XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Аз китобхонаи рӯ ба баҳр то “ҷангали китобҳо”. Панҷ китобхонаи Чин, ки бо меъмории ҷолиби худ маъруфанд

Дар Чин китобхона танҳо ҷойи нигоҳдории китобу дастнависҳо нест. Баъзе китобхонаҳои ин кишвар чунон зебо ва бо меъмории хос сохта шудаанд, ки сайёҳон маҳз барои тамошои ин иншоот ба ин кишвар мераванд. Дар ин матлаб дар бораи таърих ва санъати меъмории панҷ китобхонаи машҳури Чин нақл мекунем. “Бинхай” – китобхонае дар шакли чашм Ин китобхона дар шаҳри Тянҷин моҳи октябри соли 2017 кушода шуд. Онро меъморони Ҳолланд якҷоя бо меъморони Тянҷин тарҳрезӣ карданд ва сохтмонаш се сол давом кард. Дар…

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои Раёсати маориф, қасри фарҳанг ва чанд иншооти дигарро ифтитоҳ кард

Имрӯз, 19-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи бархе зерсохтҳои нав ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ рафтааст. Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро ба истифода дод. Ин бино аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат аст. ‹ › Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар идома бинои нави…

Нишасти “С5+1” дар Самарқанд баргузор шуд. Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио кадом масъалаҳоро баррасӣ кард?

Имрӯз, 19-уми октябр дар Самарқанд нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва ИМА дар қолаби “С5+1” баргузор шуд. Дар ҳошияи он, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Марко Рубио, котиби давлатии ИМА мулоқоти алоҳида анҷом додааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) дар сомонаи расмии худ хабар дод. Дар нишасти “С5+1” чӣ баррасӣ шуд? Ба иттилои ВКХ, дар ин нишаст доираи васеи…

“Қадрдонӣ аз деҳқон ва сипосгузорӣ ба табиат” Дар Душанбе ҷашни Меҳргон чӣ гуна таҷлил шуд?

Дар Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои ниёкон – Меҳргон, ки то чанд соли пеш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаву аз нав эҳё шуд, бошукӯҳ таҷлил шуд. Сокинони кишвар 17-уми окятбр ин иди ҷамъоварии ҳосил, қадрдонӣ аз корномаи деҳқон ва сипосгузорӣ ба табиатро таҷлил карданд. Имсол ин ҷашни ниёкон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо тантанаву сабки хос баргузор шуд. Ин ҷашн, ки аслан дар фасли Мизон, яъне тирамоҳ таҷлил мешавад, дар саросари кишвар эҳё шудааст. Имсол барои таҷлили он дар пойтахт аз гӯшаву канори…

Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар ҳамоиши Амрико ва Осиёи Марказӣ ва мулоқот бо Рубио ба Самарқанд рафтааст

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши Амрико ва Осиёи Марказӣ дар қолаби “С5+1” ба шаҳри Самарқанд рафтааст. Дар ҳошияи ин ҳамоиш, дидори ӯ бо ҳамтои амрикоияш Марко Рубио низ дар назар аст. Нишасти вазири умури хориҷии амрикоӣ дар қолаби “С5+1” бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ имрӯз, 19-уми октябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҳамкории минтақаӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии ҷонибҳо баррасӣ хоҳанд шуд. Марко Рубио дирӯз,…

БОР нақша дорад, ки барои сохтмони НБО-и “Роғун” $500 млн ҷудо кунад

Бонки осиёии рушд (БОР) имкони ҷудо кардани 500 миллион доллар барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”-ро баррасӣ дорад. Аз ин, 200 миллион доллар ҳамчун кумаки молӣ (грант) ва 300 миллион доллари дигар ҳамчун қарзи дорои имтиёз ба Тоҷикистон ироа мешавад. Ин хабарро Вазорати молияи Тоҷикистон пас аз музокирот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва БОР, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, эълон кардааст. Дар ин гуфтугӯҳо, Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон, Антонелла…

