XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

“Шаҳсавори Хуросон”. Филми мустанад дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Дар бораи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди саршинос ва яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллии тоҷик филми мустанад сабт шудааст. Ин филми мустанадро Суҳроб Зиё, рӯзноманигори тоҷик таҳия карда, он бори нахуст рӯзи 25-уми сентябр дар маҳфили бузургдошти 100-умин солгарди таваллуди Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар шаҳри Лондон, пойтахти Бритониё ба намоиш гузошта шудааст.Муаллиф дар саҳифаи “фейсбук”-аш навишт, ки филм бар асоси андешаҳои Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии…

Тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон дар нуҳ моҳ 25,6% афзоиш ёфта, ба $1,13 млрд расидааст

Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 1,13 миллиард доллар расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли рнш 230,9 миллион доллар ё 25,6% бештар аст. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобилаи ду кишвар дар соли 2025 1,2 млрд доларро ташкил дода буд. Ин омор дар ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Ҳоким Холиқзода ва Нурлибек Налибаев, муовинони якуми сарвазирони ду кишвар…

Тоҷикистон дар раддабандии нави дастаҳои футболи занонаи ФИФА дар зинаи чандум аст?

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар тозатарин раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар миёни 198 даста дар ҷойгоҳи 159-ум қарор дорад. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон зинаи охирин, яъне панҷумро касб кардааст. Беҳтарин дастаи мунтахаби минтақа ҳамоно Ӯзбекистон боқӣ мемонад, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 51-ум аст. Раддабандии дастаҳои мунтахаби занонаи Осиёи Марказӣ чунин аст: Ӯзбекистон — ҷойгоҳи 51-ум. Қазоқистон — ҷойгоҳи 99-ум.…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 107

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду ҳафтуми ин романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 107 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий ба санҷиши соҳибкорони хурду миёна то соли 2029-ро имзо кард

Рӯзи 28-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони мораторий ё маҳдуд кардани санҷиши соҳибкорони хурду миёна то соли 2029-ро имзо кард. То он вақт ҳеҷ ниҳод, ба истиснои мақомоти андоз, ҳақ надорад фаъолияти ин соҳибкоронро санҷад. Ин дар фармоне омадааст, ки дар сомонаи раисҷумҳур нашр шуд. Ин фармон мӯҳлати мораторийи ҳоло амалкунандаро, ки аз соли 2025 то 1-уми январи соли 2027 эълон шуда буд, ду сол дароз мекунад. Раисҷумҳур дар бораи тамдид рӯзи 14-уми октябр дар вохӯрӣ бо…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии адабӣ-маърифатии “Ҳамешабаҳор” баргузор мешавад. Маҳфили мазкур, ки ба як минбари гарми сухану суханварӣ табдил ёфтааст, ин навбат низ аҳли қалам, навқаламон, дӯстдорони шеъру адаб ва ҳаводорони каломи бадеиро гирди ҳам меорад. Дар фазои гарму самимии маҳфил шеърҳои тозаэҷод қироат гардида, перомуни нозукиҳои суханварӣ, зебоиҳои забони модарӣ ва асрори эҷоди бадеӣ табодули афкор сурат мегирад. Вуруд озод…

Дар Душанбе 95-солагии Мансур Бобохонов таҷлил шуд

Ин ҳамоиши илмӣ, ҳамчунин, ба 60-солагии таъсисёбии факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ рост омада, дар он олимону пажӯҳишгарон ва устодону донишҷӯён гирди ҳам омаданд. Дар ин чорабинӣ масъалаҳои марбут ба саҳми профессор Мансур Бобохонов дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маърӯзагарон дар мавзуъҳои кошифи таърихи тоҷикони ҷаҳон, асосгузори “Маркази тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” будани номбурда ва робитаҳои илмии ӯ бо ховаршиносон ҷаҳон суханронӣ…

