А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Шоири халқии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр 75-сола шуд. Ӯ зодаи ноҳияи Рошткалъа буда, солҳои дароз дар мактабҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ забон ва адабиёти тоҷикро таълим дода, беш аз 15 сол шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ)-ро роҳбарӣ кардааст. Ба муносибати зодрӯзи шоир, хабарнигори “Азия-Плюс” ба табрики ӯ рафт ва бо шоир перомуни нахустин шеъраш, ҳифзи забонҳои помирӣ, ҷангу сулҳи тоҷикон, шеъри…
А
То Бозиҳои олимпии соли 2028 камтар аз ду сол боқӣ мондааст, аммо мубориза барои ба даст овардани роҳхатҳо аллакай, оғоз ёфтааст. Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии махсуси олимпиро пеш мебарад, ки дар асоси он пас аз анҷоми давраи интихобӣ, роҳхатҳо тақсим карда мешаванд. То имрӯз Муҳиддин Асадуллоев, беҳтарин намояндаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ мебошад. Ӯ дар вазни 73 кг бо касби 410 имтиёз дар зинаи 17-ум қарор дорад. Дар миёни варзишгарони мо, пас аз ӯ Эмомалӣ Нуралӣ ҷой…
А
Як ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) барои арзёбии шаффофияти молияи давлатӣ (Fiscal Transparency Evaluation) ба Тоҷикистон омадааст. Ин сафар аз 28-уми октябр оғоз шуда, то 11-уми ноябр идома меёбад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон, ппалатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад. Аъзои кумитаи иқтисод ва молияи парлумон бо намояндагони ҳайат, азъи кунунии шаффофияти молиявӣ, дастрасӣ ва мукаммалии маълумоти молиявӣ, сифати ҳисоботдиҳӣ, ҳамчунин, равандҳои…
А
Имрӯз, 10-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур литсейи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-ро ифтитоҳ ва дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи пулиси тоҷик суханронӣ кардааст. Ҳамзамон, 8 иншооти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳо тариқи фосилавӣ ба истифода дод. Тибқи иттилои расмӣ, литсейи “Дурахшандагон”-и ВКД 28 синфхона, маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, хобгоҳ барои 274 кас ва ду толори варзишӣ дошта, барои таҳсили 640 донишомӯз пешбинӣ шудааст.…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Аз даргузашти Баҳманёр Аминӣ, яке аз хушномтарин адибони муосири тоҷик ва ба ибораи дигар шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ” шаш сол гузашт. Ӯ субҳи 10-уми ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Насри муосири тоҷик нависандаеро бо ин бузургӣ ва шаҳомат кам дошт. Осори гаронбаҳои Баҳманёр – шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ” алоқамандони зиёде дар қаламрави забони форсӣ дошт ва яқин аст, ки хоҳад дошт. То ҳол шахсиятҳои зиёде аз марги ин нависандаи тавоно афсусу надомат мехӯранд ва марги ӯро талафоти…
А
Дар музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки рӯзи 3-юми ноябр гузашт, ба бонкҳои кишвар 100 млн сомонии пешниҳод шуд, вале аз сӯи иштирокчиён барои дарёфт танҳо 37 млн сомонӣ дархост манзур гардид. Ҳаҷми дархостҳо, 37% аз маблағи дастрас ва меъёри миёнавазн – 7,01%-и солонаро ташкил дод. Дар ин бора Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Талабот афзуда, вале пешниҳод кам Дар муқоиса бо музоядаи рӯзи 29-уми октябр ҳаҷми дархостҳо тақрибан ду баробар — аз 19,5 млн то 37 млн сомонӣ…
А
Пулиси Душанбе эълон кард, ки дар панҷ рӯз 264 ронандаро, ки зоҳиран қисми зиёди онҳо ба истилоҳ таксиҳои “10-сомонӣ” ҳастанд, барои кирокашии ғайриқонунӣ ҷарима кардааст. Дар байни онҳо ронандагони машруткаҳо ҳам дида мешаванд. Ин ниҳод рӯзҳои 6 ва 9-уми ноябр бо нашри ду хабари алоҳида гуфт, ки ин мавридҳои ғайриқонунӣ ба мусофирбарӣ машғул будани ронандаҳоро дар якҷоягӣ бо маркази “Шаҳри бехатар” ошкор кардааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ду рӯзи аввал 136 мавриди ба кирокашии ғайриқонунӣ…
