А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Дар Қирғизистон 4 ҳазору 470 масҷид бояд то моҳи феврали соли 2027 ба тавозуни Идораи мусулмонони Қирғизистон (муфтиёт) гузарад. “Азия-Плюс” аз Кумитаи дини Тоҷикистон пурсид, ки масоҷиди кишвар чӣ гуна фаъолият доранд, дар тавозуни кадом ниҳод аст, имомхатибон чӣ гуна интихоб ё аз кор озод мешаванд? Чаро масҷидҳоро ба тавозуни муфтиёт мегузаронанд? Хабаргузории қирғизии “24.kg” бо такя ба муфтиёти Қирғизистон менависад, ки ҳоло 4 ҳазору 470 масҷид ҳуҷҷатҳои лозимаро надоранд. Акнун, тибқи…
А
Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 7,3 млн метри мураббаъ матоъ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8% камтар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон. Ҳамчунин, воридоти матоъ афзуда, содироти он коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли калобаи пахтагин 19,9% афзуда, ба 14,4 ҳазор тонна расидааст. Истеҳсоли нахи пахта бошад, баръакс 17,4% коҳиш ёфта, 34,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, воридоти матоъ 38,2% афзоиш ёфта, аз 14,5…
А
Азия-Плюс
by Партнёрский материал ·
Ширкати “zypl.ai”, ки узви консорсиуми “Area AI” мебошад, дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳуши маснӯии Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон пойгоҳи онлайнии омӯзишии “AI Nation”-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ мекунад. Моҳи апрели соли 2025, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе зимни ифтитоҳи “IT-парк” дар Душанбе, зарурати фароҳам овардани имкониятҳои бештари омӯзиш дар соҳаи ҳуши маснӯиро ба миён гузошта буд. Роҳандозии “AI Nation” дар…
А
Дар пайи пешниҳоди Бонки осиёии рушд (БОР) барои боло бурдани синни нафақа дар Тоҷикистон, Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар гуфт, ки ин пешниҳод хусусияти тавсиявӣ дошта, худ аз худ меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистонро тағйир намедиҳад. Ин ниҳод рӯзи 22-юми октябр дар вокуниш ба паҳни ин хабар гуфт, масъалаи таъини нафақа ва шартҳои гирифтани он бо қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон танзим карда мешавад. “ “Ҳама гуна тағйирот ба синни нафақа, собиқаи суғуртавӣ ва дигар…
А
Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” то охири моҳи сентябри соли 2026 ба 983,2 млн сомонӣ (ҳудуди 110 млн доллар) расидааст. Тибқи ҳисоботи НБО “Роғун” дар як моҳи охир қарз 21,6 млн сомонӣ афзудааст. Тибқи иттилои манбаъ, дар аввали соли равон, қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ ҳудуди 1,1 млрд сомониро ташкил медод. Моҳи феврал он ба 1,13 млрд сомонӣ расида, баъдан тадриҷан коҳиш ёфт. “ “Коҳиши назарраси қарз, моҳи май сабт шуд, ки ҳаҷми он қариб 118,4 млн…
А
Дар ҳашт моҳ (январ-август)-и соли равон Русия беш аз 260 ҳазор шаҳрванди хориҷиро, ки дар байнашон муҳоҷирони кории тоҷик низ ҳастанд, ба қаламраваш роҳ надодааст, ки ин нисбат ба ҳашт моҳи соли пеш 75,8% зиёд мебошад. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 22-юми октябр дар саҳифаи “Телеграм”-и худ навишт. Ба гуфтаи ӯ, аксари хориҷиёне, ки иҷозаи вуруд ба Русияро дарёфт накардаанд, онҳое ҳастанд, ки аз ин кишвар ихроҷ шудаанд ва ҳаққи вуруд ба онро надоштанд. “…
А
То 17-уми октябри соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 52%-и нишондиҳандаи пешбинишуда (нақша 394,7 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон. Ба иттилои ин ниҳод, имсол дар майдони 164,8 ҳазор ҳектар пахта кишт шудааст. Барои ҷамъоварии ҳосил ҳудуди 106 ҳазор кас ҷалб шуда, ҳамчунин, 54 мошини пахтачинӣ омода аст. Аммо суръати ҷамъоварии пахта аз нишондиҳандаҳои соли гузашта ақиб мемонад. Шоҳрух Ҷумъазода, муовини…
А
