А
Имсол аз қабули Конститутсия ё худ қонуни асосии Тоҷикистон 32-сол пур мешавад. Он се сол пас аз эълони истиқлоли давлатӣ, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ, 6-уми ноябри соли 1994 бо райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Дар ин муддат, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистонро…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми эронӣ Ҷавод Ҳасанзод Муқаддам (Ҷовид) таҳти унвони “Бозгашт” идома дорад. Ин намоиш имкони муносибест барои шиносоӣ бо ҷаҳони эҷодӣ, андешаҳои ҳунарӣ ва нигоҳи хоси рассом ба зебоӣ ва воқеияти зиндагӣ. Намоиш то 10 ноябри соли 2026 идома мекунад ва вуруд озод аст. – Дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии сирки амрикоии “Экстрим” баргузор мешавад. Он 31-уми октябр оғоз…
А
Бёнёди НБО “Роғун” бо баландтарин сарбанд дар ҷаҳон дар баробари ифтихору нишона аз матонати халқи тоҷик, ҳамчунин эҳсоси масъулияту дақиқкорӣ низ ҳаст. Ҳар як хишти гузошта дар он зери заррабини натанҳо сокинони Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон низ қарор дорад. Зеро он бо баландтарин сарбанди худ иншооти камназир ва бо иқтидори тавлиди қариб 17 млрд кВт/соат барқ нерӯгоҳи муҳим барои Тоҷикистон ва минтақа хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки ҳар як хабари марбут ба сохтмони ин нерӯгоҳ мушикофона…
А
Дар шаҳри Душанбе маҷмааи истеҳсоли дорувории “Разес Фарма” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Ин маҷмаа яке аз корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ дар кишвар ба шумор рафта, ба таҳкими амнияти доруворӣ, рушди истеҳсоли ватанӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридоти дору равона шудааст. Ба иттилои ширкати “Разес Фарма”, маҷмаа ҳамчун корхонаи насли нав бунёд шуда, фанновариҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, зерсохтори…
А
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт аз маҳалли марҳалаи аввали бозсозии роҳи “Балҷувон – Сари Хосор” боздид ва бо роҳсозону муҳандисон мушкилиҳоро баррасӣ кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар марҳилаи аввали сохтмон, дар 15 нуқта 115 коргар, аз ҷумла 75 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Чин кор мекунанд. Вазорати нақлиёт хабар дод, ки вазир рӯзи 3-юми ноябр бо роҳсозон мулоқот карда, дар ҷараёни суҳбат хусусиятҳои татбиқи лоиҳа дар шароити кӯҳсор мавзуи калидӣ будааст. “ “Мутахассисон муайян карданд, ки бо…
А
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти 9 кас бо гумони қочоқи маводи мухаддир ба хориҷи кишвар хабар дода, гуфт, ки аз ҷумла аз махфигоҳи онҳо дар ноҳияи Масчоҳ 24 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш” дарёфту мусодира кардаанд. Ин ниҳод дар як гузориш, ки рӯзи 4-уми ноябр нашр кард, гуфтааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро қочоқбарон аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда, мехостаанд онро ба хориҷа интиқол диҳанд. Вале аз ин кишвар ном набурдаанд. Ба қавли манбаъ, ҳамаи онҳо аъзои…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби · 2 weeks ago
Ба муносибати мавлуди академик Аҳрор Мухторов ду сол пеш мо ба зиндагонӣ, эҷод ва муҳимтарин корҳои анҷомдодаи ӯ нигоҳе андохтем ва ҳамзамон, аз муаррихон пурсида будем, ки муҳимтарин хидматҳои ӯ кадомҳо буданд. Дар рӯзи зодрӯзи академик матлаби зерин бознашр мешавад. Роҳи пурпечутоби Аҳрор Мухторов Аҳрор Мухторов 5-уми ноябри соли 1924 дар шаҳри Истаравшан (собиқ Уротеппа) чашм ба олам боз кардааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, соли 1939 ба факултаи коргари Донишкадаи давлатии педагогии…
А
