А
Вақте лашкари хунхори Чингиз ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум овард, ҳатто Муҳаммад Хоразмшоҳ, султони он замон давлаташро партофта, фирор кард. Аммо дар шаҳри Хуҷанд марди шуҷоъ ба муқовимат бархост ва ҳимояи ватанро ба зимма гирифт. Ӯ дар ҷазирае дар рӯди Сир қалъае сохт, киштиҳои зиреҳпӯш таҳия кард ва бо ҳазорҳо сарбози муғул муқовимат кард. Ин тоҷик кӣ буд ва чӣ тавр тавонист бар сари бузургтарин ва хунхортарин лашкари замонаш мушти обдор занад? Дар нашри навбатии лоиҳаи “Тоҷикон” бубинед. Тамошои…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1932 – Комбинати абрешимбофии Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба кор оғоз кард. Соли 1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода…
А
Бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад, дар ҳар ду соҳили дарёи Вахш чӣ мегузарад ва мардум дар наздикии сохтмон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Рӯзи 29 октябр рӯзноманигорони «Азия-Плюс» ҳамроҳ бо гурӯҳи рӯзноманигорон аз сохтмони НБО «Роғун» боздид карданд. «Дар як сафар — 60 метри мукааб» Дар сохтмони НБО «Роғун» ҳаракат ҳатто як дақиқа қатъ намешавад. Дар роҳҳои васеи хокӣ пайи ҳам мошинҳои хидматӣ, боркашҳо ва худпартоҳои азими конӣ ҳаракат мекунанд. Дар қитъаҳои…
А
Тӯй аз беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар шахс аст. Аз ин лиҳоз, арӯсу домод кӯшиш мекунанд ин рӯз барояшон мондагор бошад. Барои хотирмон гузаштани лаҳзаҳои хонадоршавӣ аксбардориву сабти навор беҳтарин васила аст. Бароятон номгӯйи чанд макони зебо ва таърихиро дар шаҳри Душанбе ва атрофи он гирд овардем. Парлумони Тоҷикистон Парлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор дорад. Мавзеи назди бинои нави хуштарҳу зебо ба макони дӯстдоштаи сокинони пойтахт, бахусус, ҷавонон…
А
Дар гузориши нави Бонки осиёии рушд пешниҳод шудааст, ки тағйир додани синни нафақа дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти васеътар баррасӣ карда шавад. Маҳз чӣ пешниҳод шудааст, мақомот чӣ мегӯянд ва чунин тағйирот то чӣ андоза заруранд? Дар гузориши ташхисии кишварии Бонки осиёии рушд таҳти унвони “Тағйироти иқтисодӣ барои рушди устувор ва фарогир дар Тоҷикистон” пешниҳод шудааст, ки дар дурнамои дарозмуддат имкони тағйир додани синни нафақа баррасӣ карда шавад. Муаллифони гузориш навсозии низоми…
А
Саршумори бузҳои морхӯр ё худ пармашох дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузашт. Ҳанӯз дар аввали солҳои 1990-ум аз ин бузҳои нодири кӯҳӣ ҳамагӣ чандсад сар боқӣ монда буд. Чаро онҳо дар остонаи нестшавӣ қарор гирифтанд ва чӣ гуна муяссар шуд, ки саршуморашон барқарор карда шавад? Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, саршумори морхӯр ё бузи пармашох дар се даҳсолаи охир аз камтар аз 500 сар ба беш аз 7 ҳазор сар расидааст. Аммо чанд даҳсола пеш ин ҳайвонот дар остонаи нестшавӣ…
А
Душанбе мизбони Ҳамоиши байналмилалии зидди фасод шуд. Роҳҳои нави мубориза бо фасодкорӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва муаррифии “Портали шаффоф” дар меҳвари ҳамоиш қарор дошт. Ин дуввумин форуми байналмилалии зидди фасод дар Тоҷикистон аст ва дар он роҳбарони мақомоти зидди фасоди кишварҳои Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Белорус, Эрон ва намояндагони дигар сохторҳои соҳавӣ ширкат карданд. Онҳо дар робита ба таҳкими муносибатҳои байниидоравӣ дар самти муқовимат ба фасод андешаронӣ карданд.…
А
