XIO

xWire

Posts from every feed QUEST has found across the web — blogs, news, podcasts, channels and more.

Азия-Плюс

Хабарҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ | Азия-Плюс

Аз Дирафши Ковиён то ливои Истиқлол. Таърихи 5000-солаи парчамдории тоҷикон

Таърихи парчами тоҷикон аз Коваи оҳангар оғоз ёфтааст. Асрҳо гузаштанд — парчами тоҷикон дар давраи Ҳахоманишиён, Сомониён, Аморати Бухоро ва Тоҷикистони Шӯравӣ шакл дигар кард, аммо рӯҳи озодихоҳӣ дар онҳо зинда монд. Имрӯз ин мероси панҷҳазорсола дар тоҷи заррин, ҳафт ситора ва се ранги парчами Тоҷикистони мустақил ҷилвагар аст. Тамошои навор: Оё медонистед, ки парчами тоҷикон 5000 сол таърих дорад? Ҳар ҳафта як нашр. Ва ҳар қиссаи хотирмону пурифтихорро “Азия-Плюс” дар доираи лоиҳаи…

Корхонаҳо аз коргарон қариб $1,5 млн қарздоранд. Қарздорӣ аз ҳама бештар дар соҳаи нақлиёт аст

Ҳаҷми қарз аз музди меҳнат ё маош дар Тоҷикистон то моҳи октябри соли 2026 ҳудуди 13,4 млн сомонӣ (қариб 1,5 млн доллар)-ро ташкил додааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон. Қисми асосии қарз, беш аз 7,8 млн сомонӣ ба бахши воқеии иқтисод рост омада, асосан дар соҳаҳои нақлиёт, саноати коркард ва кишоварзӣ ҷамъ шудааст. Дар моҳи сентябр, ин нишондиҳанда 190,9 ҳазор сомонӣ ё 2,4% коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ қариб 523 ҳазор…

Қариб 60 парчам. Намои майдонҳои парчам дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон

Танҳо дар шаш соли охир, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафарҳои худ ба шаҳру навоҳии кишвар беш аз 20 пояи парчам ифтитоҳ кард. Сохтмони баландтарин пояи парчам дар Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 2010 оғоз шуд. Як сол пеш аз ин, 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон шуд ва он ҳамасола таҷлил мешавад. Баъдан, Тоҷикистон бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва рекорди Озарбойҷонро – баландии сутуни парчами онҳо 162…

Дар Душанбе сӯхти дизелӣ арзон шуд, вале бензини навъи 92 камчин аст

Дар як ҳафтаи охир нархи миёнаи як литр сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе тақрибан 2 сомонӣ арзон шуда, аз 16,60 то 14,67 сомонӣ расид. Ҳамчунин, сӯзишворӣ (бензин)-и навъи “АИ-95” як сомонӣ арзон шуда, нархи як литри он ба 16 сомонӣ расид. Нархи як литр гази моеъ низ аз 7,10 то 7,03 сомонӣ коҳиш ёфт. Сӯзишвории “АИ-92”, ки миёни ронандагон бештар талабгор дорад, тақрибан ду ҳафта боз дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вуҷуд надорад. Дар нуқтаҳое, ки ин навъи…

Кумак ба тоҷирон ва рушди тиҷорат. Ҳадаф аз ифтитоҳи Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон дар Душанбе чист?

Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон имсол дар Душанбе дафтари намояндагӣ кушод, то кори тоҷирону соҳибкоронро дар ду кишвар осон кунад. Ба гуфтаи масъулони дафтари намояндагӣ, ҳадафи асосии утоқ то соли 2030 расонидани додугирифти молии ду кишвар ба ҳудуди 1 миллиард доллар аст. “Азия-Плюс” бо масъулини Дафтари Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон дар Душанбе, ки дар ошёнаи чоруми Маркази тиҷорати Бохтар (Vefa Center) ҷойгир аст, атрофи кор, хидматрасонӣ ва ҳадафи ин ниҳод…