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафта, аз 5 то 7-уми ноябр дар ин кишвар мемонад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки ин сафар бо даъвати Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон анҷом мешавад. “ “Зимни сафар сарони ду давлат масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими муносибатҳои ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи вежа зоҳир хоҳанд кард”, – афзуд ин ниҳод. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи…
А
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Тошканд бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон мулоқот кард. Пас аз вохӯрӣ, ба шаҳрдори Душанбе барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон нишон тақдим гардид. Рустами Эмомалиро дирӯз, 4-уми ноябр дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд-Ҳумо” муовини якуми раиси Маҷлиси олии Ӯзбекистон, ҳокими Тошканд ва дигар…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду сенздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 113 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Кодекси нави экологии Тоҷикистон, ки 21-уми октябри соли 2026 ба имзо расид, меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табииро дар як санад муттаҳид кардааст. Он усули “ифлоскунанда пардохт мекунад”-ро муқаррар карда, талаботи нав нисбат ба партовҳо, мониторинги рақамии экологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дастрасии аҳолӣ ба иттилооти экологиро ҷорӣ мекунад. Кадом муқаррароти Кодекс махсусан муҳиманд ва онҳо дар амал чӣ маъно доранд? Ифлос кардӣ — пардохт кун Дар Кодекс усули…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шаби эҷодии коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Нозим Меликов баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба 35-солагии фаъолияти ҳунарии ӯ бахшида шуда, дӯстдорони театр, ҳамкорону ҳамкасбонашро гирди ҳам меорад. Дӯстдорони театр метавонанд дар ин шаб бо роҳи эҷодӣ ва дастовардҳои 35-солаи ҳунарманд ошно шаванд. – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби · 2 weeks ago
Демократҳо дар интихоботи миёндавраии Амрико пирӯз шуда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ, назорати ҳарду палатаи Кунгура (Конгресс)-ро аз ҷумҳурихоҳон мегиранд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эътироф кардааст, ки ҷанг бо Эрон ба шикасти ҳизбаш таъсир расонд, аммо мегӯяд, аз оғози ин ҷанг пушаймон нест. Интихоботи миёндавраии Амрико, ки 3-юми ноябр баргузор шуд, барои Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо шикасти бузург анҷом ёфт. Демократҳо на танҳо дар иёлатҳои рақобатпазир, балки дар чанд минтақае, ки солҳои зиёд…
А
Имрӯз 4-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон раиси “Тоҷик Эйр”, роҳбари Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ, муовинони раиси ВМКБ, раисони Хоруғу Дарвоз ва нуҳ шаҳру навоҳии дигари вилояти Хатлонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои нав таъин кард. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, бо қарори ҳукумати кишвар Парвиз Шодмонзода, аз роҳбарии ширкати “Тоҷик Эйр” барканор шудааст. Дар қарори ҳукумат сабаби барканории ӯ шарҳ дода нашудааст. Шодмонзода аз охири моҳи сентябри соли…
А
Дар мусобиқаи Ҷоизаи бузурги Загреб ё “Zagreb Grand Prix”, ки аз 13-ум то 15-уми ноябр дар шаҳри Загреби Крувосӣ (Хорватия) баргузор мешавад, Тоҷикистонро 11 паҳлавон намояндагӣ мекунанд.Дар ин бора Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар дода, рӯйхати варзишгарони тоҷикро чунин эълон кард: Меҳрзод Суфиев вазни то 60 кг; Нурулло Аҳмадов вазни то 60 кг; Искандар Маҳмадхоҷазода вазни то 66 кг; Эҳсон Сафарзода вазни то 66 кг; Абдуллои Ориф вазни то 73 кг; Бахтиёр Бозоров вазни то 81 кг; Шодмон Ризоев…
