XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Дар Петербург кор дар мағозаву сартарошхона ва толорҳои варзишӣ барои муҳоҷирон манъ шуд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки иҷозатномаи корӣ (патент) доранд, кор дар бахшҳои тиб, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, савдои чакана, толорҳои варзишӣ ва солимгардониро то охири соли 2026 манъ кардаанд. Соҳибкорону корфармоёни Санкт-Петербург бояд то 15-уми декабри имсол теъдоди кормандони худро ба талаботи нави муқарраршуда мутобиқ кунанд. Гуфта мешавад, ки ин маҳдудият бо мақсади мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ҷорӣ шудааст. “ Ба иттилои расмӣ, мамнуияти кор дар ин бахшҳо ба…

Тоҷикистон дар Рум чор лоиҳаро ба маблағи $42,8 млн дар бахши кишоварзӣ муаррифӣ кардааст

Тоҷикистон дар ҳамоиши “Даст ба даст”, ки рӯзҳои 13–16-уми октябр дар шаҳри Руми Италия дар доираи Ҳамоиши ҷаҳонии озуқаворӣ-2026 баргузор шуд, чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзиро ба маблағи умумии 42,8 млн доллар муаррифӣ кардааст. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, сармоягузорӣ барои амалисозии чор лоиҳаи зерин равона карда мешавад: 20 млн доллар барои барқарорсозии чарогоҳҳо. Дар ин самт беҳтар кардани роҳҳои дастрасӣ, рушди зерсохтори таъминоти об, ҷорӣ кардани усулҳои муосири…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 105

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду панҷуми ин романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 105 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Мақомот гуфтанд, навзодеро, ки аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гум шуда буд, пайдо кардаанд

Писари навзодеро, ки чанд рӯз пеш аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки ба номи таваллудхонаи №1 маъруф аст, гум шуда буд, “зиндаву саломат” пайдо карда, ба модараш супурдаанд. Дар ин бора Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД- пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки “кӯдак дар амон буда, дар паҳлӯи модараш қарор дорад”. “ Аммо ин намояндаи пулиси пойтахт мушаххас нагуфт, ки тифл аз куҷо ва дар чӣ шароит пайдо шудааст. Аз ин ниҳод ваъда…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 октябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар Душнбе сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” шуд ва он то 20-уми октбяр идома мекунад. Дар доираи ин ҷашнвора, ба тамошобинон филмҳои синамогарони кишвар пешкаш мегарданд. Имрӯз кадом филмҳо ва кай ба рӯйи парда гузошта мешаванд, дар тасвирбаёни мо бинед: Ҳамчунин дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Эрон давом дорад. Имрӯз соати 09:00 дар кинотеатри “Наврӯз” филми “Дар сипеҳри Эрон” намоиш дода мешавад. – Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон низ оғоз мешавад ва дар…

Раҳмат Назрӣ: “Рисолати шоир зебобин кардани хонанда аст!”

Раҳмат Назрӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми октябр, ба синни 75 қадам ниҳод. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз хурдсолӣ ба шеърнависӣ сар кардаааст ва баъдан риштаирӯзноманигорӣ хондааст.Солҳои зиёд дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дошт. “Азия-Плюс” дар рӯзи мавлудаш ба шоир занг зада, ӯро таҳният гуфт ва бо мавсуф мусоҳиба орост. Дар ин гуфтугӯ Раҳмат Назрӣ перомуни ташвиши ҷашнворааш, эҳсоси танҳоӣ пас аз…

Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”. Кадом филмҳо, кай ва дар куҷо намоиш дода мешаванд?

Аз имрӯз, 15-уми октябр сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар шаҳри Душанбе оғоз шуд ва он то 20-уми октбяр идома мекунад. Дар доираи ин ҷашнвора, ба тамошобинон филмҳои синамогарони кишвар пешкаш мегарданд. Давоми панҷ рӯз, 31 филми ҳунариву мустанад ва тасвирӣ дар доираи озмуни ин синамоҷашнвора дар толори синамо ё кинотеатри “Зебуннисо” ба намоиш гузошта мешавад. Даромад ба намоишҳо ройгон аст. Кадом филмҳо ва кай ба рӯйи парда гузошта мешавад, дар тасвирбаёни мо бинед: ‹ › Дар ҳошияи…

Нигаронии як гурӯҳ сокинон аз эҳтимоли тахриби хонаҳояшон. Ширкати хонасоз чӣ мегӯяд?