“Дар рӯзи зодрӯзаш бедарак шуд”. Тафсилоти марги сарбозе, ки ҷасадашро аз наҳр пайдо карданд

Ҷасади Сангалӣ Раҳимов (Раҳмонзода), сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбониро, ки рӯзи 5-уми ноябр – рӯзи зодрӯзаш бедарак шуда буд, шоми 20-уми ноябр аз наҳр (канал)-и Деҳқонободи ноҳияи Ҳамадонӣ пайдо карда, ба хонаводааш супоридаанд. Як манбаи “Азия-Плюс” аз мақомоти давлатӣ ба шарти зикр нашудани номаш тафсилоти ин ҳодисаро гуфт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) онро тасдиқ кард. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Сангалӣ Раҳимов беш аз як сол дар қисми низомии 0307-и Нерӯҳои марзбонии Кумидати давлатии…

“Билет 1000 сомонӣ”. “Шоҳин Эйрлайнз” аз Душанбе ба Хоруғ ва баръакс парвоз роҳандозӣ кард

Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” (Shohin Airlines) дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазам роҳандозӣ карда, дирӯз, 23-юми ноябр, аввалин парвози худро дар ин масир анҷом додааст. Дар ин бора аз ин ширкат ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки парвоз аз Душанбе соати 09:05 ва аз шаҳри Хоруғ соати 11:20 сурат гирифта, ҳавопаймо соати 12:25 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Ба иттилои ин нищод, парвозҳо дар ин хатсайр тавассути ҳавопаймои “L410 NG” ба номи…

Дар Тоҷикистон таваллуд кам, аммо марг зиёд шудааст

Дар нуҳ моҳ (январ–сентябр)-и соли 2026 дар Тоҷикистон 175,8 ҳазор навзод ба дунё омадааст. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% кам мебошад: дар нуҳ моҳи соли 2025-ум 180 ҳазору 346 кӯдак таваллуд шуда буд. Дар ин бора Оҷонсии омор хабар дода, гуфтааст, ки дар ин давра, таваллуди тифлон дар ВМКБ 11,5%, вилояти Хатлон 4%, дар Душанбе 2,3% ва дар вилояти Суғд 1,9% коҳиш ёфтааст. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, дар сатҳи соли гузашта қарор гирифтааст. Дар нуҳ моҳ дар минтақаҳои…

Қарори бекор кардани пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ барои кирокашҳои Душанбе қабул шуд

Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ қарори бекор кардани пардохти 100 сомонӣ ва низоми саҳмиябандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути кирокашҳоро қабул кардааст. Аммо дақиқ нест, ки ин пул аз кай дигар ситонида намешавад. Тартиби пардохти 100 сомонӣ барои ҳар рӯз соли 2025 ҷорӣ шуд ва он сарфи назар аз кор кардан ё накардани кирокаш ситонида мешуд. Ба иттилои шаҳрдории пойтахт, қарори лағви ин пардохт, дирӯз, 23-юми ноябр, зимни…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 124

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту чоруми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 124 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Дар Душанбе Ҷашнвораи чаҳоруми филмҳои фаронсавӣ давом дорад. Имрӯз филми “Пешаи ҷиддӣ” (Un métier sérieux)-и коргардон Тома Лилти намоиш дода мешавад. Он дар бораи…

Қарзи хориҷӣ: Тоҷикистон назди кӣ ва чӣ қадар қарз дорад?

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2026 ба 2 млрд 983 млн доллар баробар шудааст. Тибқи иттилои Вазорати молия, таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ 14,1%-ро ташкил додааст. Дар муқоиса бо оғози сол қарзи хориҷӣ 24,9 млн доллар кам шудааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 Тоҷикистон 333,9 млн доллар қарз гирифтааст. Дар ин муддат барои пардохти қарзи асосӣ 374,9 млн доллар ва барои пардохти фоизҳо боз 59,2 млн доллар пардохт шудааст. Қарзҳо аз куҷо ҷалб ва ба чӣ…

Бузургдошти Сино ва Хайём дар ЮНЕСКО. Кадом ҳамоишҳо баргузор мешаванд?

