А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Сафари кории Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон идома дорад. Дар дидори раҳбарони ду кишвар “масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи шарикии роҳбурдӣ (стратегӣ) ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин, мавзуъҳои минтақаиву байналмилалӣ” баррасӣ мешаванд. – Имрӯз, соати 18:00, ба муносибати 84-солагии Дамир Дӯстмуҳаммадов, оҳангсози барҷастаи тоҷик консерти бошукӯҳи вокалӣ-симфонӣ баргузор мегардад. Дар он асарҳои машҳури симфонӣ, увертюраҳо, консертҳои созӣ,…
А
Азиз Бориз, роҳбари маркази мутолиоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, ки қароргоҳаш дар Бритониё аст, аз чанд фоидаи омӯзиши хатти форсӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон ва форсизабонони ҷаҳон ном бурд ва бозгашт ба хатти форсӣ дар Тоҷикистонро поёни инзивои фарҳангӣ хонд. Ин коршиноси масоили сиёсӣ ва умури байналмилалӣ, ки чанде пеш бо як сафар ба Тоҷикистон омада буд, меҳмони “Азия-Плюс” шуд ва дар як суҳбати вижа андешаи худро дар бораи манфиатҳои омӯзиши хатти форсӣ барои Тоҷикистони…
А
Азия-Плюс
by Партнёрский материал · 5 days ago
Насби экранҳои бузург, таҷҳизоти тақвияти садо ва чароғҳои равшанидиҳанда, пайваст кардани онҳо ба шабакаи барқ ва танзими низоми фаннии онҳо ҳанӯз чанд рӯз пеш аз оғози чорабиниҳои бузург дар варзишгоҳҳо оғоз мешаванд. Ин марҳилаи омодагӣ одатан аз назари тамошобинон дур мемонад, ҳарчанд маҳз сифати иҷрои он ба ҷараёни чорабинӣ таъсир мерасонад. Яке аз ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон чунин хидматрасониҳоро пешниҳод мекунад, ширкати “Нурафкан” аст. Он дар баргузории чорабиниҳои бузург, аз ҷумла…
А
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2026”-ро эълон кард. Шоирону нависандагоне, ки китобашон соли 2026 дар нашриёти кишвар чоп шудааст, метавонанд асари худро то 10-уми декабр ба озмун пешниҳод кунанд. Ин эълон дар саҳифаи расмии Вазорати фарҳанг дар “Фейсбук” нашр шудааст. Ба иттилои вазорат, ҳадаф аз озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст. Асарҳо бояд ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд. Мавзӯи онҳо бояд Тоҷикистон, ваҳдати…
А
Эрон содироти ҳама навъҳои пиёз, картошка ва помидорро пурра манъ кардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Mehr”. Дастури дахлдорро ба мақомоти гумрук, шуъбаи танзими содироту воридоти Созмони рушди тиҷорати Эрон ирсол кардааст. Ин қарор дар асоси муроҷиати Вазорати кишоварзии ин кишвар қабул шудааст. Дар вазорат, ин маҳдудиятро ба вазъи фавқулода ва зарурати танзими бозори дохилии маҳсулоти кишоварзӣ рабт доданд. Манъи содирот то содир шудани дастури нав амал хоҳад кард. Қаблан содироти помидор…
А
Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ (январ-октябр)-и соли равон 0,5 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ба 3,1% расидааст. Аз ҷумла, имсол нархи маҳсулоти хӯрока 2,7%, молҳои ғайриозуқа 3,1% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 4,3% боло рафтааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон 2,6% боло рафта буд. Гароншавии босуръати маводи сӯхт Миёни молҳои ғайриозуқа болоравии аз ҳама зиёди нарх, дар маводи сӯхт ва…
А
Дар се дармонгоҳи дигари шаҳри Душанбе ба таври санҷишӣ барномаи “eTib” роҳандозӣ шудааст. Он барои сабтиному баҳисобгирии рақамии беморон ва дигар хидматрасониҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, дар умум, дар 6 дармонгоҳи пойтахт ҷорӣ хоҳад шуд. Тибқи иттилои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ин барнома дирӯз, 18-уми ноябр дар марказҳои саломатии №6, №9 ва №13-и пойтахт ба кор оғоз кардааст. Ба қавли масъулин, ҳадаф аз роҳандозии барномаи “eTib”дар дармонгоҳҳои пойтахт беҳтар кардани дастрасии…
А
Дар “Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2030” дар маҷмӯъ, 864 лоиҳа бо арзиши 15,7 млрд доллар зикр шудааст. Бахшщои энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, таъминот бо об, маориф ва тандурустӣ,, аз ҷумлаи самтҳои асосӣ мебошанд. Чаро ба соҳаи энержӣ таваҷҷуҳи бештар аст? Ҳаҷми аз ҳама зиёди сармоягузориҳои оянда. ба соҳаи энержӣ рост меояд: ҳудуди 6,4 млрд доллар. Ин тақрибан 41%-и тамоми барномаро ташкил медиҳад. Барои Тоҷикистон нерӯи барқ, яке аз захираҳои асосии рушд ба ҳисоб…
А