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаашон хонаҳояшон тибқи лоиҳаи шаҳрдорӣ сохта шудааст, аз хатари тахриб шудани хонаҳояшон нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, як ширкати сохтмонӣ ба эҳтимоли зиёд мехоҳад манзилҳои онҳоро тахриб ва дар ҷойи онҳо бинои истиқоматӣ бунёд кунад. Намояндагони ширкати “Бинокорони Ваҳдат”, ки ба гуфтаи шаҳрвандон, қарор аст дар минтақаи наздик ба онҳо корҳои сохтмонӣ кунад, мегӯяд, макони дақиқи сохтмон пас аз арзёбиҳои геологӣ ва хулосаи ташхиси давлатӣ маълум…

Боздошти ду мард бо гумони оташ задани хонаи як зан дар Хуҷанд

Пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду ҷавон хабар дод, ки ба қасдан оташ задани хонаи Наргиза Азиматова, сокини шаҳри Хуҷанд гумонбар мешаванд. Ин ниҳод дар гузорише аз гумонбарон Хуршед Камолҷонови 24-сола, сокини ноҳияи Ашт ва Отабек Сатторови 33-сола, сокини шаҳри Бохтар ном бурд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо бо Азиматова шиносоӣ дошта, Сатторов ҳамзисти ӯ ва Камолҷонов хеши ин зан будааст. Қаблан аз Раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар Суғд ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки ин сӯхтор шаби 16 ба 17-уми…

“Шикасти ташнагӣ ва офаридани қаҳрамони замони нав”. Гузориш аз нахустнамоиши силсилафилми “Гулшан”

Рӯзи 13-уми октябр нахустнамоиши силсилафилми “Гулшан”, ки коргоҳи синамоофарии “Довфилм” таҳия кардааст, бо ҳузури аҳли фарҳанг, синамогарон ва мухлисони синамо баргузор шуд. Ҳунарпешаҳое, ки дар силсилафилм нақш офаридаанд, аз он истиқбол карданд. Қаҳрамони асосии силсилафилм “Гулшан” аст, духтари деҳотӣ, ки мехоҳад қолабҳоро шиканад, ба пойтахт равад, таҳсил ва тақдирашро иваз кунад. Ӯ бо ҳамин мақсад ба Душанбе меояд ва бо сарнавишти аҷибе рӯ ба рӯ мешавад. Интизор меравад, ки то соли 2028…

Тоҷикистон муҳлати сабтиноми хориҷиёнро то 15 рӯз дароз мекунад

Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунеро қабул кардааст, ки тибқи он муҳлати сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баъди ворид шудан ба Тоҷикистон аз 10 то 15 рӯзи корӣ дароз мешавад. Яъне онҳо баъди ворид шудан ба Тоҷикистон 15 рӯз вақт доранд, ки худро дар қайд гузоранд. Ба навиштаи рӯзномаи порлумонии “Садои мардум”, ин масъала рӯзи 7-уми октябр дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда ва лоиҳаро Баҳодур Холиқзода, муовини вазири корҳои дохилӣ пешниҳод кардааст. Ин тағйир…

Покистон мехоҳад ба Тоҷикистон зиёдтар гӯшт фиристад

Покистон Тоҷикистонро ба қатори 14 бозори фаъоли содироти гӯшт шомил карда, ният дорад, ки интиқоли гӯшт ва маҳсулоти шириро ба кишвари мо густариш диҳад. Дар ин бора хабаргузории “Associated Press of Pakistan” бо истинод ба санади Вазорати савдои Покистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ба қатори бозорҳои фаъоли гӯшти Покистон, ба ҷуз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Афғонистон, Эрон, Малайзия, Миср, Урдун ва як қатор кишварҳои Халиҷи Форс шомиланд. Ин расона гуфтааст, ки мақомоти Покистон барои…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 103

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду сеюми ин романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 103 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ…

Парлумон Паймони СММ бар зидди ҷиноятҳои сайбериро ба тасвиб расонд. Он ба мақомот чӣ имкон медиҳад?

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон Паймон (Конвенсия)-и Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бар зидди ҷиноятҳои сайбериро тасдиқ кардаанд. Ин санад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо кишварҳои дигар дар мубориза бо ҷиноятҳои сайберӣ ҳамкорӣ ва далелҳои рақамӣ ва ё электрониро ба ҳам мубодила кунанд. Вакилони парлумон ин конвенсияро дар ҷаласаи рӯзи 1-уми октябр тасдиқ кардаанд ва матни онро рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи порлумонии кишвар, мунташир кардааст.…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 октябри соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 2006 – Зиёда аз 60 нигораи арзишманд аз Осорхонаи таърихии қалъаи Ҳисор рабуда шуданд. Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 роҳбари ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Соли 2020 – Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави истеҳсоли шоколади “Ҳаловат” ба фаъолият оғоз кард. ШАХСИЯТҲО Соли 1930 – Зодрӯзи Пӯлод Бобоҷонов, ахтаршинос ва физикдони шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика. Пӯлод Бобоҷонов аз ахтаршиносони маъруфи…

Харитаи сафари бераводид ба Эрон. Аз Душанбе то Теҳрон бо кадом масирҳои заминӣ метавон рафт?

Аз рӯзи 5-уми октябр шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид (виза) тавассути роҳҳои заминӣ ҳам ба кишвари якдигар сафар кунанд. Аммо ду кишвар ҳаммарз нестанд ва роҳи заминии Душанбе–Теҳрон аз кишвари сеюм мегузарад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, шаҳрвандони ҳарду кишвар бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд то 30 рӯз дар ҳар 90 рӯз ворид шаванд, хориҷ шаванд, аз қаламрав убур кунанд ё муваққатан бимонанд – чи бо ҳавопаймо, чи…

Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон муҳлати мораторий ё қатъи санҷиши соҳибкоронро барои ду соли дигар дароз кард. Акнун то 1-уми январи соли 2029 ҳеҷ ниҳоде ба истиснои мақомоти андоз ҳақ надорад, ки фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон санҷиш кунад. Раисҷумҳур ин хабарро имрӯз, 14-уми октябр, дар суҳбат бо сармоягузорону соҳибкорон ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки имрӯз таҷлил мешавад, дар “Кохи Ваҳдат”- Душанбе эълон кард. “ Ба навиштаи хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, ин қидом “барои…

Дар Рӯзҳои кинои Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва Қирғизистон дар Душанбе кадом филмҳоро нишон медиҳанд?

Дар ҳошияи сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”, ки аз 15 то 20-уми октябр дар Душанбе баргузор мегардад, Рӯзҳои синамои Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва Қирғизистон доир мешаванд. Ба тамошобинон филмҳои ҳунарӣ ва мустанади синамогарони ин кишварҳо пешкаш мегарданд. Ба иттилои “Тоҷикфилм”, Рӯзҳои синамои Эрон рӯзи 15-уми октябр, соати 17:00 дар Кохи Наврӯз оғоз мешавад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар доираи он се филми синамогарони эронӣ ба намоиш гузошта мешавад: “Қиморбоз” (Рӯзи 15-уми…

Вазорати нақлиёт гуфт, ки васеъсозии роҳ ва сохтмони “эстакада” дар хиёбони Саъдии Шерозӣ кай шуруъ мешавад

Бозсозиии роҳи мошингарди хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, як пули болои дарёи Душанбе ва сохтмони роҳи дусатҳа (эстакада)-и нав то охири сол оғоз мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар дода навишт, ки корҳои сохтмони ин иншоот бояд дар се сол ба анҷом расонида шавад. Ин ниҳод гуфтааст, ки дирӯз, 13-уми октябр барои иҷрои тарҳи мазкур, Вазорати нақлиёт бо ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, ширкати чинии “Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd” (HUCG) шартнома бастааст.…

Оғози ҳамоиши байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Душанбе. Аз ҳамоиш кӣ чӣ интизорӣ дорад?

Дирӯз, 13-уми октябр дар Душанбе ҳамоиши байнулмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” оғоз шуд. Дар он тибқи иттилои расмӣ, 2 ҳазор меҳмон аз 60 кишвар, аз ҷумла Эрону Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд ва дар чорабиниҳо ширкат мекунанд. Масъулин, ҳадафи баргузории ҳамоишро ҷалби бештари сайёҳон, сармоягузорӣ ва муаррифии фарҳангу мероси ниёкон арзёбӣ мекунанд. Маросим бо намоишгоҳи идонаи “Шукӯҳи Меҳргон” оғоз ёфт, ки дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ ва маҳсули дастони…

Рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иди тарбузу харбуза ва кадуву оши палав маълум шуд

Рӯзи 17-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар боғи мазкур чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур”, “Ҷашнвораи занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” доир мешаванд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, чорабинӣ соати 09:00 шуруъ мешавад ва дар он…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 102

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду дуввуми ин романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 102 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр хост