Дар Ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Хатлон инвест – 2026”, ки дирӯз, 22-юми октябр дар Бохтар гузашт, 31 созишнома ё санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 1,2 миллиард сомонӣ миёни соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба имзо расидааст.Дар ин бора, зимни ҷамъбасти ҳамоиш хабар додаанд.Ба иттилои масъулон, дар ҳамоиш беш аз 1000 намояндаи доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлат, соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Рӯзи 22-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз шуд. Ба намоишгоҳ аз 7 кишвар китоб овардаанд ва беш аз 30 нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш ва фурӯши китобҳо машғуланд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар намоишгоҳ ноширони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Туркия ва Чин ширкат доранд. Барои ҳар як нашриёт ғурфаи ҷудогона муҳайё шудааст. Масъулини вазорат ҳадафи намоишгоҳро дар рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 18:00 дар Театри нави миллии Тоҷикистон, ки чанде пеш ифтитоҳ шуд, консерти бошукуҳи идона бо номи “Марвориднаво” баргузор мешавад. Консерт ба 35-солагии Истиқолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст ва ситораҳои маъруфи санъати тоҷику берун аз кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд. – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” идома дорад. Дар он ноширони дохиливу хориҷӣ китобҳои тозанашри худро пешниҳоди дӯстдорони мутолиа…
А
Ҳафтаи гузашта корномаи Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов, ду муҳоҷири тоҷик, ки ду занро дар давлати Бошқирдистони Русия аз коми оташ наҷот доданд, дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Русия қарор гирифт. Ин ду ҷавони тоҷик сарфи назар аз баланд будани алангаи оташ ва имкони таркиши лӯлаи газ, нардбонро болои мошин қарор дода, ба ошёнаи сеюми бино баромада, ду сокини маҳаллиро наҷот доданд. Қаҳрамонии онҳо боиси таҳсини корбарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, вале…
А
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон имрӯз, 22-юми октябр, дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории “Хатлон инвест-2026”, ки дар шаҳри Бохтар ҷараён дорад, аз соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даъват кард, ки ба коркарди нахи пахта дар ин минтақа сармоягузорӣ кунанд. Ӯ нигаронӣ кард, ки қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшуда дар Хатлон ба хориҷ ҳамчун ашёи хом содирот мешавад, дар ҳоле ки коркарди он дар дохили кишвар метавонад даромади иловагӣ ва имкониятҳои нави иқтисодӣ…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон қонуни нав “Дар бораи мудофиаи ҳудудӣ”-ро ба тасвиб расонидаанд. То ҳол ҳудудҳо ё иншооти муҳими давлатӣ тавасссути санадҳои дохилии Вазорати мудофиа ҳимоят мешуд. Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи Маҷлиси олӣ, дар гузорише аз ҷаласаи 12-уми октябри ин ниҳоди қонунгузор иттилоъ додааст, ки қонун аз 5 боб ва 29 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии мудофиаи ҳудудӣ, ваколати мақомот ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро дар ин…
А
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Суғд бо нашри як навор куштори марди 74-соларо дар шаҳри Истаравшан расман шарҳ додааст. Ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноят ҳамсараш боздошт шудааст. Ин ниҳод дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, аз гумонбар Гулхумор Маҳмудоваи 49-сола ном бурда, гуфтааст, ки ин ҷиноят рӯзи 9-уми октябр дар манзилии истиқоматӣ “дар заминаи муноқишаи оилавӣ” сурат гирифтаааст. Дар бораи ин ҳодиса, бори аввал “Азия-плюс” бо такя ба манбаъҳои худ рӯзи…
А
Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”) менависад, ки то 1-уми октябри соли 2026 Русия 20 ҳазору 437 тан зодаи панҷ кишвари Осиёи Марказиро барои ҷанг алайҳи Украина ҷалб кардааст, ки аз ин теъдод 5 ҳазору 308 каси он зодаи Тоҷикистон будаанд. Дар ин бора ин тарҳ дар саҳифаи худ дар телеграм хабар дода, гуфтааст, ки онҳо бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома бастани шаҳрвандони хориҷиро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар куҷост? Ба иттилои манбаъ, дар байни кишварҳои…