А
Барои Тоҷикистон сел як падидаи мунтазами табиӣ ба ҳисоб мераванд, бахусус дар баҳору тирамоҳ. Ҳукумат барои мустаҳкамсозии соҳилҳо ва пешгирӣ аз сел садҳо миллион сомонӣ ҷудо мекунад, вале сел ҳамоно роҳу хона, наҳр (канал) ва заминҳои киштро хароб мекунанд. Имрӯз кишвар худро аз ин хатар чӣ гуна муҳофизат мекунад? Дар шаш моҳ (январ–июн)-и соли равон дар кишвар 741 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиӣ сабт шудааст. Аз ин, 123 сел, ки маҳз онҳо сабаби марги 7 кас шудаанд. Зарари иқтисодӣ аз…
А
Хадамоти муҳоҷирати Вазорату кору муҳоҷирати Тоҷикистон кафшергарону дӯзандаҳои тоҷикро ба кор дар Лаҳистон (Полша) даъват кардааст. Ба қавли мақомот, маоши кормандон аз 9 доллар дар як соат оғоз мешавад. Ин ниҳод рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки ба корфармоён кафшергарони дорои тахассуси “MIG”, “MAG” ва “TIG” ҷалб мешаванд ва талаботи қабули онҳо чунин аст: аз 23 то 45-сола; доштани диплом, гувоҳнома ё ҳуҷҷати дигари кафшергарӣ; донистани забони русӣ ё англисӣ; доштани малакаҳои касбӣ ва таҷрибаи…
А
Кореяи Ҷанубӣ барои рушди низоми ҳушманди нақлиёт ба шаҳри Душанбе то 1,9 млн доллар кумаки бебозгашт ё грант медиҳад. Санади дахлдорро намояндагони шаҳрдории Душанбе ва Вазорати замин, зерсохтор ва нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расонидаанд. Ин санад барои ҷалби маблағгузорӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми идоракунии ҳушманди нақлиёти шаҳрӣ шароит фароҳам меорад. Тавре шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ин тавофуқ дар ҷараёни сафари кории ҳайати Душанбе ба Кореяи Ҷанубӣ, ки аз 2 то 6 -уми ноябр идома…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду дувоздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 112 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Тоҷикистон барои коҳиш сатҳи бекорӣ ва дастгирии даромади аҳолӣ мусоидат мекунад, вале дар дарозмуддат нигоҳ доштани ҳаҷми кунунии муҳоҷират мушкилтар хоҳад шуд. Ин нукта дар гузориши нави Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР) бо номи “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва мушкилот” зикр мешавад. Ин пажӯҳиш 29-уми октябр дар шаҳри Остона дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони “Дар роҳи рушди мутавозини иқтисодӣ” муаррифӣ шуд. Бино ба арзёбии…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши шахсии асарҳои эҷодии рассоми эронӣ Ҷавод Ҳасанзод Муқаддам (Ҷовид) таҳти унвони “Бозгашт” идома дорад. Ин намоиш имкони муносибест барои шиносоӣ бо ҷаҳони эҷодӣ, андешаҳои ҳунарӣ ва нигоҳи хоси рассом ба зебоӣ ва воқеияти зиндагӣ. Намоиш то 10 ноябри соли 2026 идома мекунад ва вуруд озод аст. – Дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи ҳунарии сирки амрикоии “Экстрим” баргузор мешавад. Дар барнома чунин…
А
Нуралӣ Шерматзода, мутриб ва узви ансамбли “Дарё” ва Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар бо нишони “Дӯстӣ” дараҷаи 2-и Қазоқистон қардонӣ шуданд. Дар аввалин суҳбат онҳо эҳсоси худро барои хонандагони “Азия-Плюс” иброз доштанд. Нишонҳоро ба санъаткорони тоҷик рӯзи 30-юми октябр Эрлан Карин, ноиби раисҷумҳури Қазоқистон дар маросими қадрдонии ходимони фарҳанг ва санъати Осиёи Марказӣ дар…
А
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи сеюми сафари кории худ ба Суғд дар Хуҷанд корхонаи нӯшобаҳои ширкати “Райан” ва меҳмонхонаи “Форел Платинум” ифтитоҳ карда, тариқи фосилавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳашт иншооти гуногунро ба истифода дода, бо тарҳи сохтмони роҳҳои мошингузар ва пулҳо шинос шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, корхонаи нӯшобаҳои ширкати “Райан” дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд аз ҷониби соҳибкорон Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо…