Михаил Галустян, ҳунарпешаи арманитабори Русия, ки сафараш дар охири моҳи сентябр ба Тоҷикистон боиси интиқоди тунди мардуми тоҷик шуд, бо гузашти ду ҳафта аз тоҷикистониён узр хост.Ӯро дар Тоҷикистон барои иҷрои нақши Равшан, ки навъе таҳқиркунандаи муҳоҷирони тоҷик дониста мешавад, интиқод мекунанд ва ҳатто даъват шуда буд, ки сафари ӯ ба шаҳри Душанбе лағв ва худаш мамнуъулвуруд эълом шавад.Навореро, ки дар он Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад, Олег Самсонов, роҳбари ширкати…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 октябри соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Ҳамасола 14-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Ин иди касбии соҳибкорон буда, хизматҳои онҳо дар рушди иқтисоди кишвар эътироф карда мешавад. Ин рӯз соли 2015 расман эълон шудааст. Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон бо мақсади эътирофи саҳми соҳибкорон дар рушд ва мустаҳкамсозии иқтисоди миллӣ, ҷалб ва дастгирии фаъолиятҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна, таблиғ ва омӯзиши дастовардҳо, тамоюлҳо ва мушкилоти соҳавӣ дар байни соҳибкорон таҷлил…

“Муросо кардем”. Роҳбар ва ҳунарпешаҳои Театри Бохтар гуфтанд, “ба баҳс поён додем”

Баъди расонаӣ шудани баҳс миёни роҳбарият ва ҳунарпешаҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳарду ҷониб гуфтанд, ки суҳбате доштанд ва ба созиш расидаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар театр бо иштироки сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор шуда, ҳама масоили баҳсӣ ҳалли худро пайдо кардаанд. Ин баҳс ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ зад ва боиси муҳокимаи ҷомеа шуд. “Фазои мусоиди эҷодӣ муҳим аст” Тибқи иттилое, ки масъулини Театри…

Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳринав чанд зерсохти маркази таълимии КҲФ-ро ифтитоҳ ва машқҳои муштараки СПАД-ро назорат кард

Имрӯз, 13-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав чанд бинои маркази таълимии КҲФ-ро ифтитоҳ ва дар намоиши тамрини махсуси “Скала-2026” ширкат кард. Ҳамчунин, дар доираи ин сафар, раисҷумҳур чанд иншооти дигари иҷтимоиву иқтисодиро дар ин ноҳия фосилавӣ ба истифода дод. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар навишт, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ифтитоҳи зерсохтҳои соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ба ин ноҳия рафтааст. Раисҷумҳур…

Вазорати энерҷӣ гуфт, ки чӣ гуна дар хонаҳои худ панелҳои офтобӣ насб кунем

Вазорати энержӣ ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Системавтоматика” ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Нурофар” тарҳҳои намунавии нерӯгоҳҳои офтобиро барои хонаҳои иқоматӣ таҳия кардааст. Ин тарҳҳо се гузинаи насби панелҳои офтобиро пешбинӣ мекунад: 5 кВт – барои насб дар боми хона;15 кВт – барои насб дар боми ҳамвори хона;15 кВт – барои насб дар қитъаи замини назди хона. Ба иттилои Вазорати энержӣ, тарҳҳои мазкур барои насби нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва талаботи лоиҳавию фаннии онҳо пешбинӣ шудаанд.…

“Қадами нигаронкунанда”. Тоҷикистон бо баромад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ чӣ ба даст меораду чӣ аз даст медиҳад?

Рӯзи 1-уми октябр Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарори қатъи амали Низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Статути Рум)-ро қабул кард. Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин қарор Тоҷикистонро фавран аз додгоҳ ҷудо намекунад ва барои ҳимояи аҳолии осоишта ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ҷиноятҳои вазнин оқибатҳои ҷиддӣ дошта метавонад. Матни расмии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар нашрияи порлумонии “Садои мардум” интишор шудааст. Мувофиқи он, Идибек…

Аз таваллудхонаи №1-и Душанбе як навзод гум шудааст

Шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соати як дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, ки бо номи таваллудхонаи №1 маъруф аст, як кӯдаки навзод бедарак шудааст. Дар ин бора бибии кӯдак ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи наздикони тифл, Мавзуна Акрамоваи 19-сола, сокини ноҳияи Нуробод, рӯзи 11-уми октябр тақрибан соати 10:00 фарзанди нахустини худро солим ба дунё овард, вале тақрибан соати 1-и шаб кӯдак бедарак шудааст. “ “Рӯзи таваллуд, хешовандон тақрибан то соати 16:00…