А
Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ду гузинаи баланд бардоштани синни нафақаро баррасӣ кунад: тадриҷан баланд бардоштани синни нафақаи занон аз 58 ба 63 сол; баланд бардоштани синни нафақа занон ва мардон то 65 сол. Чунин тавсия дар гузориши БОР бо номи “Тағйироти иқтисодӣ барои рушди устувор ва фарогир дар Тоҷикистон”, ки моҳи октябри соли 2026 нашр шудааст, зикр гардидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон, занон дар 58-солагӣ ва мардон дар 63-солагӣ ба нафақа мебароянд. Тағйироти…
А
Ин маълумот дар гузориши “Хатарҳои ярчфароӣ дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ”, ки 14 -уми октябри соли равон нашр шудааст, зикр мешавад. Он бар асоси арзёбии минтақавии хавфҳои ярчфароӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон аз “Francesco Caleca”, “Chiara Scaini”, “William Frodella” ва “Veronica Tofani” таҳия гардидааст. Таҳқиқот ҳудуди Осиёи Марказиро бо масоҳати тақрибан 4 млн километри мураббаъ фаро мегирад. Бино ба арзёбии муаллифони матлаб, минтақаҳои осебпазир аз ярч (фурӯравии теппа ё…
А
Аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2026 дар Тоҷикистон маъракаи эмкунӣ (иммунизатсия)-и иловагӣ зидди беморҳои сурхакон (сурхча) ва гулафшон миёни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола гузаронида мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, имсол беш аз 700 кӯдак ба бемории сурхакон мубтало шудаанд. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки эмкунӣ ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара,Панҷакент, Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ,…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз мешавад. Дар он ноширони дохиливу хориҷӣ китобҳои тозанашри худро пешниҳоди дӯстдорони мутолиа мекунанд. Намоишгоҳ то 24 октябр давом мекунад ва вуруд озод аст. Акси марбут аз asia+ – Имрӯз дар “Экспомарказ”-и Душанбе намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии TajBuild 2026 оғоз мешавад. Дар он ширкатҳои пешсафи соҳаи сохтмон, меъморон, тарроҳон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи…
А
Аз 22 –юм то 24-ум октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Ба иттилои расмӣ, дар намоишгоҳ, беш аз 30 нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд. Вазорати фарҳанг мегӯяд, ҳадафи намоишгоҳ, “рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва…
А
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Суғд аз боздошти як сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара хабар доданд, ки ба куштори ду сарроф дар ин шаҳр гумонбар аст. Ин ниҳод дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, аз гумонбар Фаррух Мирзоев ном бурда, афзудааст, ки ин ҷиноят рӯзи 10-уми октябр сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, гумонбар, Ойбек Отабеков, сокини деҳаи Кӯлқанд ва Фирдавсҷон Савриддинов, зодаи маҳаллаи 14-солагии истиқлолияти деҳаи Навгилеми…
А
“IMPACT Forum 2026” таҳти шиори “Аз ҳамкорӣ то натиҷа” баргузор шуд. Иштирокдорон атрофи масоили тафовути самаранокии воқеӣ аз муваффақияти зоҳирӣ, аҳамияти шинохти инсон паси нишондиҳандаҳои соҳибкорӣ ва дигар масоили марбут ба тиҷорат табодули назар карданд. Аз шиносоӣ – то масъулият барои натиҷа Як сол пеш “IMPACT” ҳамчун майдони вохӯриҳо ва табодули афкор миёни намояндагони соҳаҳои гуногун оғоз ёфта буд. Сипас “Creative Nights” баргузор шуд, ки барои эҷодкорӣ, мухотабёбӣ ва тақвияти ҳамкорӣ…
А
Дар нуҳ моҳ (январ–сентябр)-и соли равон 983,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра 2,2 млн шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон сафар кардаанд: фарқият 2,3 баробар. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистонхабар додааст. Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар ба он сафар мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ӯзбекистониҳо бештар ба Қирғизистон — 2,72 млн, Қазоқистон — 1,07 млн ва…
А
Мақомот дар Душанбе як корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруҳои қалбакиро ошкор ва ду касро бо гумони истеҳсолу муомилоти доруҳои қалбакӣ боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар гузориши мақомот, ки телевизиони “Тоҷикистон” нашр кардааст, аз гумонбарон Олимхон Абдурашидзода ва Абдураҳим Ҷабборов, сокинони шаҳри Душанбе ном бурда мешавад. Ба қавли манбаъ, боздоштшудаҳо давоми ду соли охир ба истеҳсолу муолимоти доруҳои қалбакӣ даст зада, ин маҳсулотро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе…
А
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулон супориш додааст, ки барои таъмини сокинони пойтахт бо обу барқу гармӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал дар бозорҳо дар фасли зимистон “корҳоро тақвият бахшанд”. Ҳамчунин, шаҳрдор ба зерсохтҳои соҳавӣ дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати “Руфтоб” масъалаи насби панелҳои офтобиро дар ҳама корхонаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият корбарӣ кунанд. Хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки ин нуктаҳо дар Иҷлосияи ҳафтуми…
А
Дар нуҳ моҳ ( январ–сентябр)-и соли равон Тоҷикистони 25,3 млн доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 млн доллар ё худ 46,3% камтар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар. Ба иттилои манбаъ, вазни умумии ёриҳои воридшуда, 8901,4 тоннаро ташкил додааст. Дар ҳоле ки дар нуҳ моҳи соли 2025 ин нишондиҳанда ба 18 606,9 тонна баробар буд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми воқеии кумакҳо 52,2% коҳиш ёфтааст. Шумораи кишварҳои кумакрасон низ кам шудааст. Дар нуҳ…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки дирӯз, 20-уми октябр дар Душанбе гузашт, консепсияи даргоҳ (платформа)-и рақамии ҳамлу нақли байналмилалии ва низомнома дар бораи Махзани маълумоти лоиҳаҳои сармоягузории саноатии ин созмон ба тасвиб расидааст. Раёсати Шӯро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон гузашт ва ҷаласаи навбатӣ соли 2027 дар ҳамин кишвар баргузор мешавад. Дар ин бора дар сомонаи расмии СҲШ хабар дода шудааст. Ҷаласа бо раёсати Қоҳир…
А
Пулиси шаҳри Душанбе расман қазияи дуздии кӯдаки навзод аз зоишгоҳи №1-и пойтахтро шарҳ дод. Ин ниҳод дар гузорише, ки рӯзи 21-уми октябр нашр шуд, гуфт, бо гумони рабудани ин тифл Зарина Саймуддиноваи 26-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт шудааст. Саймуддинова дар гузориши мақомот мегӯяд, 6 сол боз оиладор аст, вале соҳиби фарзанд нашудааст. Ба гуфтаи худи ӯ, аз ин сабаб дар хаёли аз ҷое пайдо кардани тифле буд. “ Боздоштшуда дар идома мегӯяд, ӯ бо пӯшидани либоси пизишкии…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд қаламкашони ҷавони минтақаҳои кишвар ҷамъ меоянд ва кори Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон оғоз меёбад. Машварат то 24-уми октябр идома меёбад ва дар ин чанд рӯз ҷавонон аз устодони сухан сабақ мегиранду бо ҳамдигар ошнову қарин мешаванд. Дар охир беҳтаринҳо муаррифӣ мешаванд, намунаҳои осорашон дар нашрияҳои адабӣ интишор меёбанд ва баъзе аз онҳо ба узвияти ИНТ роҳхат мегиранд. – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои…
А
Дирӯз, 19-уми октябр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ҷамъбаст ва ғолибон эълон шуданд. Ин ҷашнвора 15-ум октябр оғоз шуд ва 5 рӯз идома кард. Давоми ин рӯзҳо беш аз 30 филме, ки пештар доварон аз миёни 100 филми ватании барои озмун пешниҳодшуда интихоб карда буданд, манзури тамошобинон шуд. Дар умум, ҳудуди 40 филм ба рӯйхати филмҳое ворид шуданд, ки барои ғолибият дар номинаҳои гуногун рақобат карданд. Муфассал дар гузориши мо тамошо…