Рӯзи 12-уми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) ба муносибати 70-солагии Марямбонуи Фарғонӣ, нависанда, шоир ва рӯзноманигори шинохта, маҳфили адабӣ баргузор шуд. Ҳамқаламон, ҳамкорон ва пайвандони нахустинбонуе, ки унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифт, аз роҳи эҷодӣ, ҷасорат ва тоҷикона гуфтану тоҷикнома навиштани Фарғонӣ ёд карданд. Маҳфилро Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, муовини раиси ИНТ гардонандагӣ карда, гуфт, ки тақдир ва эҷодиёти Марямбонуи Фарғонӣ бо тақдиру ормонҳои миллат…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи “Dushanbe EXPO”, намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2026” идома дорад ва имрӯз ба анҷом мерасад. Дар…
А
Пас аз панҷ сол, билохира филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” – филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ду шоири шинохтаи асри 15 қисса мекунад, ба пардаи синамо мебарояд. 16-уми ноябр – нахустнамоиш Дирӯз, 12-уми ноябр дар “Тоҷикфилм” бо ширкати созандагону ҳунарпешаҳои филм нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар бораи харҷи филм аз ду тараф, теъдоди ҳунарпешаҳои нақшофар, мавзеъҳои наворбардорӣ, тӯл кашидани раванди тадвину рангпардозӣ, сабабҳои…
А
Тоҷикистон дар Ҳамоиши СММ дар бораи тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар Туркия идома дорад, хостори зиёд кардани маблағгузории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва мутобиқшавии минтақаҳои кӯҳӣ ба тағйирёбии иқлим шуд. Вохӯрии сатҳи баланд таҳти унвони “Пешбурди барномаи иқлимӣ: пиряхҳо, криосфера ва устуворӣ дар шароити таъсири рӯзафзун, масъулияти умумӣ ва густариши маблағгузорӣ” рӯзи 12-уми ноябр баргузор шуд. Дар кори он, Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири Тоҷикистон иштирок карда,…
А
Имрӯз, 13-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пойтахти кишвар Беморхонаи байналмилалии Душанбе, бинои нави Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ва як корхонаи заргариро ба истифода додааст. Шуъбаи нави БДА-и Душанбе ва Маркази назорати чароғакҳои роҳнамо Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки бинои нави Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар Душанбе дорои 39 ҳуҷраи кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, ошхона, хобгоҳ ва китобхона буда, бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои пойтахт ҳам дар он…
А
Дар Тоҷикистон беш аз 716 ҳазор кӯдаки то 5-сола бар зидди бемориҳои сурхакон (сурхча) ва гулафшон моякӯбӣ (эм) шудаанд. Ин 97%-и нақшаи пешбинишуда аст, ки тибқи он, 735 ҳазору 400 кӯдак бояд моякӯбӣ мешуданд. Ба хотири фарогирии пурраи кӯдакон, муҳлати моякӯбӣ то 16-уми ноябр тамдид шудааст. Дар ин бора Турашоҳ Саймуддинов, муовини роҳбари Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика имрӯз, 13-уми ноябр ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Тибқи иттилои манбаъ, то рӯзи 12-уми ноябр 716, ҳазору 595 кӯдак бар…
А
Зиёда аз сеяки кормандони кирояи Тоҷикистон дар бахши буҷет кор мекунанд. Аммо маоши онҳо нисбат ба музди меҳнат дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноат, хеле кам аст. Ин ҳолат, аз ҷумла ба интихоби касбҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ аз сӯи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Чунин хулосаҳо дар таҳқиқоти нави Сундуқ (Фонд)-и авруосиёии субот ва рушд (САСР) таҳти унвони “Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеият ва чолишҳо” зикр шудааст. Таҳқиқот ба вазъи бозори меҳнати чаҳор кишвар — Тоҷикистон,…
А
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 12-уми ноябр дар дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ кардааст. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки дар ин мулоқот “ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд”. Аммо ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накард. Ҳамчунин, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки дар шаҳри Маскав сурат гирифт, масъалаҳои таъмини амният ва субот дар…
А
Созишномаҳо бо ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аз ташхиси зиддифасод (зиддкоррупсионӣ) гузаронида мешаванд. Ҳамчунин, танзими давлатӣ акнун истихроҷи тиллоро аз ҷониби заршӯён низ фаро гирифта, металлҳо (фулузот) ва сангҳои қиматбаҳое, ки ғайриқонунӣ истихроҷ шудаанд, аз муомилоти ғайриқонунӣ ва ё бо қарори додгоҳ мусодира шудаанд, ба фонди давлатии махсус супорида мешаванд. Ин ва дигар тағйирот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду ҳаждадаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 118 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Маркази исломии пажуҳиши роҳбурдии Уммон феҳристи “500 мусулмони бонуфуз”-и ҷаҳон барои соли 2027-ро нашр кард, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо номи Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё муфтии кишвар ҳаст. Ӯ ба бахши “Мудирияти умури динӣ”-и ин рӯйхат ворид шудааст. Муфтии Тоҷикистон дар феҳрасти нави 500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон дар зинаи 171-ум қарор гирифтаст. Ӯ соли гузашта дар зинаи 164-ум буд. Ин феҳрист дирӯз, 12-уми ноябр нашр шуд. Саидмукаррам Абдуқодирзода аз соли 2010…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи “Dushanbe EXPO”, намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2026” идома дорад. Дар он намояндагони ҳашт давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон ва Чин иштирок доранд. Намоишгоҳ то 14…
А
Дар ин нашри барномаи мубоҳисавӣ (подкаст) мавзуи истифодаи ҳуши маснуӣ дар рӯзноманигории тоҷик ва паёмадҳои он баррасӣ шуд. Ҳуши маснуӣ то куҷо ба кори рӯзноманигорӣ кумак мекунад ва чӣ хатар дорад? Аз он чӣ гуна бояд истифода ва ҳамзамон худро ҳифз кард? Паёмадҳои истифодаи ҳуши маснуӣ дар рӯзноманигорӣ чӣ хоҳад буд? Талош барои дарёфти посух ба ин ва дигар саволҳо дар гуфтугӯ бо Рустам Гулов, мутахасиси фанновариҳои иттилоотӣ (IT) ва Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигору таҳқиқотгари тоҷик. Муфассал,…
А
Бинобар релефи кӯҳсор, ҳамагӣ 5%-и қаламрави Тоҷикистон барои кишт мувофиқ буда, ҳоло 53%-и шуғли умумӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Чунин маълумот дар гузориши нави Кумитаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оварда шудааст, ки чанде пеш ба нашр расид. Тибқи иттилои ин ниҳоди СММ, тақрибан 90%-и хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон ба гурӯҳи хоҷагиҳои хурди оилавӣ дохил мешаванд. Масоҳати миёнаи қитъаи замини ин хоҷагиҳо, ҳамагӣ 0,2 ҳектар ё 20 сотихро ташкил медиҳад. Ба иттилои…
А
Душанбе Сити Бонк якҷоя бо ширкати сохтмонии “Себистон” қарзи ипотекиро бо 5% солона, бо доллари ИМА ва ба муҳлати то 8 сол пешниҳод мекунад. Барои харид бояд 30%-и арзиши манзилро ҳамчун пардохти аввалия супоред, 70%-и боқимондаро бошад, метавонед тавассути бонк бо ипотека пардохт кунед. Барнома чор лоиҳаи манзилиро дар бар мегирад: гулгашти “Скандинавия”, маҷмааи истиқоматии “Address Residence”, “Гиссар Молл” ва маҷмааи истиқоматии “Пӯлодӣ 43”. Шумо метавонед манзили мувофиқро интихоб карда,…
А