“Доимо бо табассум мезист”. Андӯҳи ҳамкорону шогирдон аз даргузашти профессор Мушаррафа Ҷӯраева

Даргузашти профессор Мушаррафа Ҷӯраеваро ҳамкоронаш талафоти ҷуброннопазир хонда, ӯро муаллими пуркор, бо шогирдон қарин ва меҳрубону пуртабассум ёд мекунанд. Ӯ доктори илмҳои суханшиносӣ ва устоди кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буду субҳи имрӯз дар 61-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар бораи корномаи марҳум ва муносибати ӯ бо шогирдону ҳамкорон бо Бахтиёр Ҳошимзода, декани донишкада (факулта)-и рӯзноманигорӣ ва Ҳукмиддин Сафаров,…

Долони байналмилалии рақамии Тоҷикистон – Чин ба истифода дода шуд. Он чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

Дар Душанбе Долони байналмилалии рақамии Тоҷикистон – Чин расман ба истифода дода шуд. Ин долон шабакаҳои алоқаи ду кишварро тавассути масири Душанбе – Хоруғ – Кулма – Қаросу – Пекин ба ҳам мепайвандад. Маросими ифтитоҳи он дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим Бахтовар Абдусатторзода, директори кулли ҶСК “Тоҷиктелеком” ва Лу Ҷзин, роҳбари минтақаи АвруОсиёи ширкати “China Mobile International Limited” санадҳои марбут ба лоиҳаро имзо карда, ба таври рамзӣ фаъолияти хатти…

Байни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Чин панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Ли Чиан, сарвазири Шӯрои давлатии Чин, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад, бар сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба ва аҳамияти густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба таъкид кардааст. Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” менависад, Қоҳир Расулзода бо ишора ба сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин дар моҳи майи соли ҷорӣ гуфт, ки ин сафар фасли тозае дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар кушодааст. Ба гуфтаи вай, дар…

Даргузашти профессор Мушаррафа Ҷӯраева, устоди ДМТ дар 61-солагӣ

Субҳи имрӯз, 19-уми октябр профессор Мушаррафа Ҷӯраева, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм баст. Ӯ 61 сол дошт. Яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки марҳум аз моҳи март ба ин сӯ табобат мегирифт. “ “Наздикии субҳ дар хона аз олам чашм баст. Ҳафт моҳ боз табобат мегирифт. Вақтҳои охир бештар дар хона буд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо. Ба гуфтаи ӯ, ду фарзанди Ҷӯраева дар Русия таҳсил мекунанд, ба хотири омада расидани онҳо намози…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 106

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду шашуми ин романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 106 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Дастаи “Хуҷанд” соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми даъвати Осиё шуд

Рақобати ниҳоии ин мусобиқа миёни “Хуҷанд” ва “Сардор”-и шаҳри Турсунзода рӯзи 18-уми октябр, дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи шогирдони Милан Миланович, сармуррабии “Хуҷанд” анҷом ёфт. Дастаи “Хуҷанд” бо ин пирӯзӣ ҳуқуқи ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро пайдо кард. Тӯбҳоро аз дастаи Хуҷанд Йован Анҷелкович ва Эмаануэл Нарбу, легионерҳои даста дар қисми якуми бозӣ ва дар қисми дуюми бозӣ ба самар расониданд. Дар дақиқаи дуюми қисми иловагии бозӣ, ба…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Имрӯз дар толорҳои синамои пойтахт филмҳои зерин манзури ҳаводорон мегардад: – Дар пойтахт Рӯзҳои синамои Қирғизистон давом дорад. Имрӯз дар доираи он ба тамошобинон се филми тозаи синамои муосири Қирғизистон пешниҳод мешавад: – “Фармоиш” (“Заказ”) – коргардон Достон Мадалбеков, аз соати 10:00 то 12:00, дар кинотеатри “Кайҳон” (Ашан); – “Мо ду нафар” (“Экообуз”) – коргардон Динмуҳаммад Орозбеков,…

Чӣ гуна нооромиҳо дар ҷаҳон ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?