Ҳайати ҳакамони додгоҳи федералӣ дар Бруклин, Манучеҳр Мансурӣ, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба чанд иттиҳом, аз ҷумла, тарафдорӣ ва маблағгузорӣ ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ)* ва “ДОИШ – Хуросон”*, як шохаи ин гурӯҳ гунаҳкор донистаанд. Дар ин бора Вазорати адлияи ИМА хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ, ҳамчунин, ба ғайриқонунӣ ба даст овардани аслиҳа ва баёноти бардурӯғ ба кормандони мақомоти федералӣ муттаҳам мешавад. Ҳукми ҳайати ҳакамон, нимаи моҳи ноябр, пас аз баррасии…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту дуюми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 122 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Аз 1-уми январи соли 2027 маблағи пардохти ҳармоҳаи андоз барои муҳоҷирони дорои патент, ки фарзандони ноболиғашон дар Русия ҳамроҳашон аст, зиёд мешавад. Барои ҳар як фарзанд ба маблағи пардохти маъмулӣ 50% зам мешавад. Барои бархе муҳоҷирон, ки бе патент кор мекунанд, пардохти иловагӣ барои дигар аъзои оила низ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора дар Қонуни федералии № 242 гуфта шудааст. Мушаххас чӣ тағйир меёбад? Маблағи пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ), андозе, ки муҳоҷирон…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад. Дар дидори раҳбарони ду кишвар “масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи шарикии роҳбурдӣ (стратегӣ) ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин, мавзуъҳои минтақаиву байналмилалӣ” баррасӣ хоҳанд шуд. – Имрӯз Андӣ Мададиён, сарояндаи маъруфи эронӣ дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф…
А
Мехоҳед фаъолияти соҳибкорӣ оғоз кунед, барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо маълумотнома лозим шудааст ё танҳо донистан мехоҳед, ки қарзи андоз доред ё не. Акнун барои ин вақт ҷудо кардану ба нозироти андоз рафтан лозим нест. Кифоя аст, замимаи мобилии “Андози ман”-ро боргирӣ кунед. Чӣ гуна метавон дар замима сабтином шуд? Дар маводи мо хонед. Ин замима, ба қавле, ҳуҷраи шахсии андозсупоранда аст, ки дар он тамоми маълумоти шахсӣ, аз ҷумла феҳристи амволи ғайриманқул, нусхаи рақамии ҳуҷҷатҳо, тақвими…
А
Кристофер Ландау, муовини Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, ки бо як сафар дар Душанбе қарор дорад, имрӯз, 18-уми ноябр бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон дидор ва вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ кардааст. Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки ҳамкорӣ дар бахши саноати кӯҳӣ, яке аз мавзуъҳои асосии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Кристофер Ландау будааст. “ “Таъкид гардид, ки ҳамкории ду…
А
Дирӯз, 17-уми ноябр дар Қалъаи Хуҷанд даври вилоятии ҷашнвораи “Оши палов” ва озмуни “Ҳунарманди сол” дар вилояти Суғд ҷамъбаст ва ғолибон дар бахшҳои алоҳида маълум шуданд. Дар ҳамоиш, аз 18 шаҳру навоҳии Суғд ошпазҳо ва ҳунармандон иштирок карда, аз руйи бахшҳои гуногуни ошпазӣ ва ҳунари дастӣ байни ҳам сабқат карданд. Дар ҷашнвораи оши палов, аз руйи “Беҳтарин оши палов” ҷойи аввалро ошпазони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст оварда, бо диплом ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот қадрдонӣ шуданд. Дар ин…
А
Аз 1-уми январи соли 2027 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи ҷаримаҳо, боҷу андоз, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба он вобаста аст, интизор меравад 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 78 сомонии ҳозира ба 81 сомонӣ расад. Дар ин бора як манбаъ дар Маҷлиси намояндагон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” пешбинӣ шуда, аллакай дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардидааст. “ “Ҳафтаи оянда,…
А
Ҳомиддин Шарифов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон аз зумраи давлатмардоне дониста мешавад, ки дар душвортарин лаҳзаҳо барои кишвар натанҳо масъулияти роҳбарии Вазорати корҳои дохилиро ба зимма гирифт ва барои таъмини субот талош кард, ҳамчунин барои тақвияти кори ин ниҳод ва такмили сохторҳои он муваффақ шуд. Давоми солҳои 1996 – 2006, ки ӯ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд, нақши милитсияи тоҷик барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба гурӯҳҳои муассалаҳ чашмрас ва дар…
А
Мақомот эълон карданд, ки истифодаи тамоми намуди дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) аз 18 то 20-уми ноябр дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ аст. Дар робита ба ин, пулиси пойтахт аз шаҳрвандон хост, ки талаботи мазкурро қатъиян риоя карда, дар ин се рӯз аз истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин дар Душанбе худдорӣ кунанд. “ “Соҳибмулкони чунин дастгоҳҳо бо мақсади гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути паёмрасонҳои “WhatsApp” ва “Telegram” бо рақами (+992) 018-02-02-02 дар тамос шаванд”, – афзуд…
А