Дар соли 2025 гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷи Форс ба 107 миллион доллар расидааст. Ин дар ҳоле, ки соли 2020 ин нишондиҳанда 20 миллион доллар буд. Ин маълумот дар таҳлили Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр шудааст, ки рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон аз ин давлатҳо, асосан автомобил, таҷҳизот ва маҳсулоти кимиёвӣ ворид мекунад. Содироти Тоҷикистон камтар буда, асосан, аз фулузот (металлҳо) ва маҳсулоти маҷмааи кишоварзиву саноатӣ иборат аст. Таҳлили…
А
Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ният доранд пойгоҳ (платформа)-и умумии тиҷоратиро барои харид ва фурӯши барқ бо таҳвили як набонарӯз пеш таъсис диҳанд. Барои таҳия ва оғози бозори кӯтоҳмуддати озмоишӣ, Маркази ҳамоҳангсозӣ ва танзимгар (диспетчерӣ)-и “Энергия” тендери байналмилалӣ эълон кардааст, хабар дод “KEGOC” — ширкати қазоқистонии идоракунии шабакаҳои барқ. Тендер дар доираи лоиҳаи “Пайвастагӣ ва тиҷорат дар бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ” (REMIT) баргузор…
А
Имсол дар Душанбе 39 бино ва иншооти нав бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Аз ҷумла, 27 бинои истиқоматӣ ва 12 мактабу боғча ва идораҳои давлатӣ бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар баробари ин, дар пойтахт биноҳое ҳастанд, ки то кунун ба низоми гармидиҳӣ пайваст нашудаанд. Тартиби пайваст шудани бино ва иншооти нав ба гармӣ чӣ гуна аст, барои ин кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст ва ба куҷо бояд муроҷиат кард? Ба ин ва дигар суолҳо масъулини Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе посух дорданд. –…
А
Шоми дирӯз, 11-уми ноябр музокироти дурӯзаи Русия ва Украина бо миёнаҷигарии Амрико дар Абу-Забӣ ба анҷом расид. Ҷонибҳо дар бораи табодули асирони ҷангӣ тавофуқ карданд, вале дар масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла қаламрав пешрафти ҷиддӣ ба даст наомадааст. Ин нахустин музокироти Русия ва Украина дар нуҳ моҳи охир моҳ буд. Он дар ду давр гузашт: 10-уми ноябр чор соат ва 11-уми ноябр камтар аз ду соат. Музокирот бо миёнаҷигарии Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико ва Ҷаред Кушнер, тоҷир ва домоди…
А
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дирӯз, 11 ноябр дар Маскав гуфт, ки “тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи уҳдадориҳои қабулшуда сурат бигирад”. Ӯ зикр кард, ки дар давоми раёсат дар Созмон, Тоҷикистон ният дорад, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат – “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо,…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксадуҳабдадаҳуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 117 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Дар як моҳи охир, нархи миёнаи пиёз дар Тоҷикистон 60% — аз 2,5 то 4 сомонӣ гарон шуд. Дар баъзе нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе 1 килои онро 5–6 сомонӣ мефурӯшанд. Нархи карам, қаламфури булғорӣ ва картошка низ боло рафт, дар ҳоле ки помидор ва бодиринг арзон шудаанд. “Азия-Плюс” нархи даҳ сабзавотро дар як моҳ ва як сол муқоиса кард. Кадом сабзавот қимат ва кадоме арзон шуд? Дар як моҳ, аз 10 навъи сабзавот, 6-тояш боло рафт. Аз ҳама бештар нархи пиёз боло рафт. Пас аз он карам ва қаламфури…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 дар толори синамои ба номи Тоҳир Собирови “Тоҷикфилм” ба муносибати нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, филми муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Намояндагони васоити ахбори омма метавонанд дар он ширкат кунанд. – Имрӯз соати 15:00 дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 70-солагии Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор мешавад. Вуруд озод аст. –…