Мушкилот дар хатсайрҳои Афғонистон ва Покистон аллакай, ба соҳаи чармгарии Тоҷикистон таъсир расонида, мушкилоти марбут ба сӯзишворӣ водор месозанд, ки ҷойгузин (алтернатива) ҷустуҷӯ карда шавад ва корхонаҳое, ки ба ашёи хоми воридотӣ вобастаанд, бо хароҷоти гарони логистикӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нав ҳанӯз тобистон изҳор дошта буд, ки танишҳои ҷаҳонӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна, интиқоли ашёи хом ва содироти маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистонро мушкил…

Тоҷикистон барои соддатар кардани ҳамлу нақли байналмилалии бор омода мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишнома дар бораи Иҷозатномаи ягонаи транзитии долони нақлиётии Аврупо — Қафқоз — Осиё (ТРАСЕКА)-ро тасдиқ кард, ки ба боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ имкон медиҳад, барои убури транзитӣ аз қаламрави чанд давлат як ҳуҷҷати рақамӣ (электронӣ)-ро истифода баранд. Қарори дахлдор, рӯзи 8-уми сентябри соли 2026 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуда, дар пойгоҳи расмии иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст. Тибқи қарори мазкур, ба…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Дар баргаҳои мо бубинед, ки имрӯз кадом филм дар куҷо намоиш дода мешавад: – Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз соати 10:00 дар дар толори синамои “Ватан” филми “Падар” (“Отец”), соати 14:00 дар толори синамои “Ватан” филми “Буратино” ва соати 18:00 дар толори синамои “Ватан” филми “Ду нафар дар як зиндагӣ, ба ғайр аз саг” (“Двое в одной жизни, не считая собаки”) намоиш дода…

Маҷлиси миллӣ қонуни манъи сигорҳои электронӣ дар Тоҷикистонро қабул кард

Маҷлиси миллӣ ё палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку” ҷонибдорӣ кардааст. Дар ин бора саҳифаи расмии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ хабар дода, гуфт, ки палатаи болоии Парлумон тағйиру иловаҳои мазкурро имрӯз? 17-уми октябр қабул кардааст. “ Ба гуфтаи манбаъ, ин қонун “истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии таҳвили никотин, аз ҷумла сигаретҳои…

“Таҳримҳои шадид”-и ИМА алайҳи Русия барои Тоҷикистон чӣ хатар дорад?

Маҳдудиятҳои нави Амрико ҳоло мустақиман ба Тоҷикистон таъсир намерасонанд, аммо оқибатҳои онҳо метавонанд тавассути бонкҳои Русия, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, тиҷорат ва таъминоти сӯзишворӣ то кишвари мо расанд. Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи 18-уми сентябр “Қонуни Линдси Грэм дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия ва Эрон дар соли 2026″-ро имзо кард. Қаблан, санад аз ҳар ду палатаи Конгресс гузашта буд. Қонун, аллакай эътибор пайдо кардааст, вале қисми зиёди таҳримҳо бояд марҳила…

Таҷлили ҷашни Меҳргон ва иди тарбузу харбуза ва кадуву оши палав дар Душанбе

Имрӯз, 17-уми октябр, дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон бо баргузории намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил шуд. Дар доираи ин ҷашн, ҳамчунин, чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур”, “Ҷашнвораи занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” баргузор шуданд. Деҳқонон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар маҳсулоти кишоварзии худ, аз ҷумла меваю сабзавот, шоливу биринҷ, себу ангур ва асалро ба намоиш гузоштанд.…

Дар бозорҳои Бохтар семент камчин шудааст. Сабаб чист?