Аз 1-уми январи соли 2027 дар Русия қоидаҳои нави назорати даромади муҳоҷирони корӣ мавриди амал қарор мегиранд. Агар мақомоти Русия дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ, ки як қисмашон муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам ҳастанд, маълумоти зарурӣ надошта бошанд, метавонанд аз додани иҷозаи кор ё патент ба онҳо худдорӣ кунанд. Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)- Русия хабар медиҳад, дар чунин ҳолат патенти қаблан додашуда низ бекор карда мешаванд. Тағйирот аз ҷумла ба…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту якуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 121 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…
А
Тоҷикистон боҷи гумрукиро барои воридоти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ аз чанд кишвар то охири соли 2026 бекор кард. Қарори дахлдорро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр имзо карда, рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” рӯзи 13-уми ноябр нашр кардааст. Мувофиқи қарор, “нисбат ба молҳои таҳти рамзҳои молии 2710 ва 2711 таснифшаванда, ки аз давлатҳое ворид карда мешаванд, ки аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод намебошанд, меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ то 31 декабри…
А
ЧОРАБИНИИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1994 – Дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии “Дайҷест-пресс” таъсис дода шуд. Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон бинои нави осоишгоҳи “Баҳористон”-ро дар соҳили…
А
Филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯзи 16-уми ноябр бори аввал дар кинотеатри “Ватан”-и Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Таҳиягарон онро оғози равияи нав дар синамои тоҷик медонанд. Филмро ду коргардон – Файзулло Файз аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон ба навор гирифтаанд. Ба гуфтаи Файзулло Файз, ҳар саҳна бо мувофиқаи ҷонибҳо пеш мерафт: филмномаро чор муаллиф навиштааст ва саҳнаҳоро чор рассоми саҳна оро додаанд. Дар Тоҷикистон филм бо забони…
А
Дар тағйиру иловаҳое, ки ба қонун “Дар бораи ипотека” ворид шуд, акнун навъҳои манзил алоҳида зикр нашуда, балки мафҳуми умумиеро истифода мебарад, ки дар қонунгузории манзил ва маданӣ (граждани) пешбинӣ шудааст. Тағйиру иловаҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи октябри соли ҷорӣ имзо кард ва он дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст. Тағйироти асосӣ ба тавсифи манзилҳое дахл дорад, ки метавон онҳоро ҳамчун гарав ба бонк пешниҳод кард. Чӣ тағйир…
А
Иттиҳоди Аврупо (ИА) бонки “Юнистрим”-и Русияро, ки бо низоми ҳамноми интиқоли маблағ маъруф аст, ба бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия ворид кардааст. Ин қарор метавонад ба Тоҷикистон низ таъсир расонад, зеро аз ин низом барои интиқоли пул байни Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мекунанд. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 16-уми ноябр маҳдудиятҳои нав хабар дод, ки ба ин феҳристи 12 шахси воқеӣ ва 101 шахси ҳуқуқӣ ворид шуданд. Миёни онҳо бонкҳои Русия ва дигар ташкилотҳои…
А
Хадамоти оташнишонии кишвар гуфт, ки сабаби сӯхтор дар бинои 16-ошёна дар шаҳри Душанбе, ки манзили Меҳринигори Рустам, сарояндаи шинохтаи тоҷик ҳам дар он ҷо буд, расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ бинобар сарбории зиёди барқ аст. Навори ин воқеа дирӯз, 16-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн шуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шуда буд. Аз ҷумла, Меҳринигори Рустам дар саҳифаи инстаграми худ аз мақомот хост, ки сабаби сар задани сӯхторро маълум кунанд. Як манбаъ аз Сарраёсати Хадамоти давлатии…
А
Бонки осиёии рушд (БОР) созукор (механизм)-и молиявӣ дар ҳаҷми то 20 млн долларро барои омодасозии лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Яке аз аввалин ташаббусҳо навсозии нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, аз ҷумла таъсиси хати ҷудогонаи автобус дар хиёбони Исмоили Сомонӣ хоҳад буд. Ин ниҳоди байналмилалӣ хабар медиҳад, ки созукори нав омодасозӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои афзалиятноки нақлиётиро дар кишвар суръат мебахшад. Маблағҳо барои гузаронидани тадқиқотҳои муҳандисӣ ва…
А
Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бистуми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 120 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…
А
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон дидор мекунад. Ба иттилои мақомоти Русия, сафари раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад. Дар дидори раҳбарони ду кишвар “масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин, мавзуъҳои минтақаиву байналмилалӣ” баррасӣ хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид то кунун расман хабаре…
А
ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Имрӯз дастаи мунтахабаи футболи Тоҷикистон дар дави ниҳоии “Ҷоми подшоҳӣ”-и Тайланд бо тими Тайланд бозӣ мекунанд. – Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи…