XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Нигин Аҳмаднажод – эроние, ки “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон шуд, кист ва чӣ корнома дорад?

Нигин Алӣ Аҳмаднажод, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, дар озмуни “Донишҷӯи сол” дар Душанбе миёни хориҷиён ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ӯ зодаи шаҳри Теҳрони Эрон аст ва дар риштаи забоншиносӣ, бахши забони олмонӣ таҳсил мекунад. “Азия-Плюс” бо ӯ атрофи таҳсил дар Тоҷикистон, озмун, забону фарҳангу таърихи яки тоҷикистониёну эрониён ва аҳдофаш гуфтугӯ кард. Нигин мегӯяд, ба Тоҷикистон аслан бо нияти таҳсил наомада буд, мехост аз ин ҷо ба кишвари дигар сафар кунад. “Дар…

Шоҳкори таърихӣ. Қаҳрамонии футболбозони навраси тоҷик дар ҷашнвораи Ҷоми ҷаҳон

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар Боку бо намоиши бозии дурахшон қаҳрамонии сатҳи D-и нахустин давраи Ҷоми ҷаҳонии ФИФА сиёни наврасони то 15 – соларо ба даст овард ва ин ифтихори таърихиро ба номи кишвар сабт кард. Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки дастаи футболи наврасони то 15-солаи кишвар бо роҳбарии Нӯъмонҷон Юсупов унвони қаҳрамонии сатҳи D-и ин мусобиқаро ба даст овард. Футболбозони навраси тоҷик дар роҳи расидан ба ин ифтихор аввал дар марҳилаи чорякнаҳоӣ Литваро бо…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар меҳмонхонаи “Румӣ” ярмаркаи анъанавии ҳунармандон таҳти унвони “Анор-фест” идома дорад. Дар ярмарка анор аз паҳлуҳои гуногун муаррифӣ мегардад. Меҳмонон метавонанд ҷавоҳирот ва ороишоти гуногун, зарфҳои сафолӣ, маҳсулоти чӯбин, туҳфаҳои хотиравӣ, шамъ ва ашёи ороишӣ, либосу лавозимот, инчунин шириниҳо, шоколади донадор бо анор, пастилаи мевагӣ ва дигар маҳсулоти болаззатро пайдо кунанд. – Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии сирки амрикоии “Экстрим”…

Аз дуздии навзод то қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик. Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд?

Моҳи октябр дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва чанд қазияи пурсарусадо сипарӣ шуд. Аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш ва дуздии навзод аз таваллудхонаи Душанбе то Синамоиҷашнвораи “Тоҷи сомон”-у ҷашнвораи театрҳои лӯхтак ва қаҳрамонии муҳоҷирон дар Русия аз рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки давоми моҳ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор доштанд. “Азия-Плюс” муҳимтарин рӯйдодҳои моҳи октябрро гирд овард. Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш 1-уми октябр мавсими…

Ғанисозӣ бо моддаҳои кимиёӣ нархи ордро гарон мекунад?

Аз 1 сентябр орди навъҳои олӣ ва якум дар бозори дохилӣ бояд бо оҳан, руҳ ва витаминҳои B9 ва B12 ғансозӣ ва намаки ошӣ йоднок карда шавад. Маҳз кадом моддаҳоро ба маҳсулот илова мекунанд, ин барои чӣ зарур аст, оё чунин орд метавонад хатарнок бошад ва оё воқеан талаботи нав боиси болоравии нархҳо мешавад? Чаро орд ғанӣ гардонида шудаву намакро йоднок мекунанд? Дар Вазорати тандурустӣ шарҳ доданд, ки талаботи нав ба паҳншавии то ҳол зиёди норасоии микроэлементҳо, пеш аз ҳама оҳан ва йод,…

Ҳосили зардолу 36% кам шуд. Тағйирёбии иқлим ба кишоварзони тоҷик чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳосили зардолу дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон (январ–сентябр) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,8% коҳиш ёфтааст. Сардиҳои баҳор, гармии шадид дар тобистон ва норасоии намӣ, хавфҳоро барои кишоварзон бештар мекунанд, дар ҳоле ки мутобиқшавӣ ба шароити нав маблағ талаб мекунад, ки бисёре аз хоҷагиҳо онро надоранд. Дар зери дарахти себ, дар сояи камшумори шоху баргҳои он, деҳқоне нишаста, ба боғи худ менигарад. Дар атроф, заминҳои аз офтоб сӯхта, адирҳои хушк ва теппаҳои пургарду…

Саҳми Тоҷикистон аз рӯдҳои Ому ва Сир чӣ қадар аст?

Тибқи қарори Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз октябри соли 2026 то марти чоли 2027 иҷозат дорад аз ҳавзаи рӯди Ому 3 миллиарду 20 миллион метри мукааб ва аз ҳавзаи рӯди Сир 365 миллион метри мукааб об истифода барад. Ин дар ҳолест ки дар нимаи аввали соли 2026 ҳаҷми оби воридшаванда ба баҳри Арал ва рӯди Ому тақрибан нисфи ҳаҷми пешбинишуда буд. Тафсилоти тақсими захираҳои об миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бюллетени моҳи октябри…

Баробар ба қаҳрамонӣ. Масъуди Аҳмадзод дар “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ” медали нуқра гирифт

Дар рӯзи дуввуми баргузории мусобиқоти ҷудо – “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ-2026” боз як ҷудокори тоҷик соҳиби медали нуқра шуд. Ҳамакнун, дастаи ҷудои Тоҷикистон соҳиби се медал аст. Медали дуюми нуқраро ҷудокори ҷавони тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг овард. Ӯ то расидан ба финал, бо рақибони пурқувват ва номдор, аз ҷумла қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ қувваозмоӣ кард ва пирӯз шуд. Аз ҷумла, дар рақобати аввали худ ӯ Нурмуҳаммад Боқирдинов аз Қирғизистонро дар вақти иловагӣ бо як…

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Асилзодае, ки Шӯравӣ падарашро кушт, аммо натавонист иродаашро бишканад

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ – ҳарҷанд ӯ мақоми расмии Қаҳрамони Тоҷикистон надорад, вале бисёре аз аҳли илму адаб бар онанд, ки Шакурӣ дар як сатҳ бо қаҳрамонҳо қарор дорад. Барои кадом хидматаш ӯ ин мартабаи волоро соҳиб шуд ва чаро дар як радиф бо қаҳрамонҳо аст? Дар нашри нави лоиҳаи “Тоҷикон” бубинед. Тамошои навор: Шӯравӣ падарашро кушт, вале ҳувияту иродаашро – на! Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро дар доираи лоиҳа “Азия-Плюс” ҳамроҳ бо ширкати ватании сармоягузориву…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши балети “Фаввораи Боғчасарой”-и Борис Асафйев баргузор мешавад. Намоиш ба ёди устоди балети тоҷик Муҳаммад Азимзода бахшида мешавад, ки бармаҳал аз олам даргузашт. Ӯ чандин сол дар ин балет нақши асосии мардонаро иҷро карда, ҳамроҳи ҳунарпешаи маъруф Фарангис Қосимова дар як саҳна ҳунарнамоӣ мекард. Арзиши чипта аз қатори 1 то 10-ум 50 сомонӣ ва аз қатори 11 то 16-ум 30 сомонӣ аст. –…

Аз “рубли шӯравӣ” то “сомонӣ”. Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?

Бисту шаш сол қабл, 30-юми октябри соли 2000, воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “сомонӣ” ба муомилот баромад. Он ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон номгузорӣ шудааст. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар ин мавод аз таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пештар аз даст ёфтан ба истиқлол дар кишвар истифода мешуданд, ёд меорем.…

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират мегӯяд, беш аз 3,7 млн сомонӣ қарзи муҳоҷиронро аз корфармоён рӯёнидааст

Дар 10 моҳи аввали имсол 32 миллиону 523 ҳазору 239 рубл (қариб 3 млн 721 ҳазор сомонӣ) музди кори пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба онҳо бозгардонида шудааст. Дар ин бора имрӯз, 30-юми октябр Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, гуфт, ки ин миқдори пулро дар пайи муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон аз корфармоён дар Русия рӯёнда, ба онҳо баргардонидааст. Маълум нест, ки далели сари вақт пардохт нашудани маоши муҳоҷирон чӣ будааст. Шикоят аз надодани…

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Маркази аутизм, чанд корхонаи истеҳсолӣ ва меҳмонхонаи “Radisson”-ро ба истифода дод

Имрӯз, 30-юми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бинои нави Маркази аутизм ё дархудмондагӣ, чанд корхонаи истеҳсоли дору, дару тиреза ва шиша, меҳмонхонаи “Radisson collection Dushanbe”-ро ба истифода дода, ба сохтмони Маркази пайванди узвҳо ва бофтаҳои бадан ва чанд иншооти дигар санги асос гузошт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур,Маркази дархудмондагӣ, барои ташхису табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои аутизм, синдром “Дауна”, фалаҷи кӯдаконаи майнаи…

Дарахти тановари маърифат. Муҳаммадҷон Шакурӣ ва мероси мондагори Бухорои фарҳангпарвар