А
Дар вилояти Ботканди Қирғизистон барои тақсими 170 хонае, ки дар натиҷаи табодули қаламравҳо бо Тоҷикистон ба ин кишвар дода шуд, омодагӣ мебинанд. Дар ин бора хабаргузории “Фарғона” бо истинод ба расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳад. Дар маҷмӯъ, 213 хона ба ҷониби Қирғизистон гузашт, ки аз ин, 170 хона барои зиндагӣ мувофиқ дониста шудааст. Онҳо гурӯҳи кории вилоятӣ, таҳти роҳбарии Бактибек Токсонбоев, муовини аввали намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд тақсим…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду понздаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 115 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Сахт шудани ҷазо барои шиканҷа, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон, озодии баён, кори расонаҳо ва ислоҳоти қонунгузорӣ, аз муҳимтарин нуктаҳое буданд, ки ҳайати Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр дар ҷаласаи 53-юми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гузориш доданд. Дар баробари ин, намояндагони кишварҳои дигар ба гузориши Тоҷикистон баҳо дода, тавсияҳо пешниҳод карданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст, ки дар Женева баргузор шуд, Музаффар Ашӯриён, вазири адлия…
А
ЧОРАБИНИИ МУҲИМ – Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагон маҳфили омӯзишӣ баргузор мешавад. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи пулис (милитсия)-и тоҷик таҷлил мешавад. Сарчашмаи ин ид ба ҳокимияти шӯравӣ бармехӯрад. 10-уми ноябр соли 1917 (пас аз Инқилоби Октябр), пулис ҳамчун ниҳоди расмии ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ бо қарори Комиссариати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Он замон лозим буд, ки як сохтори ягона барои нигоҳ доштани қонун ва тартибот дар давраи…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шаби 8 ба 9-уми ноябри соли 1977 дар як ҳодисаи мармуз дар Бағдод ҷон бохт. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе ба хок супорида шуд. Нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар санъати миллӣ басо арзишманд дониста мешавад ва намоишҳои офаридаи ӯ дар мисоли “Гуфтугӯ бо худ” ва “Алломаи Адҳам” шоҳкории санъати асил ҳисоб шуда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил гардидаанд. Ӯ 38 сол умр дид ва дар камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Бо гузашти қариб 50 сол…
А
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии 15-уми ҷаҳони куштии кураш дар Остона шаш медал — ду тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст овард. Дар рӯзи охирини мусобиқа, Ҳақназар Назаров, варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд ва Саидҷамол Алимардонов нишони биринҷӣ ба даст овард. Имсол пойтахти Қазоқистон бори аввал мизбони ин мусобиқот буд. Он дар Қасри ҳунарҳои размии Остона баргузор шуда, барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз натиҷаҳои назаррас буд. Пас аз ба даст овардани чор нишон дар рӯзи…
А
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Алишер Домуллоҷонов (Хайруллоевич)-ро, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро доштааст, ба рӯйхати таҳримҳо ворид кардааст. Номи ӯ дар сомонаи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи Амркио (OFAC) дар доираи барномаи маҳдудиятҳои марбут ба силоҳҳои муқаррарии Эрон нашр шудааст. Тибқи маълумоти ин ниҳод, Домуллоҷонов 29 -уми ноябри соли 1989 дар Душанбе таваллуд шуда, дар сабти таҳримҳо суроғаи маҳалли зисти кунунии ӯ — деҳаи Хрипани ноҳияи Раменски вилояти…
А