Чанд рӯз боз дар бозорҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон семент камчин шудааст. Сокинон мегӯянд, ки барои корҳои сохтмону таъмири хонаҳояшон аз бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ семент пайдо карда наметавонанд. Дар баъзе нуқтаҳо нархи як халта семент то 70 сомонӣ боло рафтааст. Далели камчинии сементро фурӯшандаҳо ба набудани он рабт медиҳанд, вале корхонаҳои истеҳсоли ин масолеҳи сохтмонӣ мегӯянд, истеҳсоли семент кам нашуда ва нархаш низ тағйир наёфтааст. Хабарнигори “Азия-Плюс”…

Марги мармузи як марди 62-сола дар Истаравшан. Дар бадани ӯ захмҳои корд пайдо кардаанд

Дар шаҳри Истаравшан як марди 62-сола ба таври мармуз ҷон бохта, ҳамсараш дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳамон шаб хонаи онҳо оташ гирифтааст ва аз бадани мард захмҳои корд низ пайдо кардаанд. Додситонӣ сабаби марги мардро таҳқиқ дорад ва маълум нест, ки оташсӯзӣ ба марги ӯ рабт дорад ё не. Ҳодиса шаби 10-уми октябр дар деҳаи Боботағои ҷамоати деҳоти Гули Сурх рух додааст. Марги мард то ҳол расман эълон нашудааст ва сабабаш низ дақиқ нест. Дар хонааш сӯхтор шудааст Марги Мирзо Мақсудови…

Вакилони парлумон сохтмони корхонаи коркарди сурмаро бо харҷи $35 млн тасдиқ кардаанд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати кишвар ва ширкати “Паҳндара Майнинг”-ро дар бораи бунёди корхонаи коркарди сурма дар ноҳияи Айнӣ ба тасвиб расонидаанд. Тавре ки рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумон хабар медиҳад, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин лоиҳа 35 млн долларро ташкил медиҳад. Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии созишнома гуфтааст, ки лоиҳа ба рушди саноати коркард,…

Хазинаи байналмилалии асъор пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба таври назаррас боло бурдааст

Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои соли 2026 аз 6% то 7,3% ва барои соли 2027 – аз 4,8% то 6,8% боло бурдааст. Арзёбиҳои нав, дар гузориши моҳи октябри ин ниҳод бо номи “Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон” (World Economic Outlook), ки рӯзи 13-уми октябр нашр шуд, зикр шудааст. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо интизориҳои қаблӣ, ХБА пешгӯии рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ии Тоҷикистонро барои соли 2026-ум 1,3 банди фоизӣ ва барои соли 2027 – якбора 2 банди…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Дар баргаҳои мо бубинед, ки имрӯз кадом филм дар куҷо намоиш дода мешавад: – Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз соати 10:00 дар кинотеатри “Кайҳон” (Ашан) филми “Дар осмонҳо. Қурбонии ягонаи парвоз” намоиш дода мешавад. – Имрӯз соати 17:00 дар толори синамои “Ватан” маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Русия баргузор мешавад. Имрӯз соати 10:00 филми “Авиатор” намоиш дода…

“Ӯ ҳамеша Ватанро васф кардааст”. Дар Душанбе 75-солагии Раҳмат Назрӣ таҷлил шуд

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ таҳти унвони “Гулбоғи меҳргон” шоми эҷодӣ баргузор шуд. Дар ин маҳфил аҳли фарҳангу адаб, академикҳо, сарояндагон ва мухлисони каломи бадеъ гирд омаданд. Муовини вазири фарҳанг ва фарҳангиёни дигар соҳибҷашнро таҳният гуфтанд. Гузориши муфассали “Азия-Плюс” аз ин маҳфилро тамошо кунед: Тамошои навор: Дар Душанбе 75-солагии Раҳмат Назрӣ таҷлил шуд Дар бораи корнома ва эҷодиёти соҳибҷашн дар ин…