Мавлуди саъд дар шабҳои наҳс Асри бист барои тоҷикон асри сарнавишт буд. Бухоро, ки ҳазор соли охир маснаду ҷойгоҳи забони порсӣ буд, бар асари таҳоҷуми низомии болшевикон суқут кард. Шаҳре, ки дар он беш аз сад мадрасаи динӣ фаъъолият карда, даҳҳо ҳазор толибилм машғули дарсомӯзӣ буданд, мавриди ғорати як мушт ҷинояткори аз худову расул ғофил қарор гирифт. Ҳазорон нафар фирор карданду мардуми бешумор кушта шуданд. Бар асари ин ҳамлаи харобиовар давлати Бухоро аз як кишвари ниммустақил ба як…

Мансабдорон дигар ба кори Оҷонсии омор дахолат намекунанд. Қонуни нави омор боз чиро тағйир медиҳад?

Рӯзи 21-уми октябр Маҷлиси намояндагон қонуни нав “Дар бораи омори расмӣ”-ро қабул кард, ки тибқи он дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва мансабдорон ба кори Оҷонсии омор манъ мешавад. Ин қонун дар таҳрири нав қабул шуд. Пештар қонун “Дар бораи омори давлатӣ” ном дошт, дар таҳрири нав номи он аз “давлатӣ” ба “расмӣ” иваз шудааст. Қонуни нав 6 боб ва 29 модда дорад. Рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” аз як ҷаласаи палати поёнии парлумон навиштааст, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҳукумат пешниҳод…

Ду медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи аввали “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ”

Дар рӯзи аввали баргузории мусобиқоти ҷудо – “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ” ду ҷудокори тоҷик соҳиби медали нуқра ва биринҷӣ шуданд ва як ҷудокори тоҷики дигар, ки бо парчами давлати Баҳрайн ҳунарнамоӣ мекунад, медали тилло гирифт. Лоиқ Қутбуддинов, ҷудокори ҷавони тоҷик дар вазни то 60 кг нишони нуқра гирифт. Ӯ рақобатҳояшро аз даври дуюм оғоз карда, пас аз шикаст додани ҳарифонаш аз Амрико, Исроил ва Қазоқистон ба даври ниҳоӣ баромад. Аммо Қутбуддинов дар финал аз намояндаи Озарбойҷон шикаст…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 109

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду нуҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 109 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…

Буҷети давлатӣ барои соли оянда 80,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дирӯз, 29-уми октябр, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор ва дар он тарҳи қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳур дар ҷаласа зикр шуд, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин назар…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии Салимшо Ҳалимшо Конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Салимшо Ҳалимшо – эҳёгари тамаддуни ориёӣ дар адабиёт” баргузор мешавад. Дар барнома адабиётшиносон дар бораи паҳлуҳои гуногуни эҷоди шоир суханронӣ карда, аз хотираҳои худ бо ӯ нақл мекунанд. Ҳамчунин муаррифии китоби ӯ ва иҷрои таронаҳо бар пояи шеъри ӯ аз ҷониби ҳунармандон дар назар аст. Вуруд озод аст. – Дар шаҳри Хуҷанд Ҳамоиши байналмилалии…

Нуқтаҳои нерӯдиҳии мошин: чӣ гуна метавон иҷозат гирифт ва нархи он чанд аст?

Дар Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд нуқтаҳои тиҷоратии нерӯдиҳӣ боз кунанд. Аммо аз моҳи августи соли 2026 барои фурӯши нерӯи барқ тавассути чунин нуқтаҳо иҷозатномаи махсуси Вазорати энергетика ва захираҳои об талаб карда мешавад. Кадом ҳуҷҷатҳо заруранд ва нерӯи барқ барои мошинҳои барқӣ чӣ қадар арзиш дорад? Чӣ тағйир ёфт? Қаблан соҳибкороне, ки нуқтаҳои нерӯдиҳӣ мекушоданд, пайвастшавӣ ба шабакаи барқро ба расмият дароварда, бо ташкилоти дахлдори таъминкунандаи…

Вазорати нақлиёт ҷузъиёти тарҳи бозсозии роҳи “Балҷувон – Сари Хосор”-ро шарҳ дод

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти тарҳи таҷдид ва бозсозии роҳи мошингарди “Балҷувон – Сари Хосор”-ро шарҳ дод. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои навсозии ин роҳ беш аз 50 миллион евро маблағгузорӣ мекунад Ин ниҳод рӯзи 29-уми октябр навишт, ки БАТР барои азнавсозии оин роҳ 49,2 миллион евро қарз ва барои татбиқи лоиҳа 4,2 миллион евро кумаки бебозгашт ё грант медиҳад. Вале дирӯз, Вазорати молияи кишвар дар хабари расмиаш гуфт, ки барои таҷдиди роҳи “Балҷувон – Сари Хосор” 52,85…