А
Ҷоми футболи Осиё-2027, ки қарор буд аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистон баргузор шавад, дар пайи даргириҳои ахир миёни Арабистони Саудӣ ва нерӯҳои вобаста ба он бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ” (Ҳуисҳо)-и Яман ба таъхир афтода, қарор аст, аз 23-юми декабри соли 2027 то 21-уми январи соли 2028 баргузор шавад. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) эълон кардааст, ки тасмими таъхири барномаи баргузории Ҷоми Осиё “бо таваҷҷуҳ ба вазъияти истисноие, ки бар асари таҳаввулоти минтақа (Ховари…
А
Рӯзи 30 -уми октябри соли равон Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР) бахши аввали қарзи суботбахшро дар ҳаҷми 100 млн доллар ба Тоҷикистон интиқол дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти САСР хабар доданд. Маблағҳо ба муҳлати 20 сол бо меъёри 1%-и солона ва давраи имтиёзни 10-сола пешниҳод шудаанд. Ин марҳилаи аввал, аз 200 миллион доллар маблағгузорие аст, ки қарор аст САОСР барои дастгирии буҷет давлатӣ ба Тоҷикистон диҳад. Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буд, САОСР ин…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби · 3 weeks ago
Зарагул Мирасанова рӯзи 31-уми октябр дар маҷлиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) иҷрокунандаи вазифаи раис интихоб шудааст. Ӯ аз соли 2021 муовини аввали раиси ҲКТ буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳизб мехоҳад ҷавононро ба сафи худ ҷалб кунад, ба муҳоҷирон ёрӣ расонад ва анҷуманро соли 2027 баргузор намояд. “ “Ин масъулияти вазнин аст. Ҷавобаш дар назди коммунистҳо ва дар назди ҷомеа сангин аст. Мо дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон фаъолият хоҳем кард”, – гуфт Мирасанова.…
А
Одил Дониш, соҳибкор ва абераи Аҳмади Дониш, мутафаккири бузурги тоҷик, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ба Тоҷикистон омад, баъди ширкат дар як ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ, бо чанд вазир, доираҳои илмиву адабӣ ва дипломатҳои кишвар дидору гуфтугӯ кардааст. Ба иттилои Вазорати саноат ва фанновариҳои нав, Одил Дониш бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омада, дар ҳамоиши байналмилалии ҳуши маснуӣ – “AICONF-2026”, ки рӯзҳои 30 ва 31-уми октябр дар пойтахт баргузор шуд, ширкат…
А
Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори сеюм меъёри бозтамвилро дар сатҳи 7%-и солона боқӣ гузошт. Қарор дар ин бора рӯзи 29-уми октябри соли равон қабул шуд. Бори охир, ин меъёр 29-уми январи соли 2026 аз 7,5% то 7% поин бурда шуда буд. Меъёри нав аз 2 -юми феврал мавриди амал қарор гирифт. Аз он замон, Кумита дар се ҷаласаи худ (моҳҳои апрел, июл ва октябр) онро бетағйир нигоҳ дошт. Меъёри бозтамвил чист ва он барои чӣ зарур аст? Ба забони сода, меъёри бозтамвил…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду ёздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 111 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…
А
Вазорати дифои кишвар эълон кард, ки дар як моҳ нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ беш аз 97% иҷро шудааст. Мавсимии тирамоҳии даъват ба аскарӣ рӯзи 1-уми октябр оғоз шуд ва то охири моҳи ноябр давом меёбад. Ба гуфтаи манбаъ, то кунун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро пеш аз муҳлат ба охир расондаанд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақшаро 99,6% пур кардааст. “ “Вилояти Суғд дар як моҳ нақшаи…