Такони нав ба рушди тиҷорат. “Samsung” дар Душанбе роҳҳои ҳалли фанниро барои тиҷорат муаррифӣ кард

Дар ҳамоиши “Partner’s Day” дар Душанбе ширкати “Samsung Electronics” роҳҳои ҳалли фанниеро, ки ба ширкатҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият, пайдо кардани имкониятҳои нави рушд ва тавсеаи тиҷорат мусоидат мекунанд, муаррифӣ кард. Ин ҳамоиш рӯзи 14-уми октябр дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” баргузор ва ба муаррифии фанновариҳо ва роҳҳои ҳалли “Samsung Electronics” барои бахши тиҷорат бахшида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, паҳнкунанда (дистрибютор) -ҳо ва…

“Қиморбоз” – қиссаи ифшои ҷосусон дар Эрон. Синамоҷоизаи “Тоҷи сомон” бо намоиши филмҳои эронӣ оғоз шуд

Дирӯз, 15-уми октябр, дар Тоҷикистон сеюмин Синамҷоизаи миллии “Тоҷи сомон” ва ҳамзамон Рӯзи синамои Эрон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар он намояндагони расмии Созмони синамои Эрон ва Тоҷикистон, сокинон ва меҳмонони пойтахт ширкат варзида, филми эронии “Қиморбоз” тамошо карданд. Ин бор дар доираи ин синамоҷоиза якҷо бо рӯзҳои синамои Эрон, ҳамчунин рӯзҳои синамои Ӯзбекистон, Русия ва Қирғизистон низ баргузор шуда, филмҳои ҳунарӣ ва мустанади синамогарони ин кишварҳо пешкаши дӯстдорони синамо…

Грин-корт 2027. Додгоҳе дар Амрико гуфт, он баргузор шавад

Додгоҳи федералии ҳавзаи ҷанубии Калифорния Вазорати корҳои хориҷии ИМА-ро ба бургузории лотереяи грин-кортҳои DV-2027 уҳдадор кард. Сабтином барои иштирок дар он ҳанӯз тирамоҳи соли 2025 бояд сурат мегирифт. Тибқи қарори додгоҳ, қабули дархостҳо бояд на дертар аз 1-уми ноябри соли 2026 оғоз шавад. Қарори дахлдорро 14-уми октябр додрас Ҷинсук Ота бо қонеъ кардани дархости ширкати ҳуқуқии Red Eagle Law, ки алайҳи котиби давлатии ИМА Марко Рубио ба додгоҳ шикоят бурда буд, содир кард. Тавре ки…

Дар Душанбе се корхонаи истеҳсоли шиша сохта мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро бо ширкати “Кристалл Грин Гласс” дар бораи бунёди се корхонаи коркарди кварс ва истеҳсоли маҳсулоти шишагӣ дар Душанбе тасдиқ кард. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 120 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар додааст. Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Кристалл Грин Гласс” 2-юми июли соли 2026 ба имзо расидааст. Вакилон ин санадро дар ҷаласаи 1-уми октябр тасдиқ карданд. Раиси…

Тиҷорат ё сиёсат? Чаро Осиёи Марказӣ барои Вашингтон муҳимтар шудааст?

Котиб ва ё дабири давлатии ИМА Марко Рубио дар фосилаи 17-22-уми октябр барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии қолаби C5+1 ба Самарқанд сафар мекунад. Ҳузури беш аз 200 намояндаи доираҳои тиҷорӣ ва ширкатҳои амрикоӣ дар тими ин мақоми баландпояи сиёсии ИМА нишон медиҳад, ки Вашингтон мехоҳад созукори дипломатии C5+1-ро ба дастури кори собити равобити иқтисодӣ, энержӣ ва амниятӣ табдил диҳад. Бешубҳа, дар канори масъалаҳои ҳамкории ИМА бо Осиёси Марказӣ, ҳамчунин таҳаввулоти минтақаӣ…