” (Shohin Airlines) дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазам роҳандозӣ карда, дирӯз, 23-юми ноябр, аввалин парвози худро дар ин масир анҷом додааст. Дар ин бора аз ин ширкат ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки парвоз аз Душанбе соати 09:05 ва аз шаҳри Хоруғ соати 11:20 сурат гирифта, ҳавопаймо соати 12:25 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Ба иттилои ин нищод, парвозҳо дар ин хатсайр тавассути ҳавопаймои “L410 NG” ба номи…
Ҷ
Дар нуҳ моҳ (январ–сентябр)-и соли 2026 дар Тоҷикистон 175,8 ҳазор навзод ба дунё омадааст. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% кам мебошад: дар нуҳ моҳи соли 2025-ум 180 ҳазору 346 кӯдак таваллуд шуда буд. Дар ин бора Оҷонсии омор хабар дода, гуфтааст, ки дар ин давра, таваллуди тифлон дар ВМКБ 11,5%, вилояти Хатлон 4%, дар Душанбе 2,3% ва дар вилояти Суғд 1,9% коҳиш ёфтааст. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, дар сатҳи соли гузашта қарор гирифтааст. Дар нуҳ моҳ дар минтақаҳои…
Ҷ
Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ қарори бекор кардани пардохти 100 сомонӣ ва низоми саҳмиябандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути кирокашҳоро қабул кардааст. Аммо дақиқ нест, ки ин пул аз кай дигар ситонида намешавад. Тартиби пардохти 100 сомонӣ барои ҳар рӯз соли 2025 ҷорӣ шуд ва он сарфи назар аз кор кардан ё накардани кирокаш ситонида мешуд. Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, қарори лағви ин пардохт, дирӯз, 23-юми ноябр, зимни…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту чоруми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 124 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
Ҷ
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Дар Душанбе Ҷашнвораи чаҳоруми филмҳои фаронсавӣ давом дорад. Имрӯз филми “Пешаи ҷиддӣ” (Un métier sérieux)-и коргардон Тома Лилти намоиш дода мешавад. Он дар бораи…
Ҷ
Аз 23 то 27-уми ноябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Порис ба хотири бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ду нобиға, файласуф, донишманд ва шоири тоҷику эронӣ ҳамоишҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷь (ВКХ)-и Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки чорабиниҳо бо ширкати ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ сурат мегиранд.…
Ҷ
Барои заноне, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба тиҷорат машғуланд, пешниҳод шудааст, ки сабти ном, қабули пардохтҳо ва пардохти андоз дар як раванди рақамӣ, масалан, тавассути ҳамёни электронӣ муттаҳид карда шавад. Ин пешниҳодро намояндагони мақомоти давлатӣ, бонкҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорӣ дар Душанбе баррасӣ карданд. Мизи мудаввар бахшида ба рушди соҳибкории занон дар тиҷорати электронӣ 13-уми ноябри соли 2026 дар бинои Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Онро Кумитаи…
Ҷ
Дар нуҳ моҳ (январ-сентбяр)-и соли равон дар Тоҷикистон расман 5 ҳазору 400 мавриди бекор кардани ақди никоҳ ё талоқ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14% (880 маврид) камтар аст. Он вақт 6 ҳазору 277 ақди никоҳ бекор шуда буд. Тибқи ҳисоботи Оҷонсии омор, болотарин сатҳи талоқ ба вилояти Суғд ва поёнтарини он ба ВМКБ сабт шудааст. Дар баробари ин, дар ин давра 50 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6% (1 ҳазору 847 маврид) камтар мебошад. Он…
Ҷ
Дар раддабандии рушди ҳукумати электронӣ, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) моҳи ноябр нашр кард, Тоҷикистон дар миёни 194 кишвар, ҷойи 131-умро гирифтааст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар мақоми чорум қарор дорад. Дар ин феҳрист, Қазоқистон ҷойи 16-ум, Узбекистон 32-юм, Қирғизистон 83-юм ва Туркманистон 146-умро касб кардаанд. Шохиси мазкур, сифат ва дастрасии хидматҳои давлатии онлайнӣ, рушди мухобирот ва сатҳи маорифро ба назар гирифтааст. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 0,6675…
Ҷ
Наворбардории филми “Қиссаи Ширин” аз оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент анҷом ёфт. Акнун, идомаи он дар Эрон сабт мешавад. Филмро “Довфилм” аз Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коргоҳҳои эронии “Итоксимо” ва “Ойфилм” месозад. Қаҳрамони филм Ширин, духтари ҳаштсолаи деҳаи Рӯдакӣ, ҳамроҳи бобояш Фаррух, ки як умр орзуи дидани Эронро дошт, ба сафар мебарояд. Нақши Ширинро хонандаи як мактаби Панҷакент бозӣ мекунад, ки аз миёни қариб 10 ҳазор духтар интихоб шудааст. Ду нақши марказии…
Ҷ
Таъсиси гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи забону хатти форсӣ, роҳандозии Хонаи “Шоҳнома” ва ташкили коргурӯҳи вижа барои бузургдошти Рӯдакӣ, аз муҳимтарин мавзуъҳое будаанд, ки дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Ҳамид Пурмуҳаммадӣ, муовини раисҷумҳури Эрон ва раиси Созмони барномаву буҷаи ин кишвар баррасӣ шудаанд. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон, ин мулоқот рӯзи 21-уми ноябр дар Теҳрон сурат гирифта, дар он зарурати густариши ҳамкории фарҳангӣ, адабӣ ва…
Ҷ
Баъди нашри маводи “Азия-плюс” дар бораи бедаракшавии Алираҳмат Мирзозодаи 5-сола, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, рӯзи 21-уми ноябр ба аёдати модари ин кӯдак рафтааст. Алираҳмати хурдсол, ки сокини ҳамин ноҳия аст, субҳи 22-юми майи имсол аз манзили зисташон ғайб зада буд ва бо гузашти 6 моҳ то ҳол пайдо нашудааст. Модараш, ки ҳангоми дар беморхона буданаш аз гум шудани писараш огоҳ шудааст, ҳамоно мунтазири бозгашти ӯст. ‹ › Акс аз ҳукумати Деваштич пешниҳод шудааст. Акс аз ҳукумати…
Ҷ
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту сеюми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 123 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…