Сафари тоҷикистониҳо ба Русия ҳудуди 40% кам шудааст

Дар шаш моҳи соли равон наздики ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтаанд ва онҳо ҳадафи сафари худро ба ин кишвар кор нишон додаанд. Ин оморро хабаргузории ТАСС бо такя ба омори Вазорати корҳои дохилии Русия навиштааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 330 ҳазор кас ё ҳудуди 40% кам аст. Тибқи иттилои расмии мақомоти Русия дар нимсолаи аввали соли гузашта 825 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта буданд. Ба иттилои манбаъ, имсол тоҷикистониҳо дар…

Чӣ тавр Исмоили Сомонӣ ба ҳукмронии 200-солаи арабҳо хотима дод?

Баъди дусад соли парешонӣ ва ҳукмронии бегонагон, дар асри X ориёиҳо дубора соҳибқудрат шуданд. Исмоили Сомонӣ давлати мустақили тоҷиконро бунёд кард ва онро ба як қудрати ҷаҳонӣ табдил дод. Чӣ тавр? Дар нашри нави лоиҳаи “Тоҷикон” бубинед. Тамошои навор: Исмоили Сомонӣ ба ҳукмронии 200-солаи арабҳо хотима дод Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро дар доираи лоиҳа “Тоҷикон”-и “Азия-Плюс” ҳамроҳ бо ширкати ватании сармоягузориву идоракунии “FIFTYFIVE GROUP” пешниҳод мекунад.

Сохтмони се “эстакада” дар хиёбони Саъдии Шерозӣ оғоз шуд. Ҷузъиёт ва муҳлати сохтмон

Имрӯз, 27-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сохтмони се “эстакада” (роҳҳои дусатҳа) ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ санги асос гузоштанд. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод, ки бунёди ин иншоот, дар доираи татбиқи Нақшаи кулли Душанбе сурат гирифта, сохтмони онҳо “бо мақсади бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад”. Манбаъ баъзе ҷузъиёти…

Маблағгузорӣ ба сармояи асосии Тоҷикистон қариб 45% афзудааст

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосии Тоҷикистон дар нущ моҳ (январ–сентябр)-и соли 2026 ба 29,1 млрд сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,9% афзудааст. Дар ин бора дар гузориши нави Оҷонсии омори кишвар маълумот дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми чунин сармоягузориҳо тақрибан 19,1 млрд сомониро ташкил медод. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, воситаҳое мебошанд, ки барои сохтмон ва таҷдиди бинову иншоот, рушди зерсохтор, хариди таҷҳизот ва дигар дороиҳои…

Донандаи 7 забон. “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон кист ва чӣ корнома дорад?

Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯйи соли чоруми риштаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ “Донишҷӯйи сол–2026” дар Тоҷикистон эълон шуд. Ӯ ҳафт забонро медонад ва ба ҷавонон саводнокии молиявӣ ва забони англисиро меомӯзонад. “Азия-Плюс” бо ӯ атрофи озмун, забономӯзӣ, роҳи пешгирифта ва ҳадафҳояш суҳбат кард. Ҷамила дар шаҳри Душанбе, дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, аёми мактабхонӣ орзу дошт духтур шавад, вале китобе, ки дар хусуси молия ва иқтисод хонд,…

“Starlink” пайваст кардани муштариёни навро дар Тоҷикистон қатъ кардааст. Хадамоти алоқа мунтазири шарҳ аст

Ширкати “Starlink” фурӯш ва фаъолсозии дастгоҳҳои навро дар Тоҷикистон муваққатан қатъ кардааст. Дар Хадамоти алоқаи кишвар гуфтанд, ки аз ҷониби ин ниҳод дар ин самт ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва онҳо мунтазири шарҳу тавзеҳи ширкат ҳастанд. Яке аз хонандагони “Азия-Плюс” ба хабаргузорӣ гуфт, ки “Starlink” фармоиши ӯро барои дастрас кардани дастгоҳ бекор карда, маблағашро баргардонидааст. Ӯ дар бораи қатъи фурӯши дастгоҳ аз сӯи ширкат огоҳ шудааст. “ “Бо сабаби танзими давлатӣ ва арзиши…