Оғози марҳилаи 4-уми сабтином дар ММТ. Кӣ ширкат карда метавонад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Аз 2 то 20-уми ноябр марҳилаи чоруми сабтином дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор мешавад. Дар ин давра танҳо онҳое, ки фосилавӣ ва ё ғоибона таҳсил кардан мехоҳанд, ҳаққи ширкат доранд. Дар ин бора Маркази милли тестӣ (ММТ) хабар дода, гуфтааст, ки барои сабтиноми довталабон дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис ёфтааст. Ба қавли манбаъ, ин нуқтаҳо дар Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт мебошанд. Бо суроғаи нуқтаҳои…

“Муассиса ва кӯчае дар Душанбе ба номи Шакурӣ гузошта шавад”

Рӯзи 28-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ба муносибати 100-солагии Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, яке аз олимони забардаст ва эътирофшуда дар кишварҳои ҳавзаи форсӣ, маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Академик Кароматулло Олимов пешниҳод кард, ки як кӯчаи Душанбе ба номи ин олим гузошта шавад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар суҳбати ҷудогона ба “Азия-Плюс” ин пешниҳодро дастгирӣ карда, афзуд, месазад яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ба номи устод Шакурӣ гузошта шавад.…

Боз касе “Шоҳҷоиза”-ро соҳиб нашуд. Имсол киҳо ғолиби озмуни “Илм фурӯғи маърифат” шуданд?

Имсол ҳам “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба касе тақдим нашуд. Давоми шаш соле, ки озмун баргузор мешавад, танҳо дар соли 2023-юм Ҷаҳонгир Дадаҷонов, барандаи “Шоҳҷоиза”-и ин озмун гардиду халос. Аз Вазорати маориф ва илм сабаби ба касе тақдим нашудани “Шоҳҷоиза” -ро шарҳ доданд. Маросими ҷоизасупории озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2026 имрӯз, 29- октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Аз Вазорати маориф ва илм ба…

Даргузашти Ҷӯра Ҳошимӣ, аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти кӯдак

Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти кӯдак дар 78-солагӣ дар пайи беморӣ даргузашт. Дар ин бора наздикону дӯстони ӯ шаби гузашта хабар додаанд. Ба иттилои наздикони марҳум, маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 29-уми октябр, соати 13 дар шаҳраки Ҳарбӣ (Военний городок) баргузор мешавад. Тибқи одати маъмул, шоирони халқии Тоҷикистон дар оромгоҳи шахистяҳои шинохта -Лӯчоб дафн карда мешаванд. Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҷӯра Ҳошимӣ чанд рӯз…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 108

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду ҳаштуми ин романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 108 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

БАТР имкони маблағгузорӣ ба НБО “Роғун”-ро баррасӣ мекунад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) имкони иштирок дар маблағгузории марҳилаи навбатии сохтмони НБО “Роғун”-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Маттео Патроне, ноиби президенти бонк дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, БАТР аҳаммияти стратегии НБО “Роғун”-ро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ дарк мекунад, аммо масъалаи маблағгузории мустақими сохтмони нерӯгоҳ ҳанӯз дар баррасӣ аст. “Агар ошкоро гӯем, ҳоло мо намедонем, ки марҳилаи навбатии…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мешавад. – Имрӯз дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мусобиқаи байналмилалии “Тоскулоҳи бузурги Абу-Забӣ” (Abu Dhabi Grand Slam) оғоз мешавад. Дар он Тоҷикистонро 13 варзишгар муаррифӣ мекунад ва мусобиқа то 31-уми октябр давом мекунад. – Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Ҳамоиши байналмилалии IV…

Манъи муҳоҷирати корӣ то синни 18. Дар қонуни нави муҳоҷират боз чӣ тағйир ёфт?

Дар қонуни нави муҳоҷират, ки чанде пеш қабул ва мавриди амал қарор гирифт, синни иҷозаи муҳоҷирати корӣ аз 18 боло муқаррар шудааст. Он ҳам ба давлатҳое, ки дар ҳудуди онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон ҳифз мешаванд. Дар қонуни пешин чунин талабот набуд. Ин қонун аввали моҳи октябр дар Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 21-уми октябр ба он имзо гузошт. Қонуни пешин бештар муҳоҷирати хориҷиёнро ба…

Сокинон ба муносибати Рӯзи Конститутсия се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мешавад, сокинони кишвар се рӯз пайиҳам – 6, 7 ва 8 -уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд. Яъне онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, метавонанд аз 6 то 8-уми ноябр истироҳат кунанд ва 9-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд: 6-уми норябр – Рӯзи Конститутсия ва рӯзи 8-уми…