Тоҷикистон қаҳрамонии ҷашнии 50-уми ҷаҳонии самбо дар Тошкандро, ки аз 6 то 8-уми ноябр дар маҷмааи “Game Sports Arena” баргузор гардид, бо 6 медал — чор нуқра ва ду биринҷӣ ҷамъбаст кард. Дар ин мусобиқа, намояндагони 101 кишвар ширкат варзиданд, ки барои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) шумораи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи мусобиқот се навъро миёни мардону занон дар бар мегирифт: самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён (синфи SVI1 — варзишгарони комилан нобино). Дар…
А
Мавсими имсолаи мусодираи маводҳои оташзо ё ба истилоҳи маъмул, “шикори хлопушка”, бо боздошти як ҷавон ба иттиҳоми муомилоти маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ) шуруъ шуд. Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз, 9-уми ноябр, аз гумонбар Назир Эргашбоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном бурда, гуфт, ки ӯ рӯзи 29-уми октябр 986 қуттии калони маводи отшазои тамғаи “Trenia X”-ро ба арзиши 24 ҳазору 650 сомонӣ аз шаҳрвандони як кишвари ҳамсоя харидорӣ ва бо ҳадафи фурӯш ба таври пинҳонӣ вориди Тоҷикистон…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Қонуни нави ҳимояи рақобат, ки чанде пеш қабул шуд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваколатҳои бештар дод: ҳоло ин ниҳод метавонад ширкатҳоро бе огоҳӣ санҷад, муттаҳидшавии онҳоро баррасӣ ва кумаки давлатиро ба онҳо назорат кунад. Ҳамчунин, ҳадди инҳисори ширкат дар бозор аз 35 ба то 40% баланд шуд. Қонуни нав 28 модда дорад ва қонуни соли 2017-ро иваз мекунад. Маҷлиси намояндагон онро рӯзи 26-уми июн, Маҷлиси миллӣ рӯзи 17-уми октябр қабул карданд ва раисҷумҳур рӯзи 21-уми октябр имзо гузошт. Пас аз…
А
Барои додани кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба дигарон дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ таъйин шуд. Тибқи тағйирот, барои ғайриқонунӣ додан, фурӯхтан, харидан ё паҳн кардани кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти онҳо бо ҳадафи ғаразнок ҷарима ва мусодираи ашё пешбинӣ мешавад. Ин кор бар асоси иловаи 2-и моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – “Муомилоти ғайриқонунии воситаи электронии пардохтӣ”, ки рӯзи 21-уми октябр ба он ворид шуд, сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон,…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду чордаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 114 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Тақрибан 60%-и ҷойҳои кории амалкунанда бар ширкатҳои навтаъсис рост меояд. Чунин ҳисоб дар гузориши Бунёди авруосиёии суботу рушд (БАСР) таҳти унвони “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва мушкилот” зикр мешавад. Муаллифон аз маълумоти пурсишҳои корхонаҳои Бонки ҷаҳонӣ истифода кардаанд. Таҳқиқот Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро фаро мегирад. Тибқи натиҷаҳои пурсиш, саҳми корхонаҳои нав дар нишондиҳандаи таъсиси ҷойҳои корӣ дар Қазоқистон 44% ва дар…
А
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони ифтитоҳи Консулгарии кулли Тоҷикистондаро шаҳри Екатеринбурги Русия имзо кард. Соли 2018 – Дар ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” муаррифӣ шуд. Соли 2018 – Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ба…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва як аз бонувони саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, 89-сола шуд. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатӣ (миллӣ)-и Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат, ӯро ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Номбурда солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст. Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик, сангин ва пурпечутоб буд, аммо ӯ бо масъулиятшиносӣ ва кордонӣ ин пайроҳаро тай карда, тавре худаш…
А