Аз 23 то 27-уми ноябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Порис ба хотири бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ду нобиға, файласуф, донишманд ва шоири тоҷику эронӣ ҳамоишҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷь (ВКХ)-и Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки чорабиниҳо бо ширкати ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ сурат мегиранд.…

Тиҷорати онлайнии занонро мехоҳанд аз иқтисоди пинҳонӣ берун оранд

Барои заноне, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба тиҷорат машғуланд, пешниҳод шудааст, ки сабти ном, қабули пардохтҳо ва пардохти андоз дар як раванди рақамӣ, масалан, тавассути ҳамёни электронӣ муттаҳид карда шавад. Ин пешниҳодро намояндагони мақомоти давлатӣ, бонкҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорӣ дар Душанбе баррасӣ карданд. Мизи мудаввар бахшида ба рушди соҳибкории занон дар тиҷорати электронӣ 13-уми ноябри соли 2026 дар бинои Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Онро Кумитаи…

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон кам шудааст

Дар нуҳ моҳ (январ-сентбяр)-и соли равон дар Тоҷикистон расман 5 ҳазору 400 мавриди бекор кардани ақди никоҳ ё талоқ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14% (880 маврид) камтар аст. Он вақт 6 ҳазору 277 ақди никоҳ бекор шуда буд. Тибқи ҳисоботи Оҷонсии омор, болотарин сатҳи талоқ ба вилояти Суғд ва поёнтарини он ба ВМКБ сабт шудааст. Дар баробари ин, дар ин давра 50 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6% (1 ҳазору 847 маврид) камтар мебошад. Он…

Миёни 194 кишвар дар ҷойи 131-ум. Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии рушди ҳукумати электронии СММ

Дар раддабандии рушди ҳукумати электронӣ, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) моҳи ноябр нашр кард, Тоҷикистон дар миёни 194 кишвар, ҷойи 131-умро гирифтааст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар мақоми чорум қарор дорад. Дар ин феҳрист, Қазоқистон ҷойи 16-ум, Узбекистон 32-юм, Қирғизистон 83-юм ва Туркманистон 146-умро касб кардаанд. Шохиси мазкур, сифат ва дастрасии хидматҳои давлатии онлайнӣ, рушди мухобирот ва сатҳи маорифро ба назар гирифтааст. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 0,6675…

“Қиссаи Ширин” аз Рӯдакӣ то Ҳофиз. Дар сояи ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон филм сабт мешавад

Наворбардории филми “Қиссаи Ширин” аз оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент анҷом ёфт. Акнун, идомаи он дар Эрон сабт мешавад. Филмро “Довфилм” аз Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коргоҳҳои эронии “Итоксимо” ва “Ойфилм” месозад. Қаҳрамони филм Ширин, духтари ҳаштсолаи деҳаи Рӯдакӣ, ҳамроҳи бобояш Фаррух, ки як умр орзуи дидани Эронро дошт, ба сафар мебарояд. Нақши Ширинро хонандаи як мактаби Панҷакент бозӣ мекунад, ки аз миёни қариб 10 ҳазор духтар интихоб шудааст. Ду нақши марказии…

Тоҷикистону Эрон таъсиси гурӯҳи кории муштараки хатту забони форсиро баррасӣ кардаанд

Таъсиси гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи забону хатти форсӣ, роҳандозии Хонаи “Шоҳнома” ва ташкили коргурӯҳи вижа барои бузургдошти Рӯдакӣ, аз муҳимтарин мавзуъҳое будаанд, ки дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Ҳамид Пурмуҳаммадӣ, муовини раисҷумҳури Эрон ва раиси Созмони барномаву буҷаи ин кишвар баррасӣ шудаанд. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон, ин мулоқот рӯзи 21-уми ноябр дар Теҳрон сурат гирифта, дар он зарурати густариши ҳамкории фарҳангӣ, адабӣ ва…

Баъди нашри маводи “Азия-Плюс”, раиси ноҳияи Деваштич ба хонаи модари кӯдаки гумшуда рафт