Маош то $1200. Мақомот корҷӯёни тоҷикро ба кор дар Туркия ва Беларус даъват карданд

Оҷонсии бакортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати кору муҳоҷират шаҳрванони Тоҷикистонро ба кор дар Туркия ва Белорус даъват кардааст. Дар ин кишварҳо то 1200 доллар маош вобаста ба ихтисос ва вазифа пешниҳод мешавад. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабти номи довталабон барои кор дар Туркия имрӯз, 27-уми октябр, оғоз шуда, мусоҳиба бо корфармо рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа (29-30-юми октябр) баргузор мешавад. Ба қавли манбаъ, барои кор кафшергар, корманди барқ, мутахассиси техникӣ ва таъмири…

“Чодари хаёл” дар Душанбе чӣ хел гузашт?

Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” ба анҷом расид, ки ҳафтаи гузашта, 21-уми октябр, оғоз ёфта буд. Ин ҷашнвора соли 2007 таъсис ёфта, ҳамакнун дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва дар доираи он ҳам театрҳои Лӯхтаки кишвар ва ҳам аз хориҷи кишвар давоми 5 рӯз ройгон намоиш мегузоранд. Имсол дар қатори намоишҳои театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон боз аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия намоишҳо ба саҳна гузоштанд. Ҳадафи ҷашнвора чӣ аст ва…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 октябри соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1932 – Дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон таъсис дода шуданд. Соли 2008 – Дар Додгоҳи олии Лондон муҳокимаи парвандаи Корхонаи воҳиди давлатии алюминийи Тоҷикистон “ТАЛКО” аз сар гирифта шуд. Ин ширкат бар асари нақшае, ки роҳбарияти собиқи ширкат ба воситаи фасод амалӣ карда буд, садҳо миллион доллар зиён дида буд. Соли 2011 – Хатти интиқоли нерӯи барқи 220-киловаттаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ расман ба истифода дода шуд. Соли…

Эмомалӣ Раҳмон дар 14 ниҳод муовинони нав таъин кард. Онҳо кистанд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар 14 ниҳоди дигари давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо муовинон-сарпарастони самти рақамикунӣ ва фанновариҳои муосир таъин кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур имрӯз, 26-уми октябр хабар дода, гуфт, ки ин афрод дар асоси қарори ҳукумат дар мақомҳои нав таъин шудаанд. “ “Таъкид гардид, ки муовинон – сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи…

Тағйироти кадрӣ: номзадии Зариф Ализода ба мақоми раиси КМИРТ пешниҳод шудааст

Анвар Сафарзода пас аз 9 моҳи кор ба ҳайси ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз ин мансаб озод ва ба ҷои Зариф Ализода, ки тайи 7 соли охир ёрдамчии раисҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ буд, ба ин мансаб таъйин шудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар имрӯз, 26-уми октябр хабар додааст. Номзадии Зариф Ализода ба ҷои Бахтиёр Худоёрзода, ки ду даҳсола раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) буд, барои таъин ба ин…

Федератсияи ҷудо гуфт, ҷудокорони танбеҳшуда метавонанд ба машқҳои дастаҷамъӣ баргарданд

Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гуфтанд, 7 ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки барои вайрон кардани интизоми касбӣ, аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуда буданд, метавонанд пас аз поён ёфтани ин муҳлат – 4-уми ноябр ба тамринҳои дастаҷамъӣ баргарданд ва ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳоро пайдо кунанд. Чор моҳ пеш, Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, 7 паҳлавони маъруфи кишвар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллоҳи Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Киселёва ва Александра Канро 4…

Тилек Сулаймонов директори Wildberries дар Тоҷикистон таъин шуд

Тилек Сулаймонов директори ширкати “Wildberries” дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ барои рушди фаъолияти ин бозори онлайнӣ дар кишвар, роҳандозии хидматрасониҳои нав ва густариши ҳамкорӣ бо соҳибкорону шарикони маҳаллӣ масъул хоҳад буд. “Wildberries” аз моҳи апрели соли 2025 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳоло дар пойгоҳ миллионҳо номгӯйи маҳсулот барои харидорон дастрас буда, дар кишвар даҳҳо нуқтаи қабули фармоишҳо низ амал мекунанд. Илова бар ин, соҳибкорони тоҷик метавонанд дар он ҳамчун…

Аз манзил то ҷубронпулӣ. Дар фаъолияти кормандони НБО “Роғун” чӣ тағйир ёфт?

Барои кормандоне, ки дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” кор мекунанд, расмиёти мудирияти захираҳои корӣ нав карда шуд. Ин ҳуҷҷат тартиби мудирияти кормандон, талабот ба шароит ва бехатарии кор, инчунин тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи кормандонро муайян мекунад. Ин тағйир моҳи сентябри соли 2026 сурат гирифта, дар сомонаи расмии ҶСК “НБО Роғун” нашр шудааст. Расмиёт бо назардошти қонунгузории Тоҷикистон ва меъёри экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ ESS2, ки муносибатҳои корӣ ва шароити коррро…

Теъдоди соҳибкорон зиёд шудааст: кӣ ва дар куҷо ба тиҷорат машғул аст?

То 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 401,1 ҳазор соҳибкор сабт шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 18,2 ҳазор ё худ 4,8% зиёд аст, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар. Ба иттилои манбаъ, аз 401,1 ҳазор соҳибкор, 42,5 ҳазорро шахси ҳуқуқӣ ва 358,6 ҳазорро соҳибкори инфиродӣ (СИ) ташкил медиҳанд. Дар як сол, шахсони ҳуқуқӣ 1 ҳазор ё худ 2,4% ва соҳибкорони инфиродӣ 17,2 ҳазор ё 5% зиёд шудаанд. Ҳамин тариқ, 89,4%-и субъектҳои хоҷагидорро дар кишвар, соҳибкорони…

“Барои тақвияти марз”. СААД охири сол интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Тоҷикистон шуруъ мекунад

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Тоҷикистон барои тақвияти марз бо Афғонистон то охири соли ҷорӣ шуруъ мекунад. Ин нуктаро Таалатбек Масодиқов, дабири СААД рӯзи 21-уми октябр, дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали барнома аллакай, ба анҷом расида, фармоишгарон дар Тоҷикистон таъминкунандагонро интихоб карда, маблағи фармоишҳоро мувофиқа кардаанд. “ “Ҳоло марҳилаи дуюм идома дорад. Фикр мекунам, тирамоҳ, то охири соли…

Ба буҷети давлатӣ қариб 15% бештар маблағ ворид шудааст: аз кадом ҳисоб?

Даро нуҳ моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 57,1 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 14,9% зиёд мебошад. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026-ум 65 млрд сомонӣ ва хароҷот – тақрибан 67 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, дар 9 моҳ 88%-и нақшаи солонаи даромади буҷет иҷро шудааст. Ҳадди ниҳоии касри буҷети давлатӣ барои соли 2026, тақрибан 1,95 млрд сомонӣ ё 1% аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи “Чодари хаёл” ҷамъбаст мешавад. Имрӯз соати 11:00 намоиши “Достони Рустам” бар асоси китоби “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ (коргардон Г. Ҳамроев) аз ҷониби Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) ба саҳна гузошта мешавад. Бояд гуфт, дар ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва дигар давлатҳо бо намоишҳои беҳтарин иштирок карданд. ЯК РӮЗИ…

“Чӯпони барқӣ”. Чӣ гуна як деҳқон аз Муъминобод ҳосилро аз хукҳои ёбоӣ муҳофизат мекунад?

Дар ноҳияи иқлимаш хушки Муъминобод деҳқоне бо номи Раҳмоналӣ ҳосили ғалларо аз 500–600 килограмм то ду тонна аз ҳар ҳектар зиёд кардааст. Дар ин кор, ба ӯ тухмиҳои нав, девори барқии офтобӣ барои муҳофизат аз ҳайвоноти ваҳшӣ ва дастрасӣ ба об барои чорво кумак кардаанд. Таҷрибаи ӯ нишон медиҳад, ки чӣ гуна роҳу воситаҳои оддӣ метавонанд зиндагии кишоварзонро дар шароити норасоии об ва таназзули чарогоҳҳо беҳтар кунанд. Дучарха (мотосикл) рӯйи сангҳо ҷастухез мекунад. Раҳмоналӣ онро бо итминон…

Аз Мирзо Турсунзода то имрӯз. Унвонҳои Шоир ва Нависандаи халқии Тоҷикистон чӣ гуна дода мешаванд?

Имрӯз, 25-уми октябр аз таъсиси унвони Шоири халқии Тоҷикистон 65 сол пур мешавад. Ин унвон бори аввал соли 1961 ба Мирзо Турсунзода тақдим шуд. Баъдан, расо 50 сол қабл, соли 1976 дар асоси он, унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон таъсис ва аввалин бор ба Ҷалол Икромӣ тақдим гардид. Ҳоло чанд нафар шоиру нависанда, “халқӣ” шудаанд, онҳоро бо кадом меъёр медиҳанд, киҳо сазоворҳоро маълум мекунанд ва дар ин росто чӣ рақамҳову ҳодисаҳои ҷолиб аст? Шоири халқӣ дар рақамҳо Баъди эҳдои аввалин унвони…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи “Чодари хаёл” идома дорад ва то 26 октябр давом мекунад. Имрӯз соати 10:00 ва 14:00 намоиши “Тойча”, муаллиф ва коргардон С. Седухин аз ҷониби Театри вилоятии лӯхтаки Фарғона (Ӯзбекистон) ба саҳна гузошта мешавад. Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва дигар давлатҳо бо намоишҳои беҳтарин иштирок доранд. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1933 – Дар шаҳри Душанбе…

Аз таҷрибаомӯз то нахустин дорандаи мақоми FICA дар Тоҷикистон. Қиссаи муваффақияти Фирдавс Ҳусайнов

Фирдавс Ҳусайнов замоне ба фаъолияти бонкӣ оғоз кард, ки ҳанӯз маълумоти олӣ надошт ва танҳо як таҷрибаомӯз буд. Имрӯз ӯ роҳбарии хадамоти назорати риояи талабот (комплаенс)-и “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро ба уҳда дорад ва нахустин нафар дар кишвар аст, ки соҳиби мақоми байналмилалии FICA шудааст. Ӯ ин роҳро чӣ гуна тай кард, барои расидан ба чунин мақом бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва чаро дар низоми бонкӣ мутахассисоне, ки фаъолияти онҳо барои муштариён чандон намоён нест, нақши муҳим доранд?…

Қаҳрамонии Устод Айнӣ. Далеле, ки душманони тоҷикро хомӯш кард

Қаҳрамоне, ки сарзамини тоҷикон будани Осиёи Марказиро исбот кард! Ҳафт моҳи заҳмат, бехобӣ ва муборизаи беамон бо қалам барои ҳифзи миллат. Бубинед, ки чӣ гуна ин шахс сарнавишти моро тағйир дод ва ба таъсиси Тоҷикистон сабаб шуд. Тамошои навор: Далеле, ки душманони тоҷикро хомӯш кард Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро дар доираи лоиҳаи “Тоҷикон”-и “Азия-Плюс” ҳамроҳ бо ширкати ватании сармоягузориву идоракунии “FIFTYFIVE GROUP” пешниҳод мекунад.