Тоҷикистон дар пажӯҳиши байналмилалии шаффофияти буҷет мавқеи худро беҳтар карда, аз 100 холи имконпазир 47 хол ба даст овард. Аммо ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кофӣ нест, ки маълумоти буҷетӣ барои ҷомеа ба қадри зарурӣ дастрас шуморида шавад. Чаро кишвар то ҳол наметавонад марзи 50 холро гузарад, кадом мушкилот ҳалношуда боқӣ мондаанд ва чӣ бояд тағйир дода шавад? Ба ин ва дигар саволҳо, Уктам Ҷумъаев, коршиноси идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар суҳбат бо “Азия-Плюс” посух дод.…
А
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 2006 – Бонки нав бо номи “Бонки рушди Тоҷикистон” ифтитоҳ ёфт. Соли 2016 – Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад. Ба шахси айбдоршаванда мутобиқи моддаи 137, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Дар ин модда ҳамчунин, барои анҷоми чунин амал бо истифода аз матбуот, дигар васоити ахбори умум ё шабакаи…
А
Ин мусоҳибаи ҳашт соли пеш аст (24-уми декабри соли 2018), ки ба муносибати нақши ҳамеша барҷою мондагори Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди пуровозаи театру синамои тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Имрӯз, ба ифтихори солрӯзи ин ҳунарманди асил, ки соли 2021 моро тарк гуфт, бори дигар бознашр мешавад. Ҳунарманди машҳури тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқовро дар хонааш, ҳамроҳ бо ҳамсараш Шарофат Рашидова, ки низ ҳунарпеша аст, дарёфтем. Ҳарчанд хабар доштем, ки чанде пештар…
А
Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ин ҳуҷҷатҳо имрӯз, 7-уми ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳурони ду давлат дар Остона имзо шудааст. Истиқболи расмӣ аз Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 7-уми ноябр Қосимҷомарт Тоқаев дар Қасри Сафед (Ақорда), аз Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафта буд, расман истиқбол кард. Ба…
А
Намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон бастаи санадҳоро дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ ба арзиши зиёда аз 900 миллион доллар имзо кардаанд. Ин санадҳо рӯзи 6-уми ноябр, дар пайи дидори раиси вилояти Суғд бо ҳокими шаҳри Остона, вазири кишоварзӣ ва вазири саноату нақлиёти Қазоқистон, ки дар он соҳибкорони ду кишвар ҳам иштирок доштаанд, имзо шудаанд. Ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо дар вохӯрӣ бо Қосимбек Женис, ҳокими шаҳри Остона баргузор кардани…
А
Азия-Плюс
by Мехрофарин Наджиби ·
Дар шоми ҳунарӣ ба муносибати 35-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 60-солагии Нозим Меликов, коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, зикр шуд, ки “Меликов кайҳо арзандаи унвони баланди давлатӣ шудааст” ва “қадрдонии расмии заҳматҳои ӯ танҳо эътирофи як воқеиятест, ки дар ҷомеа ва миёни мухлисони театр аллакай, сурат гирифтааст”. Дар ин чорабинӣ, ки шоми 5-уми ноябр дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор шуд, намояндагони Вазорати фарҳанг, ҳукумати ноҳияи Ёвон ва Донишкадаи ҳунарҳои…
А
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти “Раванди Ақаба” дар бораи таъмини амният дар соҳаи ҳуши маснуӣ аз он ки гурӯҳу созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро ва тундгаро метавонанд аз фанновариҳои рақамӣ истифода баранд, изҳори нигаронӣ кардааст. Ин нишаст рӯзи 6-уми ноябр, бо ширкати раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Подшоҳи Урдуну вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар шаҳри Остона баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳуши маснуӣ гуфтааст, ки дар айни…
А
Аз 1-уми январи соли 2027 дар Русия қоидаҳои пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои хориҷиҳои коргар тағйир меёбанд. Муҳоҷироне, ки фарзанд ё дигар аъзои оилаашон дар Русия зиндагӣ мекунанд ва таҳти саробонии онҳо қарор доранд, маҷбур мешаванд, ки андози бештар пардохт кунанд. Тавре Майя Шевтсова, вакили дифоъ, мушовири Палатаи федералии вакилони дифои Русия ба хабаргузории ТАСС шарҳ додааст, ки сухан дар бораи зиёд кардани пардохти андози мавҷуда (сухан дар бораи маблағи патент…