Баъди нашри маводи “Азия-плюс” дар бораи бедаракшавии Алираҳмат Мирзозодаи 5-сола, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, рӯзи 21-уми ноябр ба аёдати модари ин кӯдак рафтааст. Алираҳмати хурдсол, ки сокини ҳамин ноҳия аст, субҳи 22-юми майи имсол аз манзили зисташон ғайб зада буд ва бо гузашти 6 моҳ то ҳол пайдо нашудааст. Модараш, ки ҳангоми дар беморхона буданаш аз гум шудани писараш огоҳ шудааст, ҳамоно мунтазири бозгашти ӯст. ‹ › Акс аз ҳукумати Деваштич пешниҳод шудааст. Акс аз ҳукумати…

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 123

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми яксаду бисту сеюми романи таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад. Тамошои навор: Қисми 123 | Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар | Бароти Абдураҳмон Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои…

Ваҳид Собирӣ, хонандаи маъруфи Афғонистон даргузашт. Ӯ дар Тоҷикистон ҳам фаъолиятҳои ҳунарӣ дошт

Ваҳид Собирӣ, овозхони шинохтаи афғонистонӣ рӯзи шанбе, 21-уми ноябр дар 65-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузашт. Ӯ дар Тоҷикистон ва миёни форсизабонон ҳам шинохти зиёд дошт ва фаъолиятҳои ҳунарие ҳам дар кишвари мо анҷом дода буд. Хабари марги ин сароянда аз ҷониби Неъматуллоҳ Раҳмонӣ, раиси Иттиҳодияи афғонистониҳои муқими Узбекистон, тасдиқ шуд. Ба гуфтаи ӯ, дӯстону шиносони марҳум субҳи рӯзи шанбе барои хабаргирӣ аз аҳволаш ба манзили ӯ рафтаанд, вале дар он ҷо бо пайкари беҷонаш рӯбарӯ…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Имрӯз дар Душанбе Ҷашнвораи чаҳоруми филмҳои фаронсавӣ оғоз мешавад. Дар доираи он тамошобинон имкон доранд се филми фаронсавии жанрҳои гуногунро тамошо кунанд.…

Аз татбиқи ҳуши маснӯӣ то мошини беронанда. Чин фановарии навро дар кадом бахшҳо ва чӣ тавр татбиқ мекунад?

Чанд соли охир, Чин бо истифода аз фановариҳои нав, аз ҷумла ҳушвора (ҳуши маснӯӣ), дар бахшҳои тандурустӣ, иқтисод, саноат ва ҳатто кишоварзӣ ба пешрафтҳои чашмрас ноил шудааст. Ҳоло дар ин кишвар, фанновариҳои нав дар киштукор, истеҳсолот, нақлиёт ва ҳатто ба ҳайси ёрдамчии ҳушманд барои табибон хидмат карда, кори одамонро осон мекунанд. Дар ин матлаб, атрофи истифодаи фанновариҳои нав дар бахшҳои муҳим, роҳи расидан ба ҳадафҳо ва таърихи муваффақияти Чин дар ин самт, маълумот медиҳем. Аз…

“Орзу дорам, духтарони афғонистонӣ ба озодӣ расанд”. Афғонистоние, ки дар озмуни “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон ғолиб шуд, кист?

Ҳилай Муҳаммадӣ, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, дар озмуни “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон миёни хориҷиён мақоми сеюмро соҳиб шуд. Ӯ аз Афғонистон аст ва дар кӯдакӣ бо хонаводааш ба Тоҷикистон омада, дар Душанбе мустақар шудаанд. “Азия-Плюс” бо ӯ атрофи озмуни “Донишҷӯи сол”, зиндагӣ дар Тоҷикистон, вазъи Афғонистон ва нақшаҳои ояндааш гуфтугӯ кард. Ҳилай мактаби “Сомониён”-ро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ин мактабест, ки дар он фарзандони афғонистониҳои муқими Тоҷикистон…

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 ноябри соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи Китобхона сурат мегирад. Он то 30-юми ноябр давом мекунад ва аз рӯйи 4 бахш байни 5 қишр ҷараён мегирад. – Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе дӯстдорони ҳунари театриро ба тамошои намоиши “Достони Рустам” даъват мекунад. Ин намоиш қиссаи ҳамосӣ дар бораи…

Ҷоиза ба 15 суруди беҳтарини 30 соли охир: Махсусиятҳои “Tarona Music Award-2026”

Имсол “Tarona Music Award” аз доираи як ҷоизаи маъмулии мусиқӣ берун хоҳад рафт. Ба муносибати 30-солагии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, маросими ҷоизасупорӣ ба таронаҳое бахшида мешавад, ки ба як ҷузъи таърихи мусиқии кишвар табдил ёфтаанд. Мо ҳамроҳ бо шунавандагон ва хонандагони “Азия-Плюс” 15 таронаи машҳуртарин ва хотирмонтарини се даҳсолаи охирро интихоб мекунем. 15 тарона. 15 ҷоиза. 30 соли таърихи мусиқӣ Соли 2026 “Tarona Music Award” дар шакли…

Боз як ҷавони 30-сола аз Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст

Ҷасади Шоҳрӯз Қурбонови 30-сола, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичро, ки дар ҷанги Русия бо Украина кушта шудааст, рӯзи 20-уми ноябр ба зодгоҳаш оварда ба хок супориданд. Дар ин бора Ҳаётулло Ғафуров, раиси деҳаи Басманда ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, Қурбонов чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекард. Аммо мегӯяд, маълум нест, ки ҷавон кай ва чӣ гуна ба ҷанг ҷалб шудааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ шаҳрвандии Русияро ҳам дошт ё не. “ “Шоҳрӯз фарзанди ягонаи оила буд. Падару модараш…

Дар нуҳ моҳ ба Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сайёҳ омадааст. Онҳо бештар аз куҷо меоянд?

Дар нуҳ моҳ (январ-сентябр)-и соли 2026 ба Тоҷикистон 1 миллиону 726 ҳазору 257 шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки 1 миллиону 551 ҳазору 200 каси онҳо сайёҳон (мувофиқи арзёбии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) мебошанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 13,6% ва 23% зиёдтар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омор Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ, шумораи сайёҳон нисбат ба шаҳрвандони хориҷии воридшуда, тезтар афзоиш ёфтааст. Ҷараёни асосӣ – аз кишварҳои ИДМ Аз теъдоди умумии ин…

Дастаи наврасони Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳонро бо пирӯзӣ оғоз кард

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон дар бозие, ки бо 8 гол поён ёфт, тими миллии навҷавонони Кубаро шикаст дод. Ин рақобат дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон дирӯз, 20-уми ноябр, сурат гирифта, бо ҳисоби 5:3 ба нафъи наврасони тоҷик хотима ёфт. Голҳои дастаи моро Комилҷон Шарипов, Парвиз Бобоназаров, Асадбек Махтумов (2 гол) ва Биҳиштӣ Раҷабзод заданд. Акс аз ФФТ Ин дидор дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд ва наврасони…

“Ман 15 сол интизор будам”. Қиссаи Шоҳрух Назаров — аз нишони аввал то орзуи қаҳрамони ҷаҳон шудан

Шоҳрух Назаров, ҷудокори ҷавони тоҷик дар як моҳи охир дар мусобиқаҳои калони байналмилалӣ ду нишон ба давт овард, ки яке аз онҳо нахустин дар Тоикистон аст. Ӯ дар Бозиҳои параосиёӣ дар Ҷопон нишони нуқраи таърихӣ гирифта, сипас дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳонӣ дар Тошканд низ медали нуқра гирифт. Пушти ин дастовардҳо, 15 соли машқу тамрин, дастгирии волидайн, ёрии муррабиву дӯстон ва аз ҳама муҳим, хислати инсоне ниҳон аст, ки ба паси сар кардани душвориҳо одат кардааст. То